АМНИЯТИ МАФКУРАВӢ ВА НАҚШИ МАЪРИФАТИ СИЁСӢ ДАР МУҚОВИМАТ БА ТАҲДИДҲОИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Дар шароити муосир, сарфи назар аз пешрафтҳои бесобиқаи илму техника, рақамикунонии ҷомеа ва густариши воситаҳои муосири иртиботӣ, мушкилоти мафкуравӣ ҳамоно яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳассоси рушди ҷомеаҳои муосир боқӣ мемонад.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки субот ва пешрафти ҳар як давлат на танҳо аз иқтидори иқтисодӣ ё низомии он, балки аз сатҳи худшиносӣ, маърифат, фарҳанги сиёсӣ ва устувории мафкуравии шаҳрвандонаш вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, масъалаи таҳкими амнияти маънавию мафкуравӣ имрӯз ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо табдил ёфтааст.
Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем, мушоҳида менамоем, ки дар тӯли асрҳо фарзандони барӯманду донишманди миллат барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ талошҳои бузург анҷом додаанд. Осори гаронбаҳои мутафаккирон ва донишмандони тоҷик, аз ҷумла осори Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯлқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар шахсиятҳои барҷаста гувоҳи он аст, ки масъалаи тарбияи маънавӣ, таҳкими ахлоқ, донишандӯзӣ ва худшиносӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи онҳо қарор дошт. Маҳз чунин мероси пурғановати фарҳангӣ метавонад ҳамчун сипари боэътимод дар муқобили таҳдидҳои мафкуравии замони муосир хизмат намояд.
Таҳлили воқеиятҳои сиёсӣ ва амниятии ҷаҳони имрӯз нишон медиҳад, ки яке аз омилҳои асосии пайдоиш ва густариши низоъҳои мазҳабӣ, ихтилофҳои сиёсӣ, зуҳури ҳаракатҳои ифротгароиву террористӣ ва ноором гардидани вазъи амниятӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон маҳз заъфи маърифати сиёсӣ ва мафкуравии қисми муайяни ҷомеа мебошад. Гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ бо истифода аз бесаводии сиёсӣ, паст будани сатҳи маърифати динӣ ва иҷтимоӣ, инчунин мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ҷавононро ба доми ғояҳои ифротӣ ҷалб намуда, онҳоро ба воситаи татбиқи ҳадафҳои ғаразноки худ табдил медиҳанд. Таҷрибаи солҳои охир дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки маҳз мубориза барои тасарруфи афкор ва шуури инсонҳо ба яке аз самтҳои асосии рақобати сиёсӣ ва геополитикӣ мубаддал гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири чунин равандҳо дар канор буда наметавонад. Мавқеи геополитикии кишвар, ҳаммарзӣ бо минтақаҳои дорои вазъи ноустувори сиёсӣ ва густариши босуръати фазои иттилоотии ҷаҳонӣ зарурати таҳкими муқовимати мафкуравиро боз ҳам бештар менамояд. Дар чунин шароит вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа аз баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, пеш аз ҳама ҷавонон, иборат мебошад.
Ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа бояд дорои ҷаҳонбинии муосир, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бошанд. Танҳо дар сурати доштани маърифати баланди сиёсӣ ва фарҳанги устувори шаҳрвандӣ онҳо метавонанд моҳияти воқеии равандҳои сиёсиро дуруст дарк намуда, аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва ғаразнок эмин бимонанд. Аз ин рӯ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аҳамияти махсус касб мекунад.
Дар баробари ин, ҳифзи фазои иттилоотии кишвар аз таъсири ғояҳои ифротӣ ва таблиғоти харобиовар яке аз шартҳои муҳими таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҷангҳои иттилоотӣ ба яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани саводи расонаӣ, рушди тафаккури интиқодӣ ва қобилияти таҳлили иттилоот барои шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Бинобар ин, дар шароити муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими амнияти миллӣ, ҳифзи якпорчагии ҳудудӣ ва нигоҳдории фазои сулҳу суботи ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Таҷрибаи таърихии рушди давлатҳо нишон медиҳад, ки сулҳ ва субот арзишҳое мебошанд, ки ба осонӣ ба даст намеоянд ва нигоҳдории онҳо аз ҳар як фарди ҷомеа ҳисси баланди масъулият, худшиносии миллӣ ва фарҳанги сиёсиро талаб менамояд.
