АҲАМИЯТИ ОЛАМШУМУЛИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ «ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА»
Имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз 100 низоъи мусаллаҳонаи фаъол бо шиддати гуногун, аз ҷумла низоъҳои байнидавлатӣ, ҷангҳои шаҳрвандӣ ва амалиётҳои бузургҳаҷм, вуҷуд доранд, ки аз замони анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ инҷониб рекордӣ аст. Тибқи Барномаи маълумоти низоъҳои Донишгоҳи Уппсала ва маълумоти тадқиқотӣ, шумораи умумии низоъҳои мусаллаҳона аз панҷоҳ адад зиёд аст ва бо назардошти ҳодисаҳои хурдтар, ин рақам ба беш аз сад мерасад [7]. Низоъҳои бузургҳаҷми муосир (ҷанг дар Ховари Миёна, низоъи мусаллаҳона дар Украина, ҷангҳои шаҳрвандӣ дар Судон, Ҷумҳурии Демократии Конго, Сомалӣ ва ғ.), ки минтақаҳои гуногуни сайёраро фаро мегиранд, муҳимтарин онҳо мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити кунунӣ зарурати сулҳро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун шарти асосии зиндагӣ, кафили бақои башарият ва пойдевори ягонаи рушди устувор дарк намуда, 24 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда-и СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад. Ин пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ироа ёфта, бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқ буда, хусусияти ояндабинӣ ва стратегӣ дошта, ба хотири фардои босуботи ҷаҳон нигаронда шудааст [5].
Чаро ин ибтикор ҳамчун ташаббуси глобалӣ ва стратегӣ арзёбӣ мегардад?
Аввалтар аз ҳама, аҳамияти оламшумули ин ташаббус дар он аст, ки дар натиҷаи қабул ва амалӣ гардидани он башарият аз нобудшавӣ наҷот хоҳад ёфт, аз ҷанги ҳастаӣ ва истифодаи силоҳҳои қатли ом пешгирӣ мешавад, хароҷотҳои ҳарбӣ кам карда мешавад ва триллионҳо доллар барои хариди силоҳ сарф карда нахоҳад шуд ва давлатҳо метавонанд ин маблағҳоро барои рушди устувор, нест кардани гуруснагӣ ва бемориҳо, таҳкими амнияти дастҷамъӣ, фароҳам овардани заминаҳои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона кунанд. Ин ташаббус истифодаи дурусти захираҳоро таъмин хоҳад кард, яъне ба ҷойи хариди силоҳ, барои сохтани мактабҳо, беморхонаҳо ва рушди илм сарф мешаванд. Давлатҳо ин маблағҳоро метавонанд ба хотири рушди бизнес ва инноватсия, тиҷорат, технологияҳои нав ва ҷойҳои корӣ истифода намоянд. Ин иқдом ба хотири таъмини амнияти ҷаҳонӣ, пешгирии низоъҳо ва эҷоди фазои орому босубот барои фардои инсоният равона гардидааст.
Сониян, ин ташаббус бо Ҳадафи 16-уми рушди устувори СММ (Сулҳ, адолат ва ниҳодҳои қавӣ) пайванд буда, комилан мувофиқат мекунад [2]. Инсоният бе ҳамраъйӣ ва ҳамбастагию сулҳ наметавонад зиндагии шоистаи хешро таъмин кунад ва ба ҳадафҳои олию созанда расад. Сулҳ талоши ҷовидона баҳри адолат ва саодат аст. Танҳо дар фазои сулҳ давлатҳо метавонанд муштаракан бар зидди фақру камбизоатӣ, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва норасоии оби тоза мубориза баранд. Халқи ҷаҳон ба сулҳ ниёз дорад ва дар партави ин зарурат соли 1981 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии сулҳро муқаррар намуд, ки он аз 21 сентябри соли 2001 ҳамасола таҷлил карда мешавад.
Саввум, ин ташаббус ҳамкории глобалиро тақозо мекунад. Дар ҷаҳони муосир, ки ҳамаи кишварҳо бо ҳам сахт алоқаманданд, ягон давлат наметавонад дар танҳоӣ ва берун аз амнияти глобалӣ пеш равад. Дар амри иҷрои он созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукуматҳо барои таҳкими амнияти дастҷамъӣ бояд сафарбар карда шаванд. Созмони Милали Муттаҳид мақоми марказӣ ва кафили асосии ҳуқуқии таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ дар ҷаҳон аст. Тибқи моддаи 1-и Оинномаи худ, ҳадафи аввалиндараҷаи созмон нигоҳ доштани сулҳу субот ва пешгирии ҷангҳо мебошад [3]. Нерӯҳои посдори сулҳи СММ ба минтақаҳои даргир фиристода мешаванд, то оташбасро назорат кунанд, мардуми осоиштаро ҳифз намоянд ва барои музокироти сиёсӣ фазои амн эҷод кунанд.
Чорум, ин ташаббус ба пешгирии низоъҳо, ҳалли амну осоиштаи баҳсҳои байналмилалӣ тавассути муколамаи дипломатӣ ва созанда мусоидат мекунад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки вазъияти сиёсии ҷаҳонро таҳлил карда, низоъҳоро ҳанӯз пеш аз оғоз ёфтани ҷанг, тавассути миёнаравӣ ва фиристодани намояндагони махсус бартараф намоем, чунки сар задани низоъҳо боиси оворагии миллионҳо инсон, бехонумон шудани онон ва вайроншавии ҳуқуқҳои аввалиндараҷаи онҳо мегардад. Танҳо дар шароити сулҳ қонун ва адолат ҳукмфармо буда, ҷомеаи одилона эҷод мегардад ва ниҳодҳои шаҳрвандӣ рушд мекунанд. Бе сулҳ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вартаи бетартибӣ, қашшоқӣ ва таназзул дучор мешавад. Маҳз бинобар ин, ташаббуси Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» барои имрӯзу ояндаи тамоми сайёра ҳаётан муҳим мебошад.
Панҷум, ин ташаббус ба мубориза бо таҳдидҳои муосир нигаронида шудааст. Дар шароити шиддат гирифтани геополитика, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, маводи ҳастаӣ, ҷинояткории фаромарзӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон, ҷаҳони муосир беш аз ҳарвақта ба ҳамкорӣ, муттаҳидии кулли давлатҳои ҷаҳон ва иқдомҳои сулҳхоҳона ниёз дорад. Сулҳ на танҳо як ҳолати муваққатӣ, балки раванде аст, ки онро бояд тавассути саъю кӯшиши муштарак ҳифз ва таҳким бахшид.
Шашум, ин ташаббус ба хотири наслҳои оянда сурат мегирад, яъне муҳим будани тарбияи ҷавонон, парвариши наслҳои нав дар рӯҳияи ваҳдат, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашариро таъкид мекунад. Он заминаи таҳсилот ва тарбияи сулҳпарварона, маърифати баланди наслҳои наврасро дар партави хирад, ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ мусоид месозад. Сулҳ ба наслҳои оянда кафолати ҳаёти бехатар, заминаи рушди устувор ва имконияти зиндагии арзандаву босуботро медиҳад. Он пойдевори асосии ҳастии башарият буда, бе он ҳеҷ як пешрафти иҷтимоӣ ё иқтисодӣ имконпазир нест. Сулҳ барои наслҳои оянда на танҳо як мафҳум, балки кафили асосии зиндагии шоиста ва мероси ободест, ки ояндаи дурахшони онҳоро таъмин месозад.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ ва ҳалли ихтилофоти дохилӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва СММ эътироф шудааст. Ин ташаббуси глобалӣ ва стратегӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудааст, нуфузи дипломатии кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло бурда, ҳамчун ташаббуси наҷотбахши башарият эътироф шудааст. Пешниҳоди Пешвои миллат амали саривақтӣ буда, қабули он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қарзи инсонист, зеро дар ҳақиқат насли оянда ба сулҳ ниёз дорад, то зиндагии озоду осоишта дошта бошад ва дар он ормонҳои инсонии хешро амалӣ гардонад.
Аз ин рӯ пешниҳод мегардад, ки ин ташаббус дар сатҳи глобалӣ бо таваҷҷуҳ ба механизмҳои ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон (Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, комитетҳо ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи инсон) пурзӯр гардонида шавад [4]. Дар паҳн гардонидани ин ташаббус аз тариқи созмонҳои махсусгардонидашудаи СММ мисли ЮНЕСКО [6], ЮНИФЕМ, ЮНИСЕФ, ЮНИДО ва диг. кор гирифтан ба мақсад мувофиқ аст. Дар сатҳи минтақавӣ ин ташаббус аз тариқи созмонҳои ИДМ, СҲШ, САҲА ва диг. паҳн карда шавад. Дар сатҳи миллӣ ин талаботи меъёри конститутсионӣ буда, дар моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ менамояд» ва «ташвиқоти ҷанг манъ аст» [1]. Аз ин рӯ, тариқи ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани ташаббуси Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ба мақсад мувофиқ аст.
САИДУМАР РАҶАБОВ, мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии
Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Адабиёт:
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри с.1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. 26 сентябри с.1999, 22 июни с.2003 ва 22 майи с.2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд). - Душанбе, 2016. - 126 саҳ. (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ).
2. Преобразование нашего мира: Повестка дня в области устойчивого развития на период до 2030 года. Резолюция A/RES/70/1, принятая Генеральной Ассамблеей 25 сентября 2015 года // [Захираи электронӣ]. Тартиби дастрасӣ: https://documents-dds-ny.un.org/doc/UNDOC/GEN/ N15/291/92/PDF/N1529192.pdf?OpenElement (Санаи руҷуъ 17.06.2026)
3. Устав Организации Объединенных Наций был подписан 26 июня 1945 года и вступил в силу 24 октября 1945 года // [Захираи электронӣ] https://www.un.org/ru/about-us/un-charter/full-text(Санаи руҷуъ 17.06.2026)
4. Права человека и Повестка дня в области устойчивого развития до 2030 года // [Захираи электронӣ]. Тартиби дастрасӣ: http:// www.ohchr.org/RU/Issues/MDG/Pages/The2030Agenda.aspx(Санаи руҷуъ 17.06.2026)
5. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, № 392 тасдиқ шудааст // [Захираи электронӣ]. Тартиби дастрасӣ: https://www.gst.tj/images/docs/2020-2030/2030-точ.pdf (Санаи руҷуъ 17.06.2026)
6. ЮНЕСКО и Цели устойчивого развития // [Захираи электронӣ] unhqsdg_ru.jpg (Санаи руҷуъ 17.06.2026)
7. UCDP Dataset Download Center [Electronic resource].URL: https://ucdp.uu.se/downloads/ (Санаи руҷуъ 17.06.2026)
