wrapper

 Зиёиён табақаи пешқадами ҳар як ҷомеа буда, бо кору фаъолият ва ҷидду ҷаҳди онҳо пешравиҳои илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ сурат мегирад. Нақши зиёиён дар рушди ҷомеаи тоҷикон низ хеле муассир ба назар мерасад. Ин аксиома аз ҷониби Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо садо дода, дар назди ҳар як зиёии миллат вазифаҳои пурмасъулиятро мегузорад.
Махсусан дар вохурии  тақдирсози Пешвои миллат  аз 18 марти соли 2020 дар муайян намудани ҷойгоҳи зиёиён, илм ва муассисаи ҷавҳарии илмии кишвар – Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар академияҳои соҳавӣ андешаҳои Пешвои миллат хеле воқеъбинона, самимӣ ва бо далелҳо пешниҳод гардида, тағйироти муҳимро дар тафаккури онҳое, ки ба илм сарукор доранд, ворид намуд.
 Пеш аз ҳама, вазъи муосири фаъолияти муассисаҳои илмии кишвар – академияҳо таҳлилу тафсир гардида, Академияи илмҳо ба Академияи миллии Тоҷикистон ном иваз намуд. Албатта, номи "милли"-ро гирифтани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти ҷиддии сохторӣ, вазъи ҳуқуқии аъзоёни Академия, институтҳои илмию таҳқиқотӣ ва кормандони илмии онҳо, салоҳияту масъулияти роҳбарияти онро дар пай дорад. Аллакай тағйироти ҷиддии соҳа - барҳам додани Академияи тиббӣ ва ба сохтори Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон додани салоҳият, сохтору бастҳои он дар вохурӣ садо дод. Дар назди масъулони академияи кишоварзии Тоҷикистон низ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Масъалаи муҳими дигар, ки дар вохурӣ таҳлил гардид, маблағгузории илм аз се самт, махсусан  аз тариқи лоиҳа ва грантҳо ба роҳ мондани он буд. Масъалаи маблағгузории илм масъалаи хеле муҳим ба назар мерасад, чунки кишварҳое, ки ҳиссаи бештари маблағгузориро ба илм кардаанд, пешрафтҳои зиёдро дошта, кишварҳое, ки нисбат ба илм беътиноӣ мекунанд, пешрафт низ надоранд. Дастгирии илм маблағи зиёдро талаб мекунад, вале дар оянда даҳҳо ва садҳо маротиба фоида оварда метавонад. Дар ин ҷода тайёр кардани мутахассисон, омузгорон, номзаду докторони илм аз ҳисоби донишҷуёни болаёқат бояд масъалаи рўз барои роҳбарони муассисаҳои илмӣ, роҳбарони илмӣ ва Академияву донишкада ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ бошад.
 Дар вохурӣ масъулияти  муҳимтарини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос таъкид карда шуд. Масъалаи тайёр кардани кадрҳои соҳибунвон  вазифаи ҷонии Академияи миллии илмӣ мебошад, ки Пешвои миллат ба он махсус таъкид карданд. Ин масъаларо на аз Вазорати маорифу илм, на аз муассисаҳои таълимӣ, на аз Комиссияи олии аттестатсионӣ, балки аз Академияи миллии илмҳо  талаб намудани Пешвои миллат асоси илмӣ ва воқеъбинона дорад, чунки он муассисаи ягонаи умумидавлатӣ буда, маркази пуриқтидори илмии кишвар аст, ки ба таври тахассусӣ, объективона ва бо назари хайрхоҳона довталабони дараҷаҳои илмиро қабул ва тайёр мекунад. Иқтидори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  барои таъсиси Шўроҳои диссертатсионӣ барои аксарияти илмҳо мерасад. Институтҳои Академияи миллии илмҳо, пеш аз ҳама, институтҳои илмию таҳқиқотӣ мебошанд, ки ҳамаруза бо пажуҳишу таҳлилҳои илмӣ машғуланд. Аз ин сабаб, ба андешаи мо, Пешвои миллат сиёсати мусоидат намудан ва иҷозати кушодани Шўроҳои диссертатсиониро, пеш аз ҳама, дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, ки вазифаашон бурдани таҳқикотҳои илмӣ мебошад, ба миён гузошт.  Камбудии тайёр кардани кадрҳо, ки дар суханронии Пешвои миллат садо дод, танҳо дар сурати бемамониат дар институтҳои  илмӣ- таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кушодани Шўроҳои  диссертатсионӣ метавон  ислоҳ намуд. Дастгирӣ наёфтани иқдоми институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо дар масъалаи кушодани Шўроҳои диссертатсионӣ маънои  дар оянда низ иҷро нашудани супориши Пешвои миллатро дорад, чунки ягона роҳи босуръат тайёр  кардани кадрҳои соҳибунвон ва ҷалб намудани онҳо ба истеҳсолот мавҷудияти Шўрои диссертатсионӣ мебошад.
  Масъалаи маҳдуд  намудани ҳуқуки хизматчиёни давлатӣ ба таҳия ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз ҷониби аҳли ҷомеа ба хушнудӣ пазируфта шуда, як амали саривақтӣ ба шумор меравад. Дар ҳақиқат, агар устоди Донишгоҳ тибқи талаботи низоми нави таълим, ки дар ҷумҳурӣ қабул шудааст фаъолият кунад, ҳатто барои таҳияи мақолаю китоб ва асари илмӣ бо мушкилӣ вақт меёбад. Талаботи зиёд ба раванди тарбияи кадрҳо, таълим ва тайёрӣ ба он, мавҷудияти низоми тафтишу аттестатсияҳои доимӣ барои омузгори оддӣ вақт намегузорад, то ба корҳои илмию таҳқикотӣ машғул гардад. Дар ин сурат як нафар хизматчии давлатӣ чӣ гуна метавонад, ҳам ӯҳдадориҳои  вазифавии худро иҷро кунад, ва ҳам ба корҳои илмию эҷодӣ машғул шавад.
Рушд додани соҳаҳои илмҳои риёзию техникӣ яке аз масоили мубрами вохурии Пешвои миллат буд, ки диққати ҷиддиро талаб мекунад. Барои инкишоф ефтани  ин самтҳои рушди кишвар, пеш аз ҳама, таъсиси ҷойҳои корӣ, мавҷудияти заводу фабрика, конҳо, соҳаҳои металлургия, мошинсозӣ, олоти сохтмонӣ, олоти ороишӣ, комбинатҳои истеҳсолоти ҳозиразамон зарур аст. Дастгирии соҳибкории хурду миёна дар таъсису дарёфти ҷой барои корхона, ашёи хом, барқ, об, пешниҳоди шароити лозима,  озод намудани соҳибкорон аз андозҳо ба муҳлати се ё панҷ сол, махсусан барои онҳое, ки истеҳсоли молро пешниҳод мекунанд, кам ё маҳдуд намудани андозҳо, рекламаи ҳамарузаи раванди истеҳсолот ва ҳаёти мутахассисони он мусоидат мекунанд.   
  Бо ислоҳоти Академияи миллии илмҳо ба андешаи мо, дар қатори диққати ҷиддӣ додан ба илмҳои риёзию табиатшиносӣ, ба масъалаи таъсиси Институти давлат ва ҳукуқ бояд диққат дод, чунки дар ҳудуди кишварҳои собиқ шўравӣ Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки аз ин гуна институти илмию таҳқиқотӣ  маҳрум аст. Русия, Украина, Казоқистон аз 6 то 78 институтҳои илмию таҳқикотии самти ҳуқуқшиносӣ доранд, аз ҳама камтарин шумораи институтҳои таҳқиқотиро  Қирғизистон дорад, ки он низ ду то аст.          
  Вохурии Пешвои миллат барои мо муҳаққикони кишвар манфиат бахш буда, мо боварӣ ҳосил намудем, ки Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар на танҳо аз дастоварду камбудиҳои соҳаи илм огох ҳастанд, балки кушиш доранд, то барои рушди илм мусоидат намуда, пешрафти кишварро бо дастгирии илму олимон таъмин намоянд. Махсусан муносибати комплексию ҷиддӣ намудан ба ҳамаи соҳаҳои илм ва ба предмети омўзиш, ҳушёрии сиёсию фарҳангӣ, мубориза бо ифроту тафрит -  хулоса аз даъватҳои Пешвои миллат мебошад.
Буризода Эмомалӣ Бозор,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи   ба номи А. Баҳоваддинови  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/