Skip to main content

«ЧИН БАРОИ МО КИШВАРИ ДӮСТ, ҲАМСОЯИ НЕК ВА ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СТРАТЕГӢ БОҚӢ МЕМОНАД»

Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибати дипломатӣ, ба вижа дар риштаи фарҳанг, сиёсат, иқтисод, гуманитарӣ ва амсол аз инҳо бо кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи назаррас ба роҳ мондааст, ки ин худ баёнгари кишвари сулҳпарвар будани Тоҷикистон аст.

Махсусан бояд зикр намоем, ки ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Чин рӯз ба рӯз рӯ ба афзоиш аст, ки албатта, ин ба пешрафти ҳар ду кишвар заминаҳои амиқ мегузорад.
Воқеан, муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди ин ду кишвар имкон додааст, ки дӯстии ду кишвар ба марҳилаи баланди худ расидааст ва ҳамчунин дар баробари ҳамкориҳои иқтисодию сиёсӣ ҳамкориҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ густариш ёфтааст.

Натиҷаи чунин муносибатҳои олӣ буд, ки 11 майи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд. Пешвои миллат дар шаҳри Пекин бо Сарвазири Шурои давлатии Чин ҷаноби Ли Сян мулоқот намуданд ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Чин барои мо кишвари дӯст, ҳамсояи нек ва шарики боэътимоди стратегӣ боқӣ мемонад”. Аз ин гуфтаи Пешвои миллат метавон чунин бардошт кард, ки воқеан, робитаи дӯстӣ ва шарики стратегии Тоҷикистону Чин дар сатҳи қобили таваҷҷуҳ қарор дорад.

Ва бояд тазаккур дод, ки натиҷаи ҳамкориҳои судманд аст, ки муносибатҳои фарҳангӣ ва дӯстии байни Тоҷикистон ва Чин дар солҳои охир хеле густариш ёфтаанд. Яъне дар ростои пешрафти ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ҳамкориҳои соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм ва сайёҳӣ низ рушд кардааст.

Дар робита ба густариши муносибатҳои фарҳангӣ Тоҷикистону Чин мунтазам рӯзҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо, консертҳо ва фестивалҳо баргузор мекунанд. Ҳунармандони ҳар ду кишвар дар шаҳрҳои ҳамдигар барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод мекунанд.

Ҳамзамон дар Тоҷикистон имрӯзҳо марказҳои омӯзиши забони чинӣ фаъолият мекунанд, аз ҷумла Confucius Institute, ки барои омӯзиши забон ва фарҳанги чинӣ таъсис шудааст. Ҳамчунин, донишҷӯёни тоҷик тавассути бурсияҳо дар донишгоҳҳои Чин таҳсил мекунанд.

Донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ду кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ доранд. Табодули таҷриба дар бахшҳои технология, энергетика ва тиб низ афзоиш ёфтааст. Бо беҳтар шудани роҳҳо ва равобити дипломатӣ, шумораи сайёҳон байни ду кишвар зиёд шудааст.

Дӯстии байни ду кишвар бар пояи эҳтироми мутақобил, ҳамкории иқтисодӣ ва табодули фарҳангӣ рушд кардаасту ояндаи дурахшон дорад. Ин муносибатҳо барои ҳар ду кишвар аҳамияти стратегӣ дошта ва интизор меравад дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар гарданд.

Ҳамкориҳо ва муносибатҳои ду кишвар ишора бар ин мекунанд, ки муносибатҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маорифии байни Тоҷикистон ва Чин дар оянда боз ҳам амиқтар мешаванд. Хусусан соҳаҳои таҳсилоти олӣ, технология ва табодули фарҳангӣ самтҳои асосии рушд ҳисобида мешаванд.

Зоҳири САЙФУЛЛО,
Садаф ҶАНГИБЕКОВА

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121