wrapper

  Ҳайати кормандони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъи муассиса   суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар, ки  18 марти соли 2020 дар ш. Душанбе баргузор гашт,  мавриди  таҳлил ва муҳокима қарор доданд. Нуктаҳои гуногуни ин суханронии Пешвои миллат  аз ҷониби директори муассиса  Назар Муъмин Абдуҷалол  ва муовини Директор оид ба илм ва таълими  институт Ҳайдаров Рустам, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи муассиса  Буризода Эмомалӣ баррасӣ гардиданд. Доктори илмҳои фалсафа  Ҳайдаров Р. қайд карданд, ки дар мулоқоти баргузоршуда Сарвари давлат андешаҳои пурарзиши худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти  институтҳои Академияи миллии илмҳо, сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ, баён карданд.
  Президенти мамлакат ба олимони  ватан изҳори бовар карданд, ки онҳо дар оянда низ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар роҳи рушди илму маориф қадамҳои устувор гузошта, нерӯи худро ба пешрафти боз ҳам бештари ин соҳаҳо равона месозанд.
 Ҳамчунин профессор Буризода Эмомалӣ иброз доштанд,ки  зиёиён табақаи пешқадами ҳар як ҷомеа буда, бо кору фаъолият ва ҷидду ҷаҳди онҳо пешравиҳои илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ сурат мегирад. Нақши зиёиён дар рушди ҷомеаи тоҷикон низ хеле муассир ба назар мерасад. Ин аксиома аз ҷониби Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо садо дода, дар назди ҳар як зиёии миллат вазифаҳои пурмасъулиятро мегузорад.
 Махсусан дар вохурии  тақдирсози Пешвои миллат  аз 18 марти соли 2020 дар муайян намудани ҷойгоҳи зиёиён, илм ва муассисаи ҷавҳарии илмии кишвар – Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар академияҳои соҳавӣ андешаҳои Пешвои миллат хеле воқеъбинона, самимӣ ва бо далелҳо пешниҳод гардида, таѓйироти муҳимро дар тафаккури онҳое, ки ба илм сарукор доранд, ворид намуд.
  Роҳбари муассиса Назар М.А. дар фарҷоми ҷаласа изҳор доштанд,ки ходимони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон   аз суханронии Пешвои миллат  рӯҳбаланд гардида,  бо   эҳсоси баланди ватандорӣ баҳри  ноил шудан ба ҳадафҳое ,ки  аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар назди аҳли зиё ва олимон гузошта шуданд, сафарбар мегарданд.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/