Skip to main content
Эълон!

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ!

оид ба баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «фалсафа ва замони муосир»

Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 20 ноябри соли 2026 бахшида ба Рӯзи байналмилалии фалсафа конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Фалсафа ва замони муосир» баргузор мегардад.

Навид

РӮНАМОИИ КИТОБИ ДАРСИИ “САРВАРШИНОСӢ” ДАР АСОСИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯз, 13 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани соли 2026 “Соли вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҳфил китоби дарсии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва Қаландарзода Кароматуллоҳ Қаландар бо номи “Сарваршниосӣ” дар асоси мактаби давлатдории Пешвои миллат рӯнамоӣ гардид.

Навид

ПАЙРАВИ АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КАФИЛИ СУБОТУ ПЕШРАФТ!

Дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи бошукӯҳи маърифатию фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинии муҳими сиёсию илмӣ ҳайати роҳбарият, олимону кормандони илмӣ ва магистрони институт фаъолона ширкат варзиданд.

Мақсади асосии аксия арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди илму маорифи кишвар мебошад.

Мақолаҳо

СОЦИОЛОГИЯ В ВЕК ТЕХНОЛОГИЙ: ПОЧЕМУ НАУКА ОБ ОБЩЕСТВЕ СТАНОВИТСЯ КЛЮЧЕВОЙ НАУКОЙ СОВРЕМЕННОСТИ (к Дню социолога – 14 ноября)

Ежегодно 14 ноября социологи России и ряда стран постсоветского пространства отмечают свой неофициальный профессиональный праздник – День социолога. Идея этого праздника была выдвинута в 1994 году деканом социологического факультета Санкт-Петербургского государственного университета А.О. Бороноевым, а сама дата отсылает к 14 ноября 1901 года, когда в Париже была открыта Русская высшая школа общественных наук, при которой действовал один из первых в мире социологических факультетов.
Навид

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БА НАШР РАСИД!

Бо мақсади гиромидошти мероси гаронбаҳои илмӣ ва фалсафии мутафаккири бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва ба муносибати 20-солагии таъсисёбии Маркази синошиносии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ маҷмуаи маводи конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино» ба нашр расид.

Маҷмуа натиҷаи ҳамоиши илмӣ-амалӣ буда, дар он маърӯза ва таҳқиқоти олимону муҳаққиқони ватанӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни мероси илмӣ, фалсафӣ ва маънавии Абӯалӣ ибни Сино гирд оварда шудаанд.

Навид

Оғози сафари корӣ дар Федератсияи Русия 10.11.2026

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок менамоянд.

Мақолаҳо

16 НОЯБР - РАМЗИ ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН

Барои мардуми тоҷик санаи 16 ноябр дорои аҳаммияти хоссаи таърихӣ ва сиёсӣ буда, ин аҳаммиятро метавон дар заминаи чанд омили асосӣ шарҳ дод.

Аввалан, маҳз 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии давраи пасошӯравӣ ва ташаккулёбии низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ самти минбаъдаи рушди давлатдории Тоҷикистонро муайян намуд.

23121