wrapper

  Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ аз таъсисёбии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011) инҷониб арзи вуҷуд дорад.
  Сохтори  шуъба: мудир, сарходими илмӣ – 1; ходими пешбари илмӣ – 1 (2 корманд бо 0,5 бастӣ); ходими калони илмӣ – 1 (дар 0,5 баст); ходими хурди илмӣ – 1; лаборанти калон – 1. Инҳо: Иброҳимов С.И. – мудир (д.и.ҳ.), Имомов А.И. – сарходим (н.и.ҳ.), Гадоев Б.С. – ходими пешбар (н.и.ҳ.), Марифхонов Р. – ходими пешбар (н.и.ҳ.), Муродзода А.А. – ходими калон (н.и.ҳ.), Сангов Т. – ходими хурд ва лаборант Саидзода М.Ё.
  Ходимони илмии шуъба бо мақсади рушди падидаҳои ҳуқуқи давлатӣ дар замони муосир, ошкор намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли масъалаҳои мубрами онро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, пажӯҳиши самтҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи парлумонӣ, ҳуқуқи мамурӣ, мурофиаи маъмурӣ, фаъолияти судӣ ва прокурорӣ, ҳуқуқи иттилоотии онро афзалиятнок меҳисобанд.
  Дастовардҳои илмии шуъба:
 Ходимони илмии шуъба тибқи нақшаи илмӣ-тадқиқотии буҷавии «Рушди падидаҳои ҳуқуқи давлатӣ дар замони муосир» (с.2016-2020). ҚД №0116ТJ00765 фаъолияти тадқиқотӣ бурда, дар доираи мавзӯи мазкур то имрӯз ба миқдори 15 адад моногрфия, китоб ва воситаҳои таълимӣ дар ҳаҷми зиёда аз 268,6 ҷ.ч., 3 асари дастаҷамъона дар ҳаҷми зиёда аз 64,5 ҷ.ч. ва бештар аз 125 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия ва нашр намудаанд, ки ҳамагӣ дар ҳаҷми зиёда аз 67,5 ҷ.ч.-ро ташкил медиҳад, дар асоси онҳо натиҷаҳои консептуалии илмӣ пешниҳод карда шудаанд. Чунончи, натиҷаҳои пажӯҳиш нишон доданд, ки шурӯъ аз соли 2007 то ин вақт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2011, 2011-2015 ва 2015-2018 қабул ва амалӣ гардонида шудаанд. Мутаасифона нуқтаҳои мушаххаси Нақша чорабиниҳои Барномаҳои номбурда пурра иҷро карда нашуданд.
 Дар давоми солҳои фаъолият аз ҷониби ходимони илмии шуъба як қатор корҳои таҳиявию чопӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, маҷмӯаи мақолаҳо ва мақолаҳои зиёд дар маҷаллаҳои илмӣ нашр гардидаанд.
 Аз ҷониби ходимони илмии шуъба таҳия намудани китоби силсилавӣ дар бораи Конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ки китоби аввал таҳти унвони «Конститутсияҳои Тоҷикистон: ташаккул ва рушд» соли 2014, дар ҳаҷми 836 саҳифа, китоби дуюм таҳти унвони «Маҷмӯи конститусияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2015, дар ҳаҷми 633 саҳифа ва китоби сеюм таҳти унвони «Конститутсияҳои Тоҷикистон ва падидаҳои ҳуқуқи давлатӣ дар инкишофи давлатдории миллӣ» соли 2019 дар ҳаҷми 620 саҳифа таҳия ва ба нашр расидааст.

Ҳайати кормандони Шуъба:

Мудири Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ

Иброҳимов Солеҳҷон Иброҳимович

Мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, 16-апрели соли 1952 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Соли 1974 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, факультети ҳуқуқшиносии ин донишгоҳро соли 1979 бо муваффақият хатм намудааст. Соли 1979 то соли 1981 дар факультети ҳуқуқшиносӣ ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқи давлатӣ кор карда, соли 1981 ба аспирантураи мақсадноки Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ИҶШС ш. Москва дохил шудааст. 30 октябри соли 1984 асспирантураи мазкурро бо муваффақият ва пеш аз муҳлат дифо намудани рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Совершенствование правового статуса министерств союзной республики (на примере Таджикской ССР)» (Такмили мақоми ҳуқуқии вазоратҳои ҷумҳурии иттифоқӣ (дар мисоли Тоҷикистон) дар Шӯрои диссертационии 12.00.02 – хатм карда, ба унвони илмии номзади илми ҳуқуқ ноил гардидааст.

