Skip to main content

БОЗДИДИ ҲАЙАТИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

Имрӯз, 17 феврали соли 2026, ба ифтихори ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати роҳбарият ва кормандони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо иштироки Директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ба Осорхонаи миллӣ боздиди фарҳангӣ-илмӣ анҷом доданд.

Ҳадафи асосии ин ташриф тақвияти худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни куҳани халқи тоҷик арзёбӣ мегардад. Меҳмононро роҳбарият ва масъулини осорхона самимона истиқбол намуда, барои онҳо сайри муфассали осорхонавӣ ташкил карданд.

Зимни боздид ҳайати институт аз толорҳои шуъбаи табиат дидан намуда, бо дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо шинос гардиданд. Маводи намоишӣ ва экспозитсияҳои илмӣ бори дигар собит намуданд, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли масоили обу иқлим мавқеи шоиста дорад.

Дар идома меҳмонон аз толорҳои шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна боздид ба амал оварда, бо ёдгориҳои нодири таърихӣ-фарҳангӣ ва бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ шинос шуданд. Осори намоишдодашуда бозгӯи тамаддуни ғанӣ, давлатдории куҳан ва фарҳанги волои ниёгони тоҷик буда, дар таҳкими ифтихори миллӣ нақши муассир доранд.

Боздид инчунин аз толори “Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” анҷом ёфт, ки дар он нишонаҳои эҳтирому эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба сиёсати созанда ва сулҳпарваронаи роҳбарияти давлат инъикос ёфтааст.

Дар анҷоми чорабинӣ Директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод таъкид намуданд, ки чунин боздидҳои маърифатӣ барои таҳкими тафаккури фалсафӣ, рушди шуури сиёсӣ ва боло бурдани масъулияти шаҳрвандӣ аҳаммияти муҳим доранд.

Ҳайати Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо таассуроти амиқ, эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва масъулияти бештар дар назди таъриху фарҳанги миллат боздиди худро анҷом дода, изҳор доштанд, ки ҳифз ва омӯзиши мероси гаронбаҳои ниёгон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123