wrapper

  Сохтори шуъба. Дар Шуъба 7 нафар ходимони илмӣ мавҷуд буда,  аз чумла 1 мудири шуъба (д.и.ҳ., профессор Раҷабов С.А.), 2 ходими калони илмӣ (н.и.ҳ. Идиев Ф.Ф., н.и.ҳ., дотсент Раҷабов М.Н.) , 1 ходими илмӣ (Ҷабборов Ф.Н.), 2 ходими хурди илмӣ (Раҳмонзода Ш.Қ., Ҷўрабоев Ҳ.М.) ва 1 лаборанти калон (Мирзоева Н.С.) бо кори илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва нашри маҳсули илмии кормандон машғул мебошанд.
  Ҳадафи фаъолияти шуъба:  таҳқиқи ҳамаҷонибаи проблемаҳои актуалии назария ва амалияи ҳуқуқи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; додани хулосаҳои экспертӣ ба лоиҳаҳои муоҳидаҳо  ва қарордодҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҶТ; тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи аврупоӣ; таҳия ва нашри монографияҳо, китобҳо, воситаҳои таълимӣ ва мақолаҳо дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ.
  Самтҳои афзалиятноки пажӯҳиш дар шуъба: таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ; асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии таъмини сулҳ, амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ; таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ; ҳалли низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ ва ғайрибайналмилалӣ; масоили актуалии ҳуқуқи байналмилалии об; масоили актуалии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ғ.
  Дастовардҳои шуъба:  Дар муддати солҳои 2006-2020 шуъба ду мавзуи панҷсолаи буҷавиро бомуваффақият амалӣ намуд: 1) Проблемаҳои актуалии назария ва амалияи ҳуқуқи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008-2012).  Рақами қайди давлатӣ  - 0109ТД784 аз20.02. с. 2009; 2) Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии таъмини сулҳ, амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ: таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ(2013-2017). Рақами қайди давлатӣ  - 0113TJ00312 аз 23.04. с.2013. Ҳоло кормандони шуъба мавзуи нави буҷавии панҷсоларо таҳти унвони «Пайдоиш ва инкишофи ҳуқуқи байналмилалӣ дар  минтақаи Осиёи Марказӣ» (2019-2023) мавриди иҷро қарор додааст. Рақами қайди давлатӣ  - 0119TJ00995 аз  07.05. с.2019  Дар солҳои 2006-2020  кормандони шуъба 12 монография, 3 китоби дарсӣ,  8 воситаи таълимӣ, 2 брошюра, 333 мақола дар ҳаҷми 219, 4 ҷ.ч. ба чоп расониданд.

Ҳайати кормандони Шуъба:
 

Мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ

Ному насаб: Раҷабов Саидумар Адинаевич

Вазифа: мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ (аз 03.04.с.2006 то имрўз)

Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои  ҳуқуқ, профессор.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Соли 1972 Донишгоҳи давлатии Запорожьеро (Украина) бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1973-1974 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР хизмати ҳарбӣ намудааст.

Солҳои 1974-1977 дар мактаби миёнаи умумӣ аз забони англисӣ дарс гуфтааст. Солҳои 1977-2006 дар макотиби олии касбӣ кор кардааст.  Дар давоми солҳои 1996-2007 дар донишгоҳҳои ҷаҳон, мисли Донишгоҳи Турин (Италия), Донишгоҳи Густав Штрассеман дар Бонн (Олмон), Донишгоҳи кушоди Брюссел (Белгия), Донигоҳи Ясси (Руминия), Донишгоҳи Аврупои Марказӣ дар Будапешт (Венгрия), Донишгоҳи Уммон (Иордания), Донишгоҳи Монтана (ИМА), Донишгоҳи Теҳрон (ҶИЭ), Донишгоҳи Дўстии Халқҳои Россия, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии Новосибирск (Федератсияи Россия) ва ғайра аз ҳуқуқи байналмилалӣ лексияҳо ва семинарҳо гузаронида, дар конференсияҳо ва симпозиумҳо баромад кардааст.  Бо медалҳои "60 – солагии  Қувваҳои мусаллаҳи СССР" (с.1978); «70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи СССР» (с.1988 ); «Барои хизмати бенуқсон» дараҷаи III (с.1986) ва дараҷаи II (с.1991); нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2001); Ифтихорномаи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2008 ва 2011) сарфароз гардидааст. Муаллифи 16 монография, 2 китоби дарсӣ, 6 воситаи таълимӣ, 2 фарҳанг ва беш аз 250 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ  мебошад.

Самтҳои таҳқиқот: таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи байналмилалии об; ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ; ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ, ҳуқуқи робитаҳои беруна ва ѓайра.

Суроғаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

Ходими калони илмӣ

Ному насаб: Раҷабов Маҳмадёр Носирович

Вазифа: Ходими калони илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) дар соли 1995 бо ихтисоси  ҳуқуқшиносӣ. Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Вазъи гражданӣ-ҳуқуқии хориҷиён  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2004 барои дарёфти  дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рўи ихтисоси 12.00.03- ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ. Муаллиф ва ҳаммуаллифи  панҷ монография, чор китоби дарсӣ, 15 воситаи таълимӣ ва зиёда  аз 150 мақолаи илмӣ. Барои хизматҳои шоиста  дар рушди илм  дар соли 1998  бо Ҷоизаи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон , соли 2006 бо Ҷоизаи ба номи  Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, соли 2007 бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии   Тоҷикистон», соли 2014 бо медали ҷашнии «90-солагии Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2019  бо  Ифтихорномаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва  Сипосномаи Сардори Хадомоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шудааст.

Самтҳои таҳқиқот: вазъи гражднӣ-ҳуқуқии хориҷиён  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими  ҳуқуқии вазъи хусусӣ-ҳуқуқӣ ва оммавӣ-ҳуқуқии созмонҳои байналмилалӣ. 

Суроғаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

Ходими калони илмӣ

Ному насаб: Идизода Файзалӣ Фузайлшо

Вазифа: Ходими калони илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон дар соли 1999 бо ихтисоси хуқуқшинос. Соли 2011 аспирантураи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Федератсияи Россияро бо муваффақият хатм намуда, дар мавзуи «Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии иштироки созмонҳои байналмилалӣ дар ҳалли низоъ дар Тоҷикистон» аз рўи ихтисоси 12.00.10 – ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи аврупоӣ рисолаи номзадӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқро навишта, онро ҳимоя намуд. Монографияи «Асосҳои байналмилалӣ ҳуқуқии иштироки созмонҳои байналмилалӣ дар ҳаллу фасли низоъ дар Тоҷикистон» (с.2013), воситаи таълимӣ «Ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо» (с.2014) ва беш аз 50 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба нашр расондааст.

Самтҳои таҳқиқот: таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи байналмилалии ҷиноятӣ; ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ ва ғайра.

Суроғаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

http://www.zoofirma.ru/