ҶАВОНОН – ОЯНДАСОЗОНИ ВАТАН
Дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир масъалаи нақш ва мақоми ҷавонон дар рушди давлат ва ҷомеа аҳаммияти махсус касб намудааст. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва қишри фаъоли ҷомеа дар ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва таъмини рушди устувори кишвар нақши муҳим мебозанд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Чуноне, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи сеюми моҳи май ҳамчун Ҳафтаи ҷавонон таҷлил мегардад, ин иқдом бозгӯи таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумат нисбат ба ҷавонон мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки: «Ҷавонон ояндаи миллатанд ва мо ба онҳо дар созандагии Ватан боварии комил дорем». Ин суханон ифодагари он мебошанд, ки ҷавонон ҳамчун идомадиҳандаи роҳи давлатсозӣ ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ масъулияти бузургро бар дӯш доранд.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифат, худшиносӣ ва ватандӯстии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Зеро таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ояндаи ҳар як миллат пеш аз ҳама ба сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷавонони он вобаста мебошад. Агар ҷавонон соҳиби дониш, тафаккури муосир ва ҳисси баланди миллӣ бошанд, ҷомеа метавонад ба пешрафти устувор ноил гардад.
Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ мешаванд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»,таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозии барномаҳои давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва рушди ҷавонон далели равшани ин сиёсати ҳадафманд мебошад.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз илм ва маориф оғоз намуда то иқтисод, варзиш, сиёсат ва технологияҳои муосир фаъолияти назаррас доранд. Иштироки фаъоли ҷавонон дар озмунҳои байналмилалӣ, дастовардҳои илмӣ, пирӯзиҳои варзишӣ ва саҳми онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ нишон медиҳанд, ки насли ҷавони кишвар дорои иқтидори бузурги зеҳнӣ ва эҷодӣ мебошад.
Бо вуҷуди ин, ҷавонони имрӯз бо як қатор таҳдиду чолишҳои замони муосир низ рӯ ба рӯ мебошанд. Ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, густариши ҷангҳои иттилоотӣ, идеологияҳои ифротгароӣ ва таъсири фарҳангҳои бегона метавонанд ба шуур ва ҷаҳонбинии ҷавонон таъсири манфӣ расонанд. Дар чунин шароит масъалаи тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиву маънавӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон бояд дорои ҳисси баланди миллӣ, донишҳои замонавӣ ва ҷаҳонбинии васеъ бошанд. Зеро танҳо ҷавонони соҳибмаърифат метавонанд манфиатҳои миллиро ҳимоя намуда, барои пешрафти давлат саҳмгузор бошанд. Аз ин рӯ, имрӯз вазифаи муҳимми ҷомеа ва оила, ин тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки ҷавонон дар таҳкими суботи сиёсӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ низ нақши калидӣ доранд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар минтақаи аз лиҳози геополитикӣ ҳассос қарор дошта, ба неруи ҷавонони худ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ такя мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
Дар баробари ин, рушди технологияҳои рақамӣ ва иқтисоди муосир аз ҷавонон талаб менамояд, ки пайваста дониш ва малакаҳои худро такмил диҳанд. Ҷаҳони имрӯз рақобати зеҳнӣ ва технологиро тақозо мекунад ва танҳо миллатҳое муваффақ мешаванд, ки дорои ҷавонони соҳибилм ва навовар бошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ ва рушди тафаккури инноватсионӣ барои ҷавонон аҳаммияти ниҳоят муҳим дорад.
Дар хулоса ҳаминро метавон қайд намуд, ки ҷавонон воқеан ояндасози Ватан мебошанд. Пешрафт ва ояндаи Тоҷикистон аз сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти созандаи ҷавонон вобастагии мустақим дорад. Давлату Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда истодааст ва ҷавобан ҷавонон низ бояд бо ҳисси баланди масъулият, донишандӯзӣ ва меҳнати содиқона дар рушду пешрафти Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузоранд. Танҳо дар ҳамин сурат Тоҷикистон метавонад ҳамчун давлати пешрафта, соҳибистиқлол ва устувор мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳким бахшад.
Бедилзода Ҳ – мудири шуъбаи масоили сиёсии
муносибатҳои байналмилаӣ ИФС ба номи А. Баҳовиддинови АМИТ
