Skip to main content
Мақолаҳо

ПАЙДОИШ ВА ТАҲАВВУЛИ НАВРӮЗ ДАР ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ОРИЁНАЖОД

 Маълум аст, ки санадҳои таърихи бостон дар мавриди ҷашну маросими қавму миллатҳои гуногун баҳсбарангезанд, зеро далелҳо мухталифанд ва гоҳо бо воқеиятҳои таърихӣ мутобиқат намекунанд. Лекин суннати меросӣ далелу шоҳиди қатъитар барои исботи вуҷуди ҷашну маросими муайян ва таҷлили онҳо дар асрҳои пеш аз мелод аст.  

Табрикот

Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз

Ҳамватанони азиз!

Сокинони фарҳангдӯсти пойтахт!

Дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик менамоям.

Наврӯз бузургтарин ва куҳантарин ойини ниёгони соҳибфарҳанги мо буда, дар давоми беш аз шаш ҳазор сол ҳамчун рамзи оғози сол, айёми баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат ҷашн гирифта мешавад.

Навид

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҷазои 897 шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд, тибқи рӯйхати замимагардида бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 20 марти соли 2025

№1009

Табрикот

Паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 20.03.2025

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.

Орзумандам, ки рӯзу рӯзгоратон аз файзу баракати ин ҷашни зебои табиат ҳамеша пур аз шодиву нишот бошад.

Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон ва оғози соли нави аҷдодӣ аст, ки ба пешвози фарорасии он табиат ва тамоми мавҷудоти олам эҳё мешавад ва дар ҷону руҳи инсонҳо умед ба зиндагӣ ва дӯст доштани он дигарбора зинда мегардад.

Мақолаҳо

НАВРӮЗ - ОҲАНГИ ЗИНДАГИИ ТОЗА ДАР ТАБИАТ

Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои бостонии мардуми форсизабон ва миллатҳои эронинажод аст, ки аз қаъри асрҳо то ба замони мо расидааст. Доир ба Наврӯз, таърихи зуҳури он, вақту замони таҳлили ин ҷашн донишмандону шоирони шаҳири гузаштаи форсизабон - Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Низомулмулк, Абулқосим Фирдвасӣ, ва дигарон асарҳо таълиф кардаанд.

Мақолаҳо

Навруз как социальное явление: социологический анализ традиции и ее роли в современном обществе

Навруз — один из древнейших праздников человечества, отмечаемый народами Центральной Азии, Ближнего Востока, Кавказа и других регионов. С социологической точки зрения, он представляет собой не просто культурную традицию, а важный социальный институт, регулирующий общественные отношения, способствующий укреплению социальной солидарности и поддержанию коллективной идентичности. Его ритуалы и обряды не только символизируют смену сезона, но и играют важную роль в формировании ценностных ориентиров, передаче культурного наследия и сплочении различных социальных групп.

Мақолаҳо

УЧЕНИЕ ФАРАБИ О СИЛЛОГИЗМАХ И ЕГО ЗНАЧЕНИЕ В СОВРЕМЕННОЙ ЛОГИКЕ

Аннотация. В третьем тысячелетие человечество  сделал невероятный шаг вперед в будущее, однако, несмотря на высокие достижения  в сфере науки и цифровых технологий научное сообщество все более глубже изучает учения выдающихся ученых как запада так и востока.

3123123