Skip to main content

ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД!

Имрӯз 27 октябри соли 2026, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимони Институт баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Шурои олимони Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои асосии мавриди баррасӣ қарордошта шинос кард.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, нашри осори илмӣ, инчунин ташкилу баргузории чорабиниҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, масъалаи муҳокима ва тасдиқи мавзӯъҳои рисолаҳои магистрантон, унвонҷӯён, докторантони анъанавӣ ва докторантони PhD, инчунин таъйини роҳбарони илмии онҳо баррасӣ гардид. Зимни муҳокима ба аҳаммияти интихоби мавзӯъҳои мубрам, муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқот ва таъмини роҳнамоии босифати илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ҳамзамон, масъалаи нашри монографияҳо, дастурҳои таълимӣ ва дигар маводи илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина, зарурати тақвияти фаъолияти нашриявӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва омода намудани осоре, ки ба рушди донишҳои илмӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа мусоидат менамоянд, таъкид гардид.

Дар идомаи ҷаласа масъалаи баргузории конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ дар шуъбаҳои Институт баррасӣ шуда, доир ба аҳаммияти ташкили мунтазами чорабиниҳои илмӣ, мубодилаи афкор миёни муҳаққиқон ва муҳокимаи натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомёфта андешаҳо баён карда шуданд. Таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо дар густариши ҳамкориҳои илмӣ, таҳкими муҳити пажуҳишӣ ва муаррифии дастовардҳои олимон нақши муҳим доранд.

Инчунин, масъалаҳои марбут ба фаъолияти илмӣ ва ташкилии Институт мавриди муҳокима қарор гирифта, вобаста ба беҳтар намудани раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳкими интизоми иҷро ва таъмини самаранокии фаъолияти сохторҳои дахлдор пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.

Дар анҷоми ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, аз рӯйи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Ба масъулони сохторҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии қарорҳои қабулшуда супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Ҷаласаи навбатии Шурои олимони Институт дар самти ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, тақвияти омодасозии кадрҳои илмӣ ва рушди корҳои илмӣ-ташкилӣ қадами муҳим арзёбӣ мегардад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121