Аз соли 1985 то 2005 дар системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси судя, раиси суди шаҳру ноҳия, судяи суди вилоятӣ, судяи горнизони ҳарбӣ ва судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи феврали соли 2007 ба ҳайси ходими пешбари илмии шуъбаи ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва аз соли 2009 ходими пешбар, сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти давлат ва ҳуқуқ, ҳоло Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 2 январи соли 2015 вазифаи мудири шуъбаро ба ӯҳда дорад.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Административная юстиция в Центрально-Азиатских государствах: проблемы становления и развития» (Адлияи маъмурӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ: масоили бунёд ва ташаккул) соли 2013 дар Шӯрои диссертационии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Федератсияи Руссия ш. Москва бо ихтисоси – ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ дифо намудааст.

Муаллифи зиёда аз 120 асари илмӣ, аз ҷумла 7 монография, 6 китоб ва дастурҳои таълимӣ, мақолаҳои илмию тақризҳо мебошад.

Самтҳои тадқиқот: Ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ; ҳуқуқи иттилоотӣ.

Суроғаи электронӣ (е-майл): This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Асарҳои муҳимтарин:

  1. Адлияи маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: падидаи давлати ҳуқуқбунёд. Монография. (бо забони давлатӣ). – Душанбе: Ирфон, 2010. – 256 с. (17, 05 п.л. 700-экз).
  2. Основные направление формирования и развития института административной юстиции в государствах Центральной Азии: сравнительно-правовое исследование. (монография). – Душанбе: Изд-во Дониш АН РТ, 2011. – 288 с. (18,0 п.л. 700-экз).
  3. Судебно-правовые реформы в Республике Таджикистан и эффективность административно-правовых мер борьбы с коррупцией. (монография в соавторстве с Уруновой Ш.А.). – Душанбе: Изд-во Дониш АН РТ, 2012. – 147 с. (9,25 п.л. 1000-экз).
  4. Административная юстиция в государствах Центральной Азии в условиях глобализации и региональной интеграции. Монография. – Берлин: Изд-во LAP, PUBlicashn, 2013. – 439 с.
  5. Конститутсияҳои Тоҷикистон: пайдоиш ва инкишоф. – Душанбе: Дониш, 2014. – 840 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо гурӯҳи кормандони шуъба).
  6. 6. Проблемы административной юстиции в Республике Таджикистан и странах Центральной Азии: концептуальные подходы. – Душанбе: Дониш, 2015. – 765 с.
  7. 7. Такмили ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият // Зери таҳрири С.И.Иброҳимов. – Душанбе: Дониш, 2016. – 379 с.
  8. Контрол ва назорат дар соҳаи идоракунии давлатӣ: проблемаҳо ва роҳҳои такмил // Зери таҳрири С.И.Иброҳимов. – Душанбе: Дониш, 2017. – 320 с.
  9. Масоили ҳуқуқи давлатӣ дар бунёди Тоҷикистони муосир // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: Дониш, 2018. – 334 с.
  10. Конститутсияҳои Тоҷикистон ва падидаҳои ҳуқуқи давлатӣ дар инкишофи давлатдории миллӣ // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: “Дониш”, 2019. – 620 с.

 Китобҳои таълимӣ:

  1. Ҳуқуқи мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Эрграф, 2009. – 299 с. (18.85 ҷ.ч); (дар ҳаммуаллифӣ бо Табаров Н.А.).
  2. Ҳуқуқи мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Эрграф, 2009. – 327 с. (20.55 ҷ.ч); (дар ҳаммуаллифӣ бо Табаров Н.А.).
  3. Тартиб ва ташкили гузаронидани бозиҳои судии мурофиавии иқтисодӣ. – Душанбе: Эрграф, 2010. – 187 с. (13.35 ҷ.ч); (дар ҳаммуаллифӣ бо Табаров Н.А.).
  4. Ҳуқуқи мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар зери таҳрири н.и.ҳ.дотсент Болтуев С.Ш. – Душанбе, 2014. – 800 с. (бо гурӯҳи муаллифон ва дастгирии ташкилоти GIZ (Олмон)).
  5. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – комплекси таълимӣ-методӣ. – Душанбе: Эр-граф, 2016. – 272 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Музаффарова Н.С.).
  6. Ҳуқуқи мурофиаи иқтисодии ҶТ. / Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. Бо қарори мушовираи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 31.08.2019 ба нашр расидааст.
 

