wrapper

Шуъбаи фалсафаи фарҳанг 01. 04. 2011 таъсис ёфтааст. Аз рӯзи таъсисаш то кунун роҳбарии онро доктори илмҳои фалсафа Раҳимов Саъдулло Хайруллоевич ба зима дорад.
Дар Шуъба кормандони зерин фаъолият доранд:
Сарходими илмӣ – доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Музаффарӣ Муҳаммад-Алӣ (0,5 баст) – мутахассиси бахши антропологияи фалсафӣ;
Ходими пешбари илмӣ – Раҳматуллоев Нарзулло (Назри Яздонӣ) – номзади илмҳои фалсафа, Шоири халқии Тоҷикистон;
Ходими пешбари илмӣ – Алишери Муҳаммад (0,5 баст) – номзади илмҳои фалсафа;
Ходими калони илмӣ – Зиёева Зебониссо Идибековна – номзади илмҳои фалсафа;
Лаборант – Латофат Амидова.  
Алъон Шуъба дорои чанд аспиранту унвонҷӯён мебошад, ки фаъолияти таҳсиливу илмии онҳо зери назорати Шуъба ва маъмурияти Институт ва АИ мебошад.
 
Дар солҳои гуногуни гузашта дар Шуъба ба ҳайси ходимони илмӣ фаъолият доштанд: Содиқова (Содиқӣ) Н.Н. – доктори илмҳои фалсафа, профессор, Маҳмадова М. – доктори илмҳои фалсафа, Комил Бекзода – доктори илмҳои фалсафа; Ниёзов Ё. – номзади илмҳои фалсафа; Бобоёров Ҳ. – доктори PhD; Каримова Рӯҳайё, номзади илмҳои таърих, фарҳангшинос. Асарҳои илмии номбурдагон дар руйхати мақолоти илмии Шуъба дар замони фаъолияти эшон ба ҳайси корманди Шуъба ба назар гирифта шудааст.
 
  Халқи тоҷик аз шаҷараи ориён буда ба тариқи насабу ҳасаб (ге-нетикӣ) нерӯи фарҳангсозиро аз қадим то ба имрӯз меросӣ зуҳур менамоянд. Лиҳозо аҳли башар саҳми ориёиён ва тоҷиконро дар рушди фарҳанги умумиҷаҳонӣ пазируфтаву эътироф намудаанд ва ҳатто донишмандони маъруфи дунё дар пажӯҳишу омӯзиш ва ҳам тарғибу татбиқи фарҳанги ориёиву тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд. Муҳаққиқони тоҷику форс низ дар омӯзиши таърих ва муҳтавои фарҳанги худӣ кӯшишҳои арзанда ба харҷ додаанд. Аммо ин тадқиқоту пажӯҳиш бештар дар чаҳорчӯбаи бозёфтҳои ҳафриётӣ, таърихшиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, ҳунаршиносӣ, мардумшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва монанди ин колбати хосаи илмҳои алоҳида сурат гирифтааст. Пажӯҳиши ин фарҳанг аз дидгоҳи фалсафа ва ё аниқтараш аз дидгоҳи фалсафаи фарҳанг ягон-ягон, пароканда дар мисоли масъалаҳои ҷудогона баррасӣ шудаасту бас. Яъне ин дастовардҳо аз дидгоҳи фалсафаи фарҳанг ба тариқи комил омӯхта нашудааст. Аз ин рӯ савол ба миён меояд, ки тафовути фалсафаи фарҳанг аз фарҳангшиносӣ ва дигар фанҳое, ки падидаҳои фарҳангиро меомӯзанд, дар чист? Яке аз мутафаккирони барҷастаи Олмон Г.В.Ф. Ҳегел таъкид карда буд, ки таърих ва моҳияти фарҳангро танҳо дар қолаби тафаккури фалсафӣ метавон амиқу дақиқ шинохт ва баррасӣ кард.
