АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМИИ ДОКТОРАНТОН АЗ РӮИ ИХТИСОС (PhD) ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ
Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии рушди илм ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, ки таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба масъалаи омодасозии муҳаққиқони ҷавон ва мутахассисони сатҳи баланд таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар ин замина, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аттестатсияи хатмии докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) баргузор гардид. Мақсади асосии аттестатсияи хатмӣ арзёбии натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии докторантон, муайян намудани сатҳи омодагии онҳо барои анҷом ва дифои рисолаҳои илмӣ, инчунин мутобиқати корҳои анҷомдодашуда ба талаботи муқарраргардидаи соҳа буд.
Зимни баргузории аттестатсия докторантон натиҷаҳои таҳқиқоти илмии худро муаррифӣ намуда, доир ба корҳои анҷомёфта, навгониҳои илмӣ, аҳамияти назариявӣ ва амалии таҳқиқот, инчунин сатҳи омодагии рисолаҳои худ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Ҳайати комиссияи аттестатсионӣ фаъолияти илмии ҳар як довталабро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба сатҳи таҳқиқот, нашри мақолаҳои илмӣ, иштирок дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин риояи талаботи методологӣ баҳои воқеӣ дод.
Аз рӯи натиҷаҳои аттестатсияи хатмӣ қайд гардид, ки аксари докторантон барномаҳои таълимӣ ва илмии худро бомуваффақият иҷро намуда, барои анҷом ва пешниҳоди рисолаҳои илмӣ ба ҳимоя омодагии зарурӣ доранд. Ҳамзамон, аз ҷониби комиссия ба баъзе докторантон ҷиҳати такмили бахшҳои алоҳидаи рисолаҳо, таҳкими асосҳои назариявӣ ва густариши натиҷаҳои илмӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.
Баргузории аттестатсияи хатмӣ қадами муҳим дар роҳи омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси илмӣ буда, барои таҳкими неруи илмии кишвар, рушди мактабҳои илмӣ ва баланд бардоштани нуфузи илм дар ҷомеа мусоидат менамояд. Инчунин, чунин чорабиниҳо барои таъмини сифати таҳқиқоти илмӣ ва омода намудани насли нави олимони ҷавон заминаи мусоид фароҳам меоранд
