wrapper

  Соли 1951 дар базаи филиали АИ Ҷамоҳири Шӯравии сотсиалистӣ, АИ ҶТ ташкил карда шуд. Ҳамзамон дар ҳайати он Шуъбаи Фалсафа низ созмон дода шуд, ҳамзамон дар ҳайати он Шуъбаи таърихи фалсафа низ созмон дода шуд. Дар баробари омӯзиш ва таҳқиқи ҷиҳатҳои алоҳидаи фалсафаи марксистӣ-ленинӣ дар Тоҷикистон, ба монанди масъалаҳои мубрамтарини рӯз: материализми диалектикӣ ва таърихӣ, коммунизми илмӣ ва атеизми илмӣ яке аз масъалаи дигари муҳими ба зиммаи Шуъбаи навташкилшуда вогузор шуда буд – ин омӯхтан ва таҳқиқи таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ – сиёсӣ ва ахлоқии халқи тоҷик ба шумор мерафт. Бояд ёдовар шуд, ки баъзе нуктаҳои афкори иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фалсафаи халқи тоҷик то ташкилшавии АИ Ҷумҳурӣ ва махсусан Шуъбаи фалсафа, ҳанӯз дар солҳои 20 ва 30-уми асри XX аз тарафи олимони шарқшинос, Садриддин Айнӣ, А.Кримский, А.А.Семенов, Е.Э.Бертельс, Б.Ғафуров ва дигарҳо мавриди таҳқиқ қарор ёфта буданд. Таври мисол аз байни ин асарҳо метавон нигоштаҳои С.Айнӣ, А.А.Семенов асарҳои таҳқиқии намояндагони таърихи афкори ҷамъиятию фалсафӣ ва ҷанбаҳои алоҳидаи ба тасаввуф бахшидаи Е.Э.Бертельс, рисолаҳои ба таърихи назарияи исмоилия бахшидаи Б.Ғафуров ва бисёри дигареро ном бурд. Вале дар ҳақиқат, таҳқиқу баррасии ҳаматарафа ва муназзами афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии халқамон бо ташкилшавии Шуъбаи фалсафа ва дар дохили он созмон додани бахши таърихи фалсафа зич алоқаманд аст. А.М.Баҳоуддинов аз оғози ташкилшавии Шуъба мудирии онро ба ӯҳда дошта, ҳамчун мудири Шуъба таваҷҷӯҳи асосиро ба омӯзиши таърихи афкори фалсафӣ ироа доштанд. Худи устод ба ин масъала диққати махсус дода, дар охири солҳои 40-ум ба омӯзиши осор ва афкори яке аз нобиғаҳои бузургтарини асримиёнагии халқамон – Абӯалӣ ибни Сино машғул шуданд. Хидмати арзандаи А.М.Баҳоуддинов – ин аввалин бор аз тарафи вай ба забони русӣ тарҷима намудани «Донишнома» мебошад, ки Ибни Сино онро ба забони модарии хеш тоҷикӣ-дарӣ иншо намудааст. Дар баробари таҳқиқи ҷиҳатҳои алоҳидаи таълимоти фалсафии мутафаккир, ақидаҳои фалсафии соири файласуфон аз ҷумла: Ибни Боҷа, Ибни Рушд, Ибни Халдун ва инчунин намояндагони дигари афкори фалсафӣ-иҷтимоӣ, калом, исмоилия, тасаввуф, маорифпарварони халқи тоҷик, мавриди омӯзишу таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Натиҷаи ин таҳқиқот китоби «Очеркҳо оид ба таърихи фалсафаи тоҷик», Душанбе, 1961 мебошад. Барои маҷмӯи корҳо роҷеъ ба таҳлилу таҳқиқи осору афкори Ибн Сино устод Баҳоуддинов А.М. дар соли 1967 сазовори ҷоизаи Давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардида буд.
  Дар нимаи дуюми солҳои 50-ум Ғ.Ашуров, М.Раҷабов, Н.Рустамов ва Н.Одилов аспирантураи бахшро хатм намуда будаанд. Солҳои 60-ум Н.Қулматов (Н.Арабзода), Х.Додихудоев, К.Олимов, А.Муҳаммадхоҷаев, М.Мирбобоев, У.Султанов, К.Беков, М.Ҳазратқулов, М.Султонов ба таҳсили рӯзонаю ғоибонаи аспирантураи бахш қабул шуда буданд.
Дар баробари омӯзиши таҳлили ақидаҳои фалсафӣ, ки А.А.Баҳоуддинов анҷом дода буданд тадқиқу таҳқиқи ақида ва ҷаҳонбинии дигар мутафаккирон низ баъди солҳои 50-ум идома меёфт. Аз байни ин асарҳои таҳқиқотӣ метавон монографияҳои таҳқиқотии зайлро ном бурд: М.Раҷабов «Мировоззрение Убайди Зоконӣ», Таджикгосиздат. 1958, боз «Абдурахман Джами и таджикская философия XV в.» Душанбе. 1968. Боз «Философские и социально-эстетические взгляды Амира Хусрава Дехлави», Душанбе. 1982. Боз «Фирдавсӣ ва замони муосир», Душанбе, 1977. Г. Ашуров «Философские взгляды Носир Хусрава», Душанбе. 1965. Д. Джахид Абу-Наср аль-Фараби о государстве», Душанбе. 1966. Н.Одилов «Ҷаҳонбинии Ҷалолуддини Румӣ», Душанбе. 1964. Боз «Мировоззрение Джалолуддина Рума», Душанбе. 1975. Диноршоев М. «Философия Насируддина Туси». Душанбе. 1968. Н.Қулматов «Этические взгляды Саади», Душанбе. «Дониш». 1968. Боз Носири Хусрав. Душанбе. Маориф. 1994. Исмаилитская философия Н.Хусрава. 1997.
  Дар солҳои 1955-1959 роҳбарияти бахши таърихи фалсафаро М.Раҷабов солҳои 1964 -1969, Ғ.Ашуров солҳои 1969 – 1986. М.Диноршоев. Солҳои 1986-1991 К.Олимов ва аз соли 1991 то алҳол А.Муҳаммадхоҷаев ба ӯҳда доштанд.
  Аз солҳои 60-ум сар карда, баробари омӯзиши ақидаҳои пайравони фалсафаи машшоъ ва исмоилия ба таҳқиқу баррасии ҷиҳатҳои алоҳидаи таълимоти мутаккалимону аҳли тасаввуф ва дигарҳо таваҷҷӯҳи бештаре дода мешуд. Натиҷаи ин таваҷҷӯҳ ва диққат буд, ки роҷеъ ба ҷаҳонбинии намояндагони тасаввуфу калом рисолаҳои номзадӣ ҳимоя шуда, монографияҳо низ дар ин соҳа ба чоп расиданд. К.Олимов «Мировоззрение Саноӣ», Душанбе. Дониш. 1973. А.Муҳаммадхоҷаев «Мировоззрение Аттора». Душанбе. «Дониш». 1974. У.Султонов «Ақидаҳои фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқӣ»-и Абӯалӣ ибни Сино», Душанбе, «Дониш», 1976, боз «Ҳамасрони Ибни Сино», Душанбе. «Дониш», 1980. М.Ҳазратқулов «Мировоззрение Садриддина Шерози», Душанбе. «Дониш». 1985. Х.Додихудоев «Очерки философии исмаилизма». Душанбе, «Дониш», 1977. Боз Исмоилия ва озодандешии Шарқ. Душанбе. «Ирфон», 1989. Боз Философия крестянского бунта. (О роли средневекового исмаилизма в развитии свободомыслия на мусульманском Востоке). Душанбе, «Ирфон». К.Беков. Мухаммад Шахристони – историк философ. Душанбе, «Дониш». 1987.
   Дар солҳои 70-ум ҷавонони қобилиятнок ба кор ва таҳсил ба бахши таърихи фалсафа дохил шуданд, ки баъдан ҳар кадоми онҳо муҳаққиқони варзидаи таърихи афкори фалсафӣ ва ҷамъиятӣ шуданд. Аз миёни онҳо метавон А.Қурбонмамадов, Ф.Сироҷов (ёдаш ба хайр), Н.Раҳматуллоев (Назри Яздон), З.Вазиров, Т.Муродова… ва ғайраҳоро номбар намуд, ки натиҷаи  корҳои илмии худро дар мақола ва китобҳояшон нашр намуданд. Аз ҷумлаи онҳо монографияҳои: Н.Раҳматуллоев, Ф.Сироҷов, З.Вазиров, Т.Муродова. А.Қурбонмамадовро метавон ном бурд.
  Тавре маълум аст, соли 1980 ҷаласаи Умумии конференсияи ЮНЕСКО хидматҳои бузурги Абӯалӣ ибни Синоро дар рушду тараққиёти фалсафа, мантиқ, сотсиология, адабиётшиносӣ, назмшиносӣ, забоншиносӣ ва ҳамчунин табиатшиносию тиб ба назар гирифта, қарори махсус қабул намуд, ки мувофиқи он давлатҳои аъзои ЮНЕСКО бо тантана чорабиниҳои гуногуни ҷашниро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ нисбати 1000-солагии рӯзи таваллуди ин олими доиратулмаорифи тоҷик баргузор намоянд. Зеро ба шарофати қудрати тафаккури фалсафӣ ва тааллуқи фикрӣ, ин марди хирад ва намояндаи фарҳангу фалсафа дар пешбурд ва рушди минбаъдаи соҳаҳои мухталифи илму фалсафа саҳми бағоят калоне бозидааст. Кормандони бахши таърихи фалсафа якҷо бо кормандони Шуъбаи фалсафа дар таҳқиқу баррасӣ ва таҳияю чопии афкору осори Ибни Сино, хидмати зиёде анҷом додаанд ва осори фалсафии ӯро дар   ҷилд ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нашр расониданд. Дар ин кор саъю кӯшиши Мудири Шуъба – Ғ.Ашуров ва мудирони бахши таърихи фалсафа М.Диноршоев ва бахши тарҷима ва таҳияи осори фалсафӣ А.Девонақуловро ҳатман бояд зикр намуд. Натиҷаи ин хидматҳо буд, ки Шуъбаи фалсафа барои ин хидматҳояш сазовори мукофоти байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлол Неру гардида буд.
 Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи омӯзиши таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии халқи тоҷик дар солҳои 80-ум аз он иборат аст, ки дар он солҳо ба таҳқиқу баррасии ҷанбаҳои алоҳидаи равия ва ҷараёнҳои фалсафӣ диққати бештар дода мешуд. Ин буд, ки бисёр тарафҳои ин ҷараёнҳо ҳам дар алоҳидагӣ ҳам дар якҷоягӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта шуда буданд. Аз байни кормандон ва аспирантони ин бахш дар ин солҳо муҳаққиқони хеле умедбахш ба монанди: Х.Зиёев, М.Маҳмадҷонова, А.А.Шамолов, З.Диноршоева, И.Зиёев Н.Н.Содиқова, Саидов И. ба камол расида, рисолаҳои номзадӣ ва докториҳои хешро ҳимоя намуданд.
  Тадқиқотҳои онҳо бо хушнудӣ метавон гуфт, ки аслан ба таҳлилу баррасии ҷиҳатҳои мухталифи фалсафӣ ва ирфонии мутафаккирони таълимоти динӣ-тасаввуфӣ: Баҳоуддин Валад, Ҷалолуддин Румӣ, Абӯҳомид Ғаззолӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Муҳаммад Иқбол ва дигарон бахшида шуданд. Бояд таъкид намуд, ки дар таърихи фалсафаи тоҷик омӯзиш ва таҳлили ҳаматарафаи афкори фалсафӣ ва ирфонии ин нобиғаҳо, ки дер боз таҳқиқи воқеии осори боқигузоштаи хешро интизор буданд, аввалин бор анҷом дода шуд.
   Бояд хотирнишон кард, ки аз солҳои 80-ум сар карда аз тарафи кормандони бахш китобу монографияҳои хеле зиёди ҷамъбастӣ роҷеъ ба таърихи афкори динӣ-фалсафии қадими халқи тоҷик, таълимоти асҳоби ҳаюло, машшоия, исмоилия, тсаввуф ва тариқаҳои он ба чоп расиданд, ки қаблан ба баъзеи онҳо ишора шуд, дар ҷодаи омӯзишу таҳқиқи таърихи афкори фалсафии халқамон қадами ҷиддие буда, ба бисёр ҷиҳатҳои торику ноомӯхтаи ин ҷараёну равияҳо ва ҷаҳонбинию ақидаҳои фалсафии онҳо равшанӣ андохтанд.
  Дар тӯли солҳои 60-70-ум дар соҳаи омӯзиши таърихи маорифпарварии нимаи дуюми асри X1X ва ибтидои асри XX махсусан тадқиқи ақидаҳои асосгузори ҷараёни маорифпарварии халқи тоҷик – Аҳмади Дониш  ва ҳамзамонону пайравони вай: Шоҳин, Асирӣ, Мирзо Азими Сомӣ, С.Айнӣ ва дигарон монографияю мақолаҳои зиёде навишта шуданд. Дар омӯзиш ва таҳлилу баррасии ҷанбаҳои гуногуни ин равия тақиқотҳои академикҳои АИ ҶТ А.М. Баҳоуддинов, З.Ш.Раҷабов, узви вобастаи АИ ҶТ Ғ.Ашуров, доктори илмҳои фалсафа И.Шарипов ва дигарон хеле калон аст. Барои як силсила тадқиқотҳои дар ин соҳа анҷом додашуда ба академик З.Ш.Раҷабов соли 1967 мукофоти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дода шуд.
  Яке аз муваффаққиятҳои  чашмрас таҳқиқи ин солҳо аз он иборат буд, ки кормандони бахш, роҷеъ ба таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии халқи тоҷик аз асрҳои қадим то асри XV дар ҳаҷми се ҷилд кори таҳқиқотӣ анҷом доданд. Аммо бо баъзе сабабҳо: аз ҷумла авзои номусоиди иҷтимоӣ-сиёсии Ҷумҳурӣ нашри он ба таъхир афтод. Хушбахтона чанд сол баъд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва қарори Шӯрои илмии Пажӯҳишгоҳ муяссар гардид, ки ин таҳқиқоти зарурӣ дар ҳаҷми се ҷилд ба нашр расонида шавад. Сол гузашта, яъне соли 2010 ҷилди аввали он, ки тахрихи ақидаҳои фалсафии халқи тоҷикро аз замонҳои қадим то паҳншавии дини ислом дар бар мегирад, чоп шуд. Ҳоло бошад ҷилди дуюми он омодаи нашр шуда истодааст. Баъди аз чоп баромадани он, ҷилди 3-ум низ барои нашр омода хоҳад шуд.
Аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ходимони Шуъба ба омӯзиш ва таҳлилу баррасии ақидаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии халқи тоҷик ба таври мушаххас дар асрҳои XV1 ва ибтидои  қарни XX сар карданд.
  Натиҷаи таҳқиқоти ин мавзӯъ дар китоби алоҳида бо номи «Баррасиҳо аз таърихи фалсафаи тоҷику форс» (асри XV1- ибтидои асри XX), дар ҳаҷми 618 саҳифа соли 2002 дар нашриёти «Дониш» чоп гардид. Бояд таъкид намуд, ки ин давра, яке аз давраҳои хеле кам омӯхташудаи таърихи афкори фалсафии халқамон ба ҳисоб мерафт. Натиҷаи ин тадқиқот ба таври возеҳ нишон дод, ки алорағми ақидаҳои баъзе олимон дар хусуси он ки дар ин давра ақидаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии халқи тоҷик то андозае аз рушду тараққиёт боз монда буд, афкори фалсафӣ дар ин давра ҳам ривоҷу равнақи зиёде пайдо  намуда, мутафаккирон ғояҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии гузаштаро ҳаматарафа омӯхта, дар шароити нави таърихӣ онҳоро инкишоф дода, вобаста ба талаботи замон ва тақозои давр мавриди таҳқиқ қарор додаанд.
  Ба ғайр аз ин китоби ҷамъбастӣ, кормандони Шуъба дар он солҳо бидуни мақолоти алоҳида, таҳқиқоти мукаммале дар бораи равияю ҷараёнҳо умуман ва мутафаккирони ин ё он мактабҳои фалсафӣ ба чоп расониданд, ки дар омӯзиши ақоиди фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии ниёконамон саҳми босазое гузаштаанд.
Аз ибтидои солҳои 2000-ум ба муносибати баргузории ҷашнвораҳои намояндагони барҷастаи асримиёнагии халқҳои форс-тоҷик кормандони Шуъба ба таҳлилу таҳқиқ ва таҳияи асарҳои онҳо машғул буданд. Дар натиҷа бо кӯшиши онҳо дар соли 2003 «Куллиёти осори фалсафӣ»-и Н. Хусрав, ки асарҳои «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Кӯшоиш ва раҳоиш» ва «Хон-ул-ихвон» соли 2004 ба муносибати  600-солагии Хоҷа Аҳрор осори мунтахаби вай ва пайравонаш, ки «Рисолаи Фақарот», «Рисолаи Рқиъот», «Рисолаи Валадия», «Силсилаи насабномаи Хоҷагон», «Маноқиби Ҳазрати Эшон» ва «Рашаҳот Айналҳаёт»-ро дар бар мегиранд, интишор намуданд.
  Дар соли 2005 ходимони Шуъба ба муносибати ҷашни 1125-солагии Абӯалӣ ибни Сино ҷилди аввали  осори 15-ҷилдаи асарҳои ин мутафаккири барҷастаро омодаи чоп намуданд, ки «Рисолаи саргузашт», «Донишнома», «Ишорот ва танбеҳот», «Мабдаъ ва маъод» ва «Азҳавия» эҳтиво мекунад.   Ба ҳамин минвол кормандони Шуъба дар баргузорӣ ва таҷлили ҷашнвораҳои Ҷалолуддини Румӣ, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абӯҳанифа, Абӯҳомид Ғаззолӣ, Абулмаҷди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Абӯҳнифа, ва дигарҳо мақолаҳою китобҳои хеле зиёде ба чоп расониданд.   
  Тавре қаблан зикр гардид, аз соли 2009 мувофиқи нақшаи таҳқиқӣ ва ӯҳдадориҳои шахсӣ  ходимони Шуъба ба ғайр аз таҳлилу баррасии ақоиди фалсафӣ ва ҷамъиятии халқи тоҷик ба омода намудани «Таърихи фалсафаи тоҷик» (аз замонҳои қадим то асри XV, ба забони русӣ, дар се ҷилд ) ва «Таърихи фалсафаи тоҷик» (аз замонҳои қадим то ибтидои асри XX ба забони тоҷикӣ, дар 5 ҷилд ) машғуланд. Дар айни ҳол ҷилди 1,2,3-и русӣ ва ҷилдҳои 1,2-и тоҷикӣ чоп шудааст. Ходимони илмии Шуъба саъю кӯшиш доранд, ки то рӯзи таҷлили 30-солагии истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилдҳои 3,4,5-и тоҷикиро аз чоп бароранд.

Ҳайати кормандони Шуъба:

Мудири Шуъбаи таърихи фалсафа

Ному насаб: Шамсов Муборакшо Саловудинович

Вазифа: мудири шуъба

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафӣ

  14 ноябри 1970 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Солҳои 1978–1988 таҳсил дар мактаби миёнаи №7 ш. Кӯлоб. Солҳои 1988–1993 донишҷӯи ДДТТ. Даҳонпизишки Шуъбаи стоматологии дармонгоҳи №2 ш. Кӯлоб (1993–95, 1996–99). Хизмат дар Артиши миллии Тоҷикистон ба ҳайси ҷарроҳи ҷоғу рӯй (1995–96). Капитани эҳтиётии қушунҳои тиббӣ. Даҳонпизишки Шуъбаи донишҷуёни дармонгоҳи №2 (ҳозира Маркази саломатии шаҳрии ш. Душанбе; 1999–2013). Даҳонпизишки ҶДММ “Икром–С” (2013–15). Унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиноси ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ (2011-15). Марти 2015 рисолаи илмиашро зери унвони “Таълимоти тасаввуфии Хоҷа Муҳаммади Порсо” ҳимоя кардааст. Аз июни 2015 то январи 2016 ходими илмӣ, аз январи 2016 то майи 2017 ходими калони илмӣ ва аз майи 2017 то ҳол мудири Шуъбаи таърихи фалсафаи Иститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ. Ҳамзамон муҳаррири Шуъбаи биология, химия ва тибби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик (2015–2017). Аз соли 2017 муҳаррири пешбари Шуъбаи таърихи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик. Дар давоми фаъолият дар СЭМТ ба таҳрир, тарҷума, баргардони маводҳои илмии марбут ба соҳаи биология, тиб, таърих, дин, фалсафа машғул аст. Аз ҷумла аз форсӣ ба сириллӣ баргардони китоби Ричард Вокир “Шигифтиҳои бадани инсон” ба қалами ӯ тааллуқ дорад (2015).

Дар бахши таърихи фалсафа таҳқиқот дар сохаи тасаввуф, калом ва фалсафаи машшо анҷом дода истодааст. Муаллифи беш аз 30 таълифоти илмӣ.  

Осор: Суфийское учение Ходжа Мухаммада Порсо. Д., 2014; Дастури таълимӣ. Таърихи фалсафа. Д., 2015; Дастури таълимӣ. Сиёсатшиносӣ. Д., 2016; Дастури таълимӣ. Этикаи касбӣ. Д., 2017; Дастури таълимӣ. Диншиносӣ. Д., 2017. Силлабус. Религиоведение. Д., 2017; Дастури таълимӣ. Таърихи фалсафа барои докторантони PhD. Д., 2018.

 

Узви пайастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон

Кароматулло Олимов - файласуф, ходими давлатӣ, доктори илми фалсафа, профессор, узви пайастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (2014), Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998),  Академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2003), унвони Сафири сулҳи ҷаҳонӣ (ИМА, 2003),

  27 июли соли 1944 дар ш. Истаравшан дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Мактаби ҳафтсолаи деҳаи Боғи калон ва мактаби миёнаи №1 ба номи М.Горкийи (холо ба номи Н. Қодиров)-и ш. Истаравшан (1959)  ва шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1964). Ҳамон сол ба аспирантураи АИ ҶТ дохил шуда,  соли 1971 рисолаи номзадӣ ва соли 1994 докториро ҳимоя кардааст. Дар аввал ба ҳайси муаллими мактаби миёнаи № 62 ш. Душанбе (солҳои 1964-65) ва №19 деҳаи Боғи Калони ш.Истаравшан (солҳои 1965-1966), аспиранти АИ ҶТ 1964-1965, 1967-1969), ходими хурд, ходими калон, ходими  пешбари илмӣ, мудири сектори таърихи фалсафа дар институти фалсафаи АИ кор кардааст. Дар солҳои 1974-1977 ба ҳайси сартарҷумон дар ш.Мазори Шарифи Афғонистон, солҳои 1980-1984 дар Кобул дар гурўҳи мушовирони КМ ҲКИШ ба ҳайси роҳбари гурўҳи тарҷумонҳои Мушовирони ҳизбии ҲК дар КМ ҲХДА  ва тарҷумон-маслиҳатчии  мушовири махсуси КМ ҲКИШ дар назди Котиби генералии ҲХДА Бабрак Кормал (ш.Кобул) ҳамчун котиби дуюми сафорати Иттиҳоди Шўравӣ ифои вазифа намудааст.

  • Мудири бахши Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1985-1990),
  • Мушовири идеологии КМ ҲКТ ( 1990-1991)
  • мудири кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, (1992-2000),
  • котиби якуми Кумитаи шаҳри Душанбеи ПК Тоҷикистон (1996-2000),
  • узви Комиссияи оштии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2000),
  • намояндаи Маҷлиси шаҳри Душанбе (1996-2000),
  • вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2004),
  • мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеа (2004-2007),
  • раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО (2001- то 2012).
  • Директори Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон, (2007-2008).
  • Директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҶТ (2008-2010).
  • Ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, - раиси Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон(2010-2016),
  • узви Раёсати Академияи илмҳои ҶТ, (2010-2016)
  • сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ (2016 то имрўз).

Фаъолияти илмӣ

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафа, шарқшиносӣ.сиёсатшиносӣ Кароматулло Олимов ба таҳқиқи афкори фалсафии ниёгон ҷуръат намуд, паҳлӯҳои мухталифи ҷаҳонбинии Абулмаҷд Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаиди Абулхайр, Мустамлӣ, ро ҳамаҷониба муайян сохт ва дар шакли китобу рисола ба хидмат овард, ҳикматиИбни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Бедил, Пири Ҳирот ва дигаронро омӯхта, перомуни аҳамият ва таъсири он ба фалсафаи ҷаҳонӣ мақолаҳои арзишманд ба табъ расонд, самту хусусиятҳои инкишофи афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ - ахлоқии мардуми форсинажодро нишон дод. Дар китоби «Тасаввуфи Хуросон» (соли 1994) аввалин маротиба дар илми таърихи фалсафаи тоҷик осор ва зиндагиномаи орифони машҳури карнҳои IX -XII ҳамаҷониба мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифт. Муаллиф масоили умдаи фалсафаи таълимоти суфиёни Хуросон, аз ҷумла ҳастӣ, маърифат, иҷтимоъу ахлоқро мувофиқи усул ва методологияи пешқадами илми муосири фалсафӣ ва арзишҳои умумибашарӣ тарҳрезӣ намуд, дар он баробари масъалаҳои назариявӣ мушкилоти амалии таълимоти орифон инъикос ёфтааст. Дар канори пажўҳишу таҳқиқ ин донишманди пуркор ба тарҷумаи осори илмӣ ва бадеӣ низ шуғл меварзад, минҷумла асарҳои безаволи Ҳаким Ибни Сино «Азҳавия», «Мабдаъ ва маъод»- ро аз тоҷикӣ ба русӣ ва «Ишорот ва танбеҳот»- ро (бо ҳамкории Аскардаев К. ва Зиёваддинова )  аз форсӣ ба тоҷикии кириллӣ  баргардонида аст. Асари хеле ҷолиби Алишери Навоӣ «Маҳбуб-ул-қулуб»-ро аз ўзбакӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудааст. Зери назараш чандин маҷмӯъа, рисолаҳои илмӣ, адабию маълумотдиҳанда рӯи чоп дидаанд, ба бисёр китобҳои илмӣ тақриз навишта аст. Устод Кароматулло Олимов аз адабиёти пешину муосири тоҷик хуб огоҳӣ дорад, ба шеъргӯӣ вақт меёбад, табъаш баланд аст, тавсифу ситоиши фазилатҳои неки инсонӣ мавзӯъи ососии ашъорашро ташкил медиҳад. Осори илмии ин файласуфи ҷиддикор дар Руссия, ИМА, Олмон, Лаҳистон, Эрону Афғонистон ва дигар кишварҳо нашр шуда, номрафта дар конфаронсу симпозиумҳои байналмилалии ҳикмату фарҳаншиносӣ суханронӣ намуда, масоили умдаи илми фалсафаро мавриди баҳс қарор додааст. Асарҳои гаронбаҳои олими намоёни тоҷик дар пажӯҳишу баррасии масоили мубрами фалсафа ва дигар риштаҳои илм ҳамчун ҷароғи ҳидоят мусоидат хоҳад кард. Кароматулло Олимов ҳамчун сиёсатмадор низ ба мартабаҳои баланд расидааст ва дар вазифаҳои вазири фарҳанг, мушовири давлатии Президенти мамлакат фаъолият намудааст. Чанд сол ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон- сарварии шӯъбаи илмҳои ҷомеашиносии Академияи мазкурро ба ӯҳда дошт. Mуаллифи беш аз 400 мақолаву асарҳои илмӣ ва илмию публисистӣ, аз ҷумла монографияҳои "Ҷаҳонбинии Ҳаким Саноӣ", "Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ", "Тасаввуфи Хуросон" (ба забони русӣ), "Баррасиҳо дар тасаввуф", «Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат» (2018), «Машъали хирад», «Бисёрҳизбӣ ва ҷомеаи демократӣ» ва ғайра. Бо тащшаббуси ў аввалин бор таърихи фалсафаи тоҷик дар се ҷилд ба забони русӣ («История таджикской философии с древнейших времён до ХУ века» т.т.1,2.3,) ба нашр расидааст. Муаллифи силсилаи мақолаҳо оид ба проблемаҳои ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатист. Ҳангоми раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои Юнеско («2001-2012)  буданаш барои ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии Юнеско ворид намудани шоҳасари мусиқии тоҷик «Шашмақом» (Париж, 2003) , ба феҳристи ёдгориҳои таърихии Юнеско шомил намудани Саразм  (Бразилия, 2010), ба феҳристи ёдгориҳои табии Юнеско ворид шудани «Боғи миллиии Тоҷикистон»  ва баргузории Рўзи Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидмати арзандаро иҷро кардааст. Кароматулло Олимов шогирдони зиёдро аз ҷумлаи докторон ва номзадҳои илми фалсафа тарбия кардааст. Ба ҳайси Раиси Шўрои диссертатсионии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурӣ ва узви шўроҳои дигари диссертатсионӣ ва илмӣ дар тайёр кардани кадрҳои дорои унвонҳои олии илмии номзад ва доктори илми фалсафа  масъулияти ҷиддиро ба дўш дорад, ки дар ин Шўро дар солҳои 2011-2018)  наздик 100 нафар рисолаҳои илмиро дифоъ кардаанд, ки аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии (ВАК) Россия тасдиқ гардида унвонҷўён соҳиби дипломи номзад ва доктори илм шудаанд. Кароматулло Олимов  Сармуҳаррири «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010-2016), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ ва рўзномаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла «Ахбори Шуъбаи ҷамъиятшиносии АИ ҶТ», муовини Раиси Шўрои илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», маҷаллаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии Оренбург «…..Инновация. Инвестиция» мебошад. Ҳамчунин Раиси ҷамъияти дўстии Тоҷикистон-Покистон, узви Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва робитаҳои фарҳангии  Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, узви Раёсати Кумитаи сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Сармуҳаррири «Донишномаи Истаравшан» низ мебошад. Бо ташаббуси академик К.Олимов дар деҳаи Боғи Калони ш.Истаравшан ду мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ сохта ба истифода дода шуда аст.