Дар ин замина, пайравӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди устувори давлат равона гардидааст, аҳамияти махсус дорад. Маҳз ба шарофати татбиқи сиёсати сулҳофарона ва хирадмандонаи роҳбарияти давлат Тоҷикистон тавонист аз марҳилаи мураккаби низои шаҳрвандӣ гузашта, ба роҳи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қадам гузорад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст аз он иборат аст, ки дар амал татбиқ намудани ин арзишҳои бузургро дастгирӣ намуда, барои таҳкими онҳо саҳми худро гузорад.
Пеш аз ҳама, зарур аст, ки андешаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди нодир ва сарнавиштсози халқи тоҷик дар сатҳи ҷомеа ҳамаҷониба тарғиб ва таҳким дода шавад. Сулҳ ва ваҳдати миллӣ на танҳо натиҷаи созиши сиёсӣ, балки ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамзистии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин арзиш бояд ҳамчун унсури муҳими худшиносии миллӣ, пояи фарҳанги сиёсӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ ба наслҳои ҷавон омӯзонида шавад. Дар ин самт неруи зеҳнӣ, дониш ва имкониятҳои ҷавонон метавонанд барои густариши фарҳанги сулҳ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа нақши муассир бозанд.
Ҳамзамон, барои нигоҳ доштани фазои солими сиёсиву маънавии ҷомеа зарур аст, ки ҳамкории мақомот, муассисаҳои таълимӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оилаҳо, махсусан дар самти тарбияи ҷавонон, тақвият дода шавад. Ҷавонон ҳамчун қишри фаъол ва неруи пешбарандаи ҷомеа бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ тарбия карда шаванд. Баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон метавонад онҳоро аз таъсири ғояҳои ифротгароёна ва таблиғоти харобиовар эмин нигоҳ дорад.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши фазои рақамӣ масъалаи истифодаи дуруст ва оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Аз як ҷониб, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди ҷаҳонбинӣ ва густариши робитаҳои иттилоотӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд. Аз ҷониби дигар, онҳо метавонанд ҳамчун воситаи паҳн намудани ғояҳои ифротгароӣ, маълумоти бардурӯғ, таблиғоти сиёсӣ ва таъсиррасонии манфӣ ба шуури ҷавонон истифода шаванд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ҳангоми истифодаи иттилооти интернетӣ ба дониш, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури интиқодии худ такя намуда, ҳар гуна маълумотро бо эҳтиёт ва таҳлил қабул намоянд.
Тарбияи фарҳанги истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рушди саводи расонаӣ ва қобилияти таҳлили интиқодии иттилоот яке аз роҳҳои муҳимтарини муқовимат ба таҳдидҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Дар ин самт нақши оила, омӯзгорон, зиёиён ва намояндагони ҷомеа ниҳоят муҳим аст. Машварат бо калонсолон, истифода аз таҷрибаи наслҳои пешин ва эҳтиром ба арзишҳои анъанавии ҷомеа метавонад ҷавононро аз хатогиҳои ҷиддӣ ва таъсири гурӯҳҳои манфиатҷӯ эмин нигоҳ дорад.
Ҷиҳати муҳими дигари таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ эҳтиром ва пос доштани забон ва фарҳанги миллӣ мебошад. Забон на танҳо воситаи муошират, балки муҳимтарин унсури ҳувияти миллӣ, воситаи нигоҳдории хотираи таърихӣ ва пояи асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи таърихии халқҳо нишон медиҳад, ки миллате, ки забон ва фарҳанги худро ҳифз менамояд, метавонад ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти маънавии худро низ нигоҳ дорад. Аз ин рӯ, ҳифзи забони давлатӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои маънавии халқ яке аз шартҳои муҳимтарини таҳкими худшиносии миллӣ ва амнияти фарҳангии ҷомеа мебошад.
Дар маҷмуъ, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи умумимиллӣ ба шумор меравад. Танҳо дар сурати муттаҳидии ҷомеа, худшиносии баланди миллӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ метавон истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои наслҳои оянда ҳифз ва таҳким бахшид.
Бедилзода Ҳ.- мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилаӣ ИФС ба номи А.Баҳовиддинови АМИТ
