Skip to main content

ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ МИЗИ МУДАВВАРИ ИЛМӢ ДОИР ГАРДИД!

Имрӯз 3 ноябри соли 2026 бо ташаббуси шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ дар мавзуи «Нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ» мизи мудаввари илмӣ баргузор гардид.

Чорабиниро директори институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуда, оид ба ҷойгоҳ ва аҳаммияти Конститутсия дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди ҷомеаи демократӣ андешаронӣ намуданд.

Дар идомаи мизи мудаввар олимону муҳаққиқон ва кормандони институт вобаста ба масъалаҳои «Конститутсия ва низоми дунявият дар эъмори давлатдории миллӣ», «Аз Истиқлолият то рушди устувор: нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ», «Истиқлолият ва Конститутсия», инчунин нақши арзишҳои конститутсионӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ маърузаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Зимни муҳокимаҳо таъкид гардид, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ на танҳо заминаи ҳуқуқии фаъолияти давлат ва ҷомеа, балки таҷассумгари ормонҳои миллӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва омили муҳими суботу устувории давлатдорӣ мебошад.

Дар маҷмуъ, баргузории мизи мудаввар барои таҳлили масъалаҳои мубрами давлатдории миллӣ, табодули афкори илмӣ ва таҳкими маърифати конститутсионӣ мусоидат намуд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121