  «Хусусияти фалсафаи фарҳанг, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад,  ки дар он фарҳанг ҳамчун предмети рефлексӣ (яъне худмуайянкунанда) қарор мегирад. Дуввум – тарзи шинохти фарҳанг дар ҷарайёни тафаккури ратсионалӣ ва назариявӣ сурат мегирад. Сеюм, фарҳанг дар он на аз зуҳуроти мушаххаси худ, балки ҳамчун падидаи маҷмӯӣ, ҳамчун предмети якпорчагӣ дониста мешавад. Чорум, фалсафа кӯшиш мекунад, ки моҳият ва салоҳияти фарҳангро ҳамчун падидаи кулл муайёян кунад, на ҷузъ. Фалсафаи фарҳанг қавонун ва масоили умумии фарҳангро дар ҷарайёни тарихӣ, таҳавулӣ, интеллектуалӣ таҳқиқ мекунад. Ниҳоят, панҷум, фалсафаи фарҳанг дар бораи шароити мавҷудияти фарҳанг ва шаклҳои мухталифи он саволҳои умдаи чуну чаро гузошта, сабабият ва натиҷаро таҳққ менамояд. Рефлексия – ин воситаи худогоҳӣ, худшиносист. Пас робитаи фарҳанг бо фалсафаи фарҳанг маънои худшиносии фарҳангро дорад». (https://studopedia.ru/8_81879 - вуруд 22.02.2020). Фарҳангшиносӣ фарҳангро тасвир менамояд, фалсафа бошад онро баҳо медиҳад.
  Дар раванди тадқиқи фалсафии фарҳанг ҷанбаи таърихию ратсионалӣ ва таҳаввулии фарҳанг, рӯйдодҳои куллу муҳим, низомдор, дорои сабабияту натоиҷ амиқ ва барҷаста ба назар гирифта мешаванд, на ин ки падидаҳои тасодуфӣ ва ҷузъ. Маҳз аз дидгоҳи кулл моҳияти ҷузъ мушаххас гардида, қолаб, низом ва усулҳои таҳқиқи он муайян мегардад. Фарҳангшиносӣ ва илмҳои дигари дақиқу мушаххас аз дидгоҳи худ ин ё он паҳлӯи хоси фарҳангро меомӯзанд, хусусиятҳои мушаххаси предмети тадқиқоти худро муайян месозанд. Фалсафаи фарҳанг бошад, онро дар раванди тамоюлҳои умумифарҳангӣ ва иҷтимоии ҷаҳонӣ дида, ба он баҳои фалсафӣ медиҳад, арзиши фарҳангии онро аз мақоми фалсафӣ муайян месозад. Яъне, такрор мекунем, фарқ инҷо миёни илми мушаххас ва фалсафа, миёни ҷузъ ва кулл мебошад. Фалсафаи фарҳанг фарҳангро ҳамчун падидаи яклухту умумӣ мебинад. Фарҳангшиносӣ бошад фарҳангро дар шаклҳои мушаххас мебинад. Аз ин мавқеъ фалсафаи фарҳанг, ки худ ҷузъи фарҳагшиносӣ мебошад, вале барои фарҳангшиносӣ нақши методологиро иҷро мекунад.
Фалсафаи фарҳанг умумиятҳои фарҳангии миллатро дар партав ва раванди кулли тамаддуни инсонӣ муайян менамояд.
  Гуфтан ҷоиз аст, ки ба хотири тавоно ва аз воқеияти таърихӣ қадимтар нишон додани қавму нажоди хеш, баъзе олимони ҳангомаҷӯй мекӯшанд дастовардҳои фарҳанги миллати дигарро моли миллати хеш муаррифӣ намоянд. Ҳамин чиз дар нисбати фарҳанги эронитаборон, бахусус фарҳанги тоҷикон мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ яке аз вазифаҳои асосии Шуъбаи фалсафаи фарҳанг маҳз гирд овардан ва таҳқиқи илмию фалсафӣ намудани дастоварди бешакки фарҳанги миллати тоҷик мебошад. Дар назар аст, ки Шуъбаи мазкур тамоми тадқиқоти дар ин ҷода ба даст омадаро гирд оварда, мавзӯъҳои калидиро, аз қабили сарчашмаҳои фарҳангсоз, саҳми фарҳанг дар рушди инсон ва ҷомеа, саҳми фарҳанги моддӣ ва маънавӣ дар ташаккул ва шаклгирии ҳувият ва худшиносии миллӣ, дар шаклгирии ҳунарҳои зебо, сиёсати фарҳангии давлат, адюн, дар таносуби анъана ва навоварӣ, таҳаввули фарҳанг дар марҳилаҳои мухталифи таърих, ҳамбастагии фарҳанги гузашта бо баъдина ва ҳам гароиши он бо тамаддуни башарӣ боздид намуда, моҳият ва мӯҳтавои онро аз нигоҳи фалсафӣ бо тарзу усул ва методологияи муфиди мухталифу ҷадид арҷу баррасӣ мекунад. Ин фаъолияти Шуъба дар ҳолате, ки кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар вазъи шинохти мероси хеш ва дар ин асос ба сохтани ҷомеаи кушоду демократӣ, ҳуқукбунёд ва тарзи зисти наву пешқадам саъй дорад, аҳамияти страегӣ пайдо мекунад.