Намунаи осор

  • Мировозрение Санои. - Душанбе, 1973.-137 с.
  • Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ. - Душанбе, 1988. – 135 с.
  • Хорасанский суфизм. – Душанбе, 1994. - 292 с.
  • Хорасанский суфизм: Опыт историко - философского исследования. – Ташкент, 1994. – 50 с.
  • Бисёрҳизбӣ ва ҷомеъаи демократӣ. - Душанбе, 1995. - 24 с.
  • Баррасиҳо дар тасаввуф. - Душанбе, 1999. - 140 с.
  • Андешаҳо дар бораи фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ. Душанбе, 2014. 380 с.
  • Олами ирфон(Мир суфизма). Душанбе, «дониш», 2014. 670 с.
  • Тарҷумаи китоби  «Маҳбуб-ул-қулуб»-и Алишери Навоӣ ба тоҷикӣ (Душанбе, 2018) 180 с.
  • Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат. «Дониш». 2018. 90 с.
  • Машъали хирад. (Дар бораи академик А.Баҳоваддинов), 60 с.
  • Паёми садоқат. Маҷмўаи шеърҳо. «Адиб» 2014. !94 с.
  • История таджикской философии. Д., «Дониш», т.1-3, 2010. (муҳаррир ва ҳаммуаллиф)
  • Мақолаҳо дар рўзномаҳо, маҷаллаҳо ва китобҳои дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон, Олмон, ИМА, Хитой, Полша, ФР, Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон ва ғ.

Мукофотҳо

  • Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ»-и Иттиҳоди Шўравӣ (1982),
  • «Шараф» дараҷаи I,(2003)
  • Медали ҷашнии Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС,
  • Медалҳои нуқрагии  «Мавлоно» ва «Ибни Сино»-и Юнеско( 2007, 2009)
  • Унвони Сафири сулҳи ҷаҳонӣ (Ню Йорк. 2003)
  • Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998).
  • Медалҳои Ҷумҳурии Демократии Афғонистон «Аз халқи миннатдори афғон»( 1997), [2]
  • Диплом «Барои саҳми шахсӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ», (СПб, 2013)
  • Ҷоизаи байналмилалии Манучеҳри Фарҳангӣ (2016)

Доир ба зиндагӣ ва феҳристи осори Кароматулло Олимов муфассал ниг. Китобномаи шарҳиҳолӣ - Душанбе, 2014. - 122 с. ва «Ҳисоботи аъзои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» солҳои 2008, 2009, 2010, 2011, 2012, 2013, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018.

Аспирантон ва докторантоне, ки таҳти роҳбарии  К.Олимов рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ кардаанд:

  1. Содиқова Н.Н.-доктори илмҳои фалсафӣ.
  2. Зиёӣ Хуршед-доктори илмҳои фалсафа
  3. Зиёев Идибек-доктори илмҳои фалсафа
  4. Мирзоев Ғаффор-номзади илмҳои фалсафа
  5. Муҳаммадхоҷаева Парвина-номзади илмҳои фалсафа
  6. Диноршоева З.-номзади илмҳои фалсафа (ҳоло доктори илмҳои фалсафа)
  7. Муллобоева Д.-номзади илмҳои фалсафа
  8. Асрорӣ Мирзошоҳрух-номзади илмҳои фалсафа
  9. Ашрофӣ-номзади илмҳои фалсафа
  10. Зиёӣ Сейед Абдолхамид Сейед Насроллах -номзади илмҳои фалсафа
  11.  Дехешкаргоне Фарахани Махиналсада -номзади илмҳои фалсафа
  12.  Маъсума Маҳдавӣ-номзади илмҳои фалсафа.
  13. Доизода Ҷилодор Амин Шукруллоҳ-номзади илмҳои фалсафа

Сафарҳо ба кишварҳои хориҷӣ дар ҳайатҳои расмӣ ва бо супориши Ҳукумати ҶТ ва сафарҳои илмӣ:

   -Афғонистон, Австрия, ИМА, Япония, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Франсия, Марокаш,  Бразилия, Қатар, Амороти Маттаҳидаи Араб, Туркманистон, Озарбойҷон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Федератсияи Россия, Украина,Ўзбекистон, Қирғизистон, Чехия,

 - Маърўзаҳо дар Конференсияҳои байналмилалӣ Москва,Санкт-Петербург, Уфа, Мелеуз, Ню-Йорк, Сеул, Пекин, Урумчи,  Деҳлӣ,  Исломобод, Кобул, Теҳрон, Машҳад, Истамбул, Боку, Париж, Прага, Доҳа, Марокаш, Дубай, Тошканд, Навоӣ, Алма-Ато, Остона( ҳоло Нур Султон), Бишкек, Душанбе, Кўлоб.

 


Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ашуров Ғаффор Ашурович – сарходими илмии Шуъбаи таърихи фалсафа, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1976), номзади илмхои фалсафа (1964), 5 марти соли 1930 дар ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1945 баъди хатми мактаби ҳафтсолаи ноҳия ба техникуми китобшиносии ш. Сталинобод дохил шуда, соли 1948 онро  бо дипломи аъло хатм намудааст. Соҳои 1948–1952 донишҷӯи Институти китобшиносии Маскав (ҳоло  Донишгоҳи давлатии фарҳангу  ҳунари Маскав). Баъди хатми Донишгоҳи мазкур, муддате дар Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳайси муҳаррир – мутахассиси калон кор кардааст.

Аз соли 1955 то ҳол тамоми фаъолияти Ғаффор Ашуров бо Шуъбаи фалсафаи АИ РСС Тоҷикистон ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ алоқаманд аст.

Соли 1955 ва ба аспирантураи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон  дохил шудааст. Баъди хатми аспирантура, солҳои 1958–1960 ба ҳайси ходими хурди илмӣ, аз соли 1960 то соли 1969 мудири бахши  таърихи фалсафа фаъолият намудааст. Аз соли  1969 то соли 1988 Ғаффор Ашӯров вазифаи мудири Шӯъбаи фалсафаро ба ӯҳда  дошт. Дар ин  муддат дар  таҳқиқ,  тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси  фалсафӣ хидматҳои  хеле бузург анҷом доданд.

Соли 1964 дар мавзӯи «Ақидаҳои фалсафии Носири Хусрав» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Соли  1976 узви вобастаи АИ РСС Тоҷикистон  интихоб шудааст. Ғ. Ашуров иштирокчии фаъоли конгресси байналхалқии гегелшиносӣ дар  Ҷумҳурии демократии Олмон (1970), конгресси ЮНЕСКО, «Ислом, илм, фалсафа» (1981) мебошад. Дар конгресси охирӣ  бо  маърузаи «Сохт ва  мазомини  фалсафаи  асримиёнагии Эрону Араб» баромад кардааст.

Солҳои 1987 – 1989 ва 1999 – 2001 Академик - котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятии АИ интихоб шудааст. Аз соли 1972 то 1988 раиси Шӯъбаи  Тоҷикистонии Ҷамъияти фалсафаи ИҶ ШС буд. Аз соли  1988 то имрӯз Сарходими илмии Шӯъбаи таърихи фалсафаи  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ мебошад.

Ба қалами Ғаффор Ашуров бештар аз 150 мақола ва се монография: «Философские взгляды Носира Хисрава», Душанбе, 1964, «Фалсафаи давраи сомониён». Душанбе,  2006 ва «Маорифпарварӣ» Душанбе, 2010 тааллуқ доранд. Як қатор асарҳояш ба забонҳои олмонӣ ва англисӣ тарҷума шудаанд. Таҳти роҳбарӣ ва машваратии А. 12 нафар  рисолаи  номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.

Ғ.Ашӯров бо ордени «Нишони Фахрӣ» (1980), Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. (1970), медали «Барои меҳнати шоён (1970) сарфароз гардидааст.

Мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ:  таърих ва назарияи фалсафа, ахлоқ ва афкори иҷтимоӣ-сиёсӣ

 
http://www.zoofirma.ru/