Skip to main content

ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДОИР ГАРДИД.

Имрӯз, 24 феврали 2026, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Эҳёи худшиносӣ ва худогоҳии ҷомеаи муосири тоҷик» баргузор гардид.

Семинарро директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуда, таъкид намуданд, ки худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ барои рушди устувор, таҳкими маънавиёт ва пешрафти ҷомеа нақши асосӣ доранд ва ҳар як фарди ҷомеа бояд дар таҳкими ин арзишҳо саҳмгузор бошад. Дар суханронии ифтитоҳӣ ҳамчунин аҳамияти тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, сулҳпарварӣ ва башардӯстӣ махсус таъкид гардид.

Дар кори семинар доктори илмҳои фалсафа, профессор Шамолов А.А. дар мавзӯи «Андешаҳо оид ба мушкилоти худшиносии миллӣ» баромад намуда, масъалаҳои асосии худшиносии миллӣ, нақши он дар ташаккули ҷомеаи муосир ва омилҳои таъсиргузорро бо далелҳои илмӣ ва таҳлили муфассал баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Усманова З.М., сарходими илмии шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқ, дар мавзуи «Самосознание таджикских женщин в период независимости: социально-культурный аспект» баромад намуда паҳлуҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии худогоҳии занони тоҷик дар давраи соҳибистиқлолӣ таҳлил намуданд.

Семинар на танҳо майдони мубодилаи назарҳои илмӣ ва таҳлили масъалаҳои назариявӣ буд, балки заминаи мусоид барои тақвияти маънавиёт, ташаккули худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ фароҳам овард. Ин чорабинӣ заминаи хубе барои рушди фалсафа ва сиёсатшиносӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар анҷоми семинар иштирокчиён андешаҳо ва пешниҳодҳои худро оид ба рушди худшиносӣ, тақвияти маънавиёт ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар муҳити муосир иброз намуданд. Мубодилаи фаъолонаи афкор дар сатҳи илмӣ ва амалӣ заминаи мусоид барои таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ, такмили донишҳои фалсафавӣ ва сиёсатшиносӣ ва ташаккули рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ дар байни иштирокчиён фароҳам овард.

Чорабинӣ бо рӯҳияи созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ хотима ёфт ва барои таҳкими худогоҳии миллӣ ва пешрафти ҷомеаи тоҷик заминаи устувор хоҳад гузошт.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123