wrapper

  Шуъбаи ҳуқуқи хусусии Институт 04 ноябри соли 2011 бо Фармони № 6 Шӯрои илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шудааст. Дар давоми кори шуъба якчанд равандҳои мубрами назариявӣ ва амалиявии муносибатҳои ҳуқуқии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқи илмӣ қарор дода шудааст. Шуъба дар давоми даҳ соли охир бевосита бо  масъалаҳои  интихоби  роҳҳои назариявӣ-методологии масъалаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул аст.

 Ҳадафи асосии фаъолияти таҳқиқотии шуъба аз тайёр намудани ходимони илмии баландихтисос, омӯзиш ва коркарди консепсияҳои илмӣ ва лоиҳаҳои қонунҳое, ки муносибатҳои ҳуқуқиро ба танзим медароранд, иборат аст.

 Дар шуъба таҷрибаи калон ҷамоъоварӣ шуда, ҳамчунин ҳайати боихтисос барои амалисозии таҳқиқоти илмӣ-назариявӣ дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ   ташаккул ёфтааст. Дар шуъба ходимони баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ  чамъ шудаанд. Дар шуъба се доктори илми ҳуқуқ, се номзади илми ҳуқуқ  кор мебаранд. Ҳама ходимони илмии шуъба таҷрибаи бисёрсолаи илмӣ-педагогӣ доранд. Натиҷаи кори таҳқиқотии шӯъба дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ   ва амалияи батанзимдарории муносибатҳои хусусӣ зиёда аз панҷсад мақолаҳои илмӣ мебошад, ки ҳам дар маҷаллаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва ҳам дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Италия ба чоп расидаанд. Ғайр аз ин, даҳ монографияи илмӣ ба чоп расидааст, ки дар ин асарҳои илмӣ равияҳои нави илмӣ-методологӣ оид ба омӯзиши назария ва амалияи батанзимдарории муносибатҳои хусусӣ пешниҳод гаштаанд. Ходимони шуъба иҷрокунандаҳои бевоситаи лоиҳаи нави Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони қонунгузорӣ дар соҳаи муносибатҳои хусусӣ мебошанд.

Ҳайати кормандони Шуъба:


Мудири шуъбаи ҳуқуқи хусуси

Ному насаб: Абдуҷалилов Абдуҷаббор

Вазифа: мудири шуъба

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

  23 августи соли 1952 дар ноҳияи Конибодом, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Дар мактаб-интернати  ш. Чкаловск (ҳозира Бӯстон) (1959-68), мактаби миёнаи шабонаи ш Қайроққум (ҳозира Гулистон) (1969-1971) таҳсил кардааст. Соли 1971 ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1976 онро тамом кардааст. Аз соли 1976 то соли 1989 – муфаттиши прокуратураи ноҳия, муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи  Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 1989-1998 сардори шӯъба, Муовини Раиси Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2000 то 2005 – мушовири Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Аз соли 2005 то соли 2009 дар аспирантураи ғоибонаи Университети давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, 29 октябри соли 2009 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии савдои электронӣ дар  шабакаи Интернет» аз рӯи ихтисоси 12.00.03 - ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ дифоъ намудааст.

 Аз 01.04.2011 - ходими пешбари илмӣ,  аз 02.01.2015 – мудири шуъбаи хусусии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба  номи А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Муаллифи зиёда аз 90 асарҳои илмӣ, аз ҷумла 3 китоб, 3 монография, 90 мақолаҳои илмӣ.

 Асарҳои муҳимтарини А.Абдуҷалилов – монографияи «Масъалаҳои назариявии танзими ҳуқуқии Интернет: аспекти ҳуқуқии гражданӣ» (Душанбе, соли 2014, 240 саҳ., бо забони русӣ), монографияи «Масъалаҳои назариявии муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ дар шабакаи Интернет» (Душанбе, соли 2015, 272 саҳ., бо забони русӣ), монографияи «Таълими  умумии Интернет» (Душанбе, 2018, 232 саҳ., бо забони русӣ).

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

- Дар илми ҳуқуқ парадигмаи нави илмии Интернетро пешниҳод намудааст.

- Дар ҳуқуқи гражданӣ муносибатҳои виртуалии дар Интернет ба миён меомадаро мукаммал таҳлил намудааст.

http://www.zoofirma.ru/