Имомов Ашӯрбой

Сарходими шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – номзади илмҳои ҳуқуқ, профессор.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) соли 1967 бо ихтисоси ҳуқуқшинос. Ҳимояи рисолаи номзади илмҳои ҳуқуқшиноси соли 1971 оид ба мавзӯи «Шӯрои вакилони халқи ноҳия (дар асоси маводҳои РСС Тоҷикистон)», аз рӯи ихтисоси 12.00.02, унвони дотсенти кафедраи ҳуқуқи давлатӣ ва сохтмони советии ДМТ соли 1994. Солҳои 1974-1986 – дотсенти кафедраи мазкур, солҳои 1986-1990 – муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, солҳои 1990-1992 – муовин, Раиси Кумитаи назорати конститусионии Тоҷикистон, солҳои 1993-1994 – дотсенти кафедраи мазкур, солҳои 1994-2005 мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДМТ, аз соли 2005 то 2019 дотсенти кафедраи мазкур, аз соли 2019 то ҳол и.в. профессори ДМТ.

Аз соли 1993 дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳуқуқи Институти фалсафаи АИ ҶТ, аз соли 2007 то соли 2014 – мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ, пас аз муттаҳидгардӣ дар соли 2011 – Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, аз соли 2015 то инҷониб Сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти мазкур. Муаллифи қариб 70 рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, матни лексияҳо, воситаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ. Дар маҷалла ва маҷмӯи асарҳои илмии дар Тоҷикистон ва хориҷа нашр шуда, зиёда аз 230 мақолаҳои илмию оммавӣ ва дар рӯзномаҳо қариб 150 мақолаҳо чоп кардааст. Аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Центральная Азия и Кавказ», ки бо забонҳои русӣ, англисӣ ва ғайра дар давлати Шветсия чоп мешавад (аз соли 1998 то ҳол), маҷаллаи «Давлат ва ҳуқуқ», ки аз соли 1996 то соли 2012 чоп мешуд ва маҷаллаи «Маҷаллаи академии ҳуқуқ» аз соли 2011 то ҳол чоп мегардад. Бо бисёр мукофотҳо сарфароз шудааст. Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон.

Самтҳои таҳқиқот: масоилҳои ҳуқуқи конститутсионии (давлатии) ҶТ, ҳуқуқи парлумонӣ, ҳуқуқи интихоботӣ, вазъи ҳуқуқии шаҳрванд, сохтори миллӣ-давлатӣ ва марзию маъмурӣ.

Суроғаи электронӣ (е-майл): This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Китобҳое, ки аз ҷониби кормандони шуъба ба табъ расидаанд

  1. Конститутсияҳои Тоҷикистон: пайдоиш ва инкишоф. – Душанбе: Дониш, 2014. – 840 с.
  2. Маҷмӯаи конститусияҳои Тоҷикистон // Зери таҳрири Б. Гадоев. – Душанбе: “Дониш”, 2015. – 633 с.
  3. Такмили ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият // Зери таҳрири С.И.Иброҳимов. – Душанбе: Дониш, 2016. – 379 с.
  4. Контрол ва назорат дар соҳаи идоракунии давлатӣ: проблемаҳо ва роҳҳои такмил // Зери таҳрири С.И.Иброҳимов. – Душанбе: Дониш, 2017. – 320 с.
  5. Масоили ҳуқуқи давлатӣ дар бунёди Тоҷикистони муосир // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: Дониш, 2018. – 334 с.
  6. Конститутсияҳои Тоҷикистон ва падидаҳои ҳуқуқи давлатӣ дар инкишофи давлатдории миллӣ // Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Иброҳимов С.И. – Душанбе: “Дониш”, 2019. – 620 с.

 
http://www.zoofirma.ru/