Skip to main content

АБУАЛӢ СИНО: МАҚОМ ВА АФКОРИ ИҶТИМОИЮ СИЁСӢ

Бояд гуфт, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё намудани мероси ниёгон хеле баланду боло арзёбӣ мегардад. Албатта ҳамаи ин натиҷаи файзбори истиқлолӣ давлатӣ ва фаъолнокии мардуми Тоҷикистони азиз ба шумор меравад. Истиқболи зодрӯзи Абӯалӣ Сино низ яке аз иқдомҳои неки Президенти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, дар умқи он боз таъсиси Ҷоизаи Сино низ дар арсаи байналмилалӣ як такони илмию фарҳангиеро ба миён овард, ки боиси ифтихори тамоми тоҷикони дунёст. Ба андешаи мо, таъсиси Ҷоизаи Сино да Тоҷикистон, ин натанҳо таъиси дастоварди илмӣ тоҷик , балки масъалаи аз нав зинда кардани хотираи таърихии мардуми тоҷик ва таҳкими давлатдории миллист.

123Мавриди қайд аст, ки фаъолияти Абуалӣ Сино ҳамчун нобиғаи асрҳо, равшангари ақлҳо, файласуф, шоир ва табиби мумтоз то имрӯз олами илмро бо кушодани розҳои ниҳонии олами инсонӣ дар ҳайрат гузоштааст. Донишу заковати ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аксари илмҳои замонашро фаро гирифтааст. Хусусан, дар соҳаи фалсафа, тиб, мантиқ, равоншиносӣ, математика, физика, маъданшиносӣ (минерология), зоология ва ғайраҳо.

Ҳамчунин, ӯ ба сифати шоир, мусиқишинос, муаллим ва ходиму донишманди соҳаи давлатдорӣ корҳои зиёдеро ба анчом расонидааст. Ин аст, ки ҳар қадаре, фосилаи асрҳо аз якдигар дур мегарданд, ҳамон қадар донишу бузургиаш рушану возеҳтар шуда, кашфиётҳои илмию пешниҳодҳои тиббиаш дар ҷомеа мавқеи худро муайян менамоянд. Аз ин рӯ,

ҳиссаи бебаҳои ин мутафаккирро дар соҳаҳои гуногуни илм ба назар гирифта, ҷомеаи ҷаҳонӣ чандин маротиба барои поси хотир ва арзиши баланду хизматҳои ӯ дар инкишофи илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ Симпозиуму дигар чорабиниҳои умумибашарӣ баргузор намудааст.

Соли 1980 ба ифтихори ҳазорсолагии ин пири хирад мардуми мутамаддини дунё ҷашни бошукуҳеро таҷлил намудаанд, ки дар ин ҷашнвора донишмандону табибони шинохта оид ба кашфу дарёфти асрору муаммоҳои нав ба нави осору андешаҳои Сино аз нав ибрози назар карданд.

Соли 2020 низ намояндагони илму фарҳанги дунё 1040 - солагии зодрӯзи Абуалӣ Синоро истиқбол гирифтанд, ки барои тоҷикони тамоми дунё шараф, иқбол ва бузугтарин кохи ёдгорист. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону донишмандон ва умуман мардуми Тоҷикистон ин ҷашнҳои пуршукӯҳ ва мавлуди ӯро бо тантанаю омодагиҳои вижа пешвоз мегиранд.

Умуман, оид ба осору афкори Сино олимону файласуфони зиёде навҷӯиҳои назариявию амалӣ намуданд. Аз ҷумла, хизматҳои бузурги академикон А.М. Баҳовадинов, М. Осимӣ М.Д. Диноршоев, файласуфон М.Н. Болтаев, У. Султонов, Ф. Сироҷов ва дигарон хеле назаррас мебошад.

Осори тарҷума ва таълифнамудаи кормандони Марказ ба таври намуна тахминан 15 ҷилд ба тоҷикӣ ва 10 ҷилд бо забони русӣ чоп шудааст, ки ин хизмати беназири онҳо ба ҳисоб меравад.

Ибни Сино дар баробари дигар илмҳо ба илмҳои сиёсӣ низ таваҷҷуҳи зиёд доштааст. Нобиғаи бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино мавзуи илмҳоро ба таври худ ба ду қисм тақсим намудааст. Якум, мавзуе, ки марбути инсон аст, монанди рафтору кирдор ва ғ. Дувум, мавзуе, ки қоим ба ғайри инсон баҳс мекунад ва ҳикмати амалист. Чунки дар ҷомеа, аз ҷумла сиёсат ва ахлоқ чӣ гуна вазифа доштани инсонро муайян мекунанд. Ӯ илмҳои замонашро ҳаматарафа таҳлил намуда, ба ғайр аз шаклҳои назариявӣ ва амалӣ онҳоро боз ба равияҳои гуногун тақсим менамояд.

Сино сиёсатро чун навъи санъат меҳисобад. Сиёсат ва муносибатҳои сиёсӣ – ҷавлонгоҳи на танҳо ақл, балки маҳорат низ ҳаст ва ба он бояд чун навъи санъати олӣ муносибат намуд. Ӯ менависад, ки «Нахустин сиёсате, ки сазовор аст, инсон бо он оғоз кунад, ҳамоно сиёсати нафси худи ӯст. Яъне, аввал, бояд дар ислоҳи нафси худ бикӯшад, сиёсату тадбирашро дар он кору кӯшиш ба кор бурда, хештанро солеҳу неку бинамояд. Чи нафси одамӣ наздиктарину муҳтарамтарини чеҳраҳост нисбат ба ӯ ва дар миёни онҳо ба инояту таваҷҷуҳ сазовортар ва шоистатар аст. Ва агар касе аз уҳдаи сиёсати неку ва ислоҳи нафси худ барояд, он гоҳ боке бар вай нест, ки ба болотар аз он иқдом карда, ба сиёсати билод бипардозад. Яъне, касе, ки худро ислоҳ карда бошад, метавонад ба сиёсату тадбири умури мардум иштиғол варзад».

Бинобар ин маснади сиёсии давлатро, аз назари Сино, бояд подшоҳ ё султон сарварӣ намояд. «Дар тадбири умур ва ҳусни сиёсат сазовортарин мардум ба тафаккур подшоҳону шаҳриёронанд, ки Худо ононро зимомдори умури бандагони худ намуда ва барои танзими билод дорои тасаллут ва қудрат намудааст».

Арзишмандтарин сарчашмаи омӯзиши масъалаи тарбия дар эҷодиёти Ибни Сино «Тадбири манзил» мебошад, ки дар он шакл, воситаҳои тарбия ва усулҳои таъсиррасонии педагогӣ ба насли наврас баррасӣ шудаанд. Дар ин рисола Ибни Сино доир ба роҳу усулҳои тарбия ва таълими насли наврас андеша ронда, муҳиммияти таҳзиби иҷтимоӣ, табиати ҷамъиятии онро қайд менамояд, яъне чун ҷонибдори таҳсилоти муштараки тифлон дар мадраса баромад мекунад. Талабаи яккаву танҳо ва аз ҷомеа барканор, ҳамчунин устоди танҳо ба костагии рӯҳии таълимгиранда ва таълимдиҳанда оварда мерасонад”.

Сабаби ба табақаҳои иҷтимоӣ тақсимшавии ҷомеа ва сабаби мавҷудияти нобаробарии иҷтимоиро Ибни Сино ба хусусияти табиати инсон вобаста мекунад. Тибқи андешаи Ибни Сино, нобаробарии иҷтимоӣ умури азалии илоҳист, ки мувофиқи он мардум ҳам аз ҷиҳати вазъи молию иҷтимоӣ ва ҳам аз ҷиҳати тарзи тафаккур ва ҳуш гуногун офарида шудаанд.

Тасовии аҳвол ва набудани «тафовути аҳвол», аз байн бурдани ҳама гуна марз байни табақаи ҷомеа ба таназзул меорад ва охируламр сабаби вайроншавӣ ва нобудшавии насли инсонӣ мегардад. «Хирадмандон медонанд, ки агар ҳамаи мардум подшоҳу шаҳриёр бишаванд, ҳамагӣ аз байн мераванд. Ва агар ҳамаашон ранҷбару коргар ва тобею раият бишаванд, подшоҳу султоне дар байн набошад, ҷумлагӣ фонӣ ва ҳалок мешаванд. Ҳамчунон ки агар ҳамагӣ дар тавонгарӣ ва сарват мусовӣ ва баробар бо якдигар бишаванд, касе барои касе кор намекунад ва атову муованати дӯст аз дӯст мунқатеъ мегардад. Ва агар ҳамагӣ фақиру муҳтоҷ бошанд, аз фақру фалокат ва бечорагӣ ҷон месупоранд. Пас, тафовути аҳвол ва ихтилофи иқдор сабаби бақои зиндагии одамизодагон мебошад».

Дар ақидаҳои иҷтимоию сиёсии худ Ибни Сино ҷонибдори ҷомеаи идеалӣ (олӣ) буд, ки ҳокими мутлақи он шахси донишманд ва ҳақиқатҷӯй бошад. Салтанати мутлақро ӯ беҳтарин шакли давлатдорӣ меҳисобид. Ибни Сино ҳам монанди Арасту одамро ҳамчун махлуқи ҷомеа нишон медиҳад. Ба ақидаи ӯ, шароити мавҷудияти одамон дар ҷамъият ҳамкории онҳо мебошад. Барои чунин ҳамкорӣ ба кулли аъзоёни ҷамъият қонуни ягонаи оқилона ва адлия лозим аст. Ҳамаи аъзоёни ҷомеа бояд ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шаванд.

Ба ақидаи Ибни Сино, дар ҷомеае, ки барои аъзоёнаш қонун вуҷуд дорад, бояд беадолатӣ вуҷуд надошта бошад. Ин ғояҳои пешқадами иҷтимоию сиёсии Ибни Сино ба ҷаҳонбинии иҷтимоию сиёсии бисёр олимону шоирони классики тоҷику форс таъсир расонидаанд.

Хулоса, дар низоми фалсафии Ибни Сино масъалаи ахлоқ, сиёсат ва равоншиносӣ бо масъалаи мақом ва рисолати инсон дар ин олам мутобиқат мекунад, яъне инсон чун масъалаи меҳварӣ, мавзӯи асосии тамоми фалсафаи амалӣ арзёбӣ мегардад.Андешаҳои иҷтимоӣ-сиёсии Ибни Сино моҳиятан идомаи мустақими назарияҳои фалсафӣ, табиатшиносӣ ва ахлоқии ӯ буда, ҳолати воқеии ҷомеаро инъикос мекунанд. Ҷомеае, ки Ибни Сино ба он майлу рағбат дошт, таҷассумгари навъи давлате буд, ки ба адолат асос ёфта («Мадинаи одила»), ба тазод ва мушкилоти замона нигоҳ накарда, манфиати табақаҳои гуногуни ҷомеаро ба инобат мегирифт. Бори дигар тамми мардуме, ки ба Синои бузурги мо эътиқоди самимӣ

дорад ба ин рӯзи фирӯз табрику таҳният мегуям. Абуалӣ Сино оинаи рӯзгори илму маърифати мардуми тоҷик, такягоҳи андешаҳои бузурги озодию истиқлол ва адолати иҷтимоии тоҷикони ҷаҳон аст, ки ҳамеша ифтихор дорем.

Муҳаммад А.Н. - узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121