  Дар оянда дар назар аст, ки Шуъба якҷоя бо маъмурияти Институт ташаббускори тадқиқотҳои муштараки байналмилалӣ, доиркунандаи симпозиуму конфронсу семинарҳои байналмилалӣ оид ба фалсафаи фарҳанги тоҷику форс мегардад.
   Шуъбаи фалсафаи фарҳанг дар оянда ба ҳайси сохтори ҳамоҳангсози тадқиқотҳо доир ба методологияи умумии фарҳангшиносии тоҷик метавонад саҳмгузор шавад.
  Шуъба дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос доир ба соҳа низ саҳм мегирад. Ходимони илмии Шуъба борҳо бо ифтихорномаи Академияи илмҳои ҶТ, ҷоизаву сертификатҳои ташкилотҳои байналмилалӣ қадр карда шудаанд.
  Шуъба ба ҳайси сохтори экспертӣ барои дифоъи рисоласҳои илмии унвонҷӯии соҳа низ фаъолият менамояд. Ҳоли ҳозир қисми зиёди рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, ки дар ихтисоси 09.00.13 – антропологияи фалсафӣ ва фалсафаи фарҳанг барои дифоъ ба Шӯрои диссертатсионии Институт пешниҳод мешаванд, ҳатман аз муҳокимаи Шуъба мегузаранд.
  Фаъолияти Шуъба нафақат ба шакли пажӯҳишҳои сирф илмӣ, балки ба шакли илмӣ-оммавӣ, китобҳои дарсӣ доир ба фарҳангшиносӣ, эстетика, мардумшиносӣ, назарияи ҳунарҳои зебо, хулқшиносӣ, одоби муошират ва амсоли ин низ нигаронида шудааст. Кормандони Шуъба дар навиштани китоби бисёрҷилдаи дастҷамъии Институт «Таърихи фалсафаи тоҷик» низ саҳм гирифтаанд.
  Мавзӯи расмии тадқиқотии панҷсолаи Шуъба ба солҳои 2013–2017 рост меояд. Маҳз аз ҳамин солҳо сар карда мавзуи «Масоили ақлгароӣ дар таърихи фарҳанги тоҷик», рақами бақайдгирии давлатиаш: ГР № 0113TJ00316) номнавис шудааст.
  Дар панҷсолаи минбаъда (2018 – 2022) Шуъба сари мавзӯи «Зиёиёни тоҷик ва тағйирпазирии фарҳанги замони Истиқлол» (2018 – 2022) ГР № 0118TJ00864 тадқиқот мебарад.
  Аз соли таъсис то кунун аз ҷониби ходимони илмии Шуъба 17 китоб ва 238 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия ва ба табъ расонида шудааст. Бахусус баъзе асарҳои кормандони илмӣ дар кишварҳои хориҷ ба забони англисӣ, русӣ ва кореягӣ аз чоп баромадаанд. Аз дастовардҳои илмии кормандони Шуъба чунин асарҳои илмиро метавон номнавис кард:
 Рӯйхати китоб ва монографияҳои мутааллиқи кормандони Шуъба аз соли 2011 то 2020:
  1. Монографияи дастҷамъӣ. Синамои мустанад дар маркази таваҷҷӯҳ. Раҳимов С.Х. Драматургия/Мастер-класс: – Душанбе, 2011. – 184 с. – С. