wrapper

  Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати  ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ба сифати яке аз иштирокчиёни вохўрӣ бо олимони кишвар, ки 18 марти соли 2020  доир гардид,  суханони зерини Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Э.Раҳмон ба ман таъсирбахш буд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ, вусъати рақобатҳои геополитикӣ, авҷгирии зуҳуроти хатарноки ифротгароиву терроризм ва дигар мушкилоти глобалӣ таҳқиқи ҳамаҷонибаи афкори фалсафию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқиву маънавӣ талаби замон буда, омӯзиши фарҳанги моддиву ғайримоддии миллат бояд самти афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бошад».
  Воқеан ҳам дуруст қайд гардид, ки яке аз омилҳо дар таъмини амнияти фард, ҷамъият ва давлат дар шароити ҷаҳонишавӣ — ин мубориза бо терроризм, экстремизм ва умуман ҷинояткорӣ мебошад. Дар санадҳои Шӯрои амнияти СММ таъкид меравад, ки байни терроризми байналмилалӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа, шустушӯи маблағҳои пулӣ, интиқоли ғайриқонунии маводи ҳастаӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва соири маводи марговар робитаи зич мавҷуд аст ва аз давлатҳои аъзо тақозо мегардад, ки барои беҳбудӣ бахшидан ба мубориза алайҳи онҳо бояд ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии иқдомҳоро дар сатҳи миллӣ, субминтақавӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монанд.
Дар ин самт, пешниҳодҳои арзишманди Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, қочоқи маводи мухаддир ва умуман ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.
  Барои амалӣ намудани ин сиёсат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ як зумра санадҳои ҳуқуқӣ қабул намуд. Аз ҷумла, 16 ноябри соли 1999 Парлумони Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва 8 декабри соли 2003 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»-ро қабул кард. Бар замми ин барномаи махсус таҳия ва «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм» қабул гардид. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои дорои характери террористӣ ва экстремистиро эълон намуд ва фаъолияти онҳоро дар Тоҷикистон манъ кард. Ғайр аз ин, ба таври умум «Консепсияи ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013 тасдиқ шудааст ва ба таври марҳилавӣ амалӣ мегардад. Соли 2020 бо супориши Ҳукумат Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо терроризм» дар таҳрири нав омода мегардад.
  Дар сатҳи минтақавӣ ва субминтақавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз аъзои ИДМ вориди Шартнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза алайҳи терроризм аз 4 июни с.1999 гардид ва Қарор дар бораи таъсиси Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои ИДМ-ро аз 21 июни соли 2000 ба тасвиб расонд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Муоҳидаи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 15 июни с. 2001 ва  Созишнома дар бораи таъсиси Маркази минтақавии зиддитеррористии СҲШ  аз 7 июни с. 2002, ки механизми муассир дар татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои пешбинӣ намудаи ин муоҳида мебошад, ба тасвиб расонд.
  Дар сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шартномаҳо ва санадҳое, ки фаъолияти террористиро дар арсаи байналмиллалӣ манъ месозад, эътироф ва ба имзо расонида, барои дар амал татбиқ намудани онҳо чораҳои катъӣ меандешад. Илова бар ин, бо дарки муҳимияти мубориза бо ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон Муоҳидаи СММ алайҳи  ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва протоколҳои онро аз 15 ноябри с.2000  ба тасвиб расонд (Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз 29 майи с. 2002) ва ба Муоҳида дар бораи пешгирӣ намудан аз ҷинояти генотсид ва ҷазо додан барои он аз 9 декабри с.1948 шомил гардид (Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз 29 апрели с. 2015).
  Дар роҳи ҳалли мусолиматомези масоили глобалӣ омӯзиши мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати тоҷик ҳамчун самти афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ЮНЕСКО  ба  муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик дар даврони истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳамчун намуна ба чанде аз онҳо метавон ишора кард: пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид (с.2002); “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд (с. 2003); Ҷашни Наврӯз ба феҳристи фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ворид гашт (30 сентябри с.2009) ва дар иҷлосияи 64-уми  Маҷмаи умумии СММ мақоми байналмилалӣ гирифт (Санади A/64/L.30/Rev.2 аз 23 феврали с. 2010); шаҳри қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд (c.2010), ки имсол 5500-солагии он дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта хоҳад шуд.
  Як қатор меросҳои  моддиву ғайримоддии миллати тоҷик ба монанди “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир”(с. 2013 ба феҳристи Мероси табиии умумиҷаҳонӣ шомил гардид); ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 400-солагии Миробид Сайидои Насафӣ ва диг. ба феҳристи ҷашнҳое ворид гаштанд, ки бо санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии ЮНЕСКО дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардиданд.
 Дар Ватани азизи мо Тоҷикистон дар радифи иди Наврўз ҷашнҳои қадимии халқи тоҷик Меҳргон ва Сада низ эҳё гардида, дар саросари кишвар таҷлил мегарданд, ки фалсафаи сулҳофари онҳо  халқи моро ба сўи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу муттафиқӣ, ободкориву созандагӣ ва меҳру муҳаббат савқ медиҳанд ва ҷавонони тоҷикро аз ѓояҳои ифротгароӣ ва террористӣ дур нигоҳ медоранд.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи ҳуқуқи байналмилалӣ тавонист заминаи густурдаи ҳуқуқию шартномавӣ ва робитаҳои хориҷии худро бо давлатҳо ва созмонҳои  байналмилалӣ, минтақавӣ ва субминтақавӣ ба миён оварад ва тавсеа бахшад, ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатии хеш дар шароити ҷаҳонишавӣ чораҳои муассир бар зидди ифротгароӣ ва терроризм амалӣ  намояд.
  Дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар, мо, кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов саҳми хешро дар таҳиқи ин зуҳуроти хатарнок бояд фаъолтар намоем.
 
Саидумар Раҷабов
 
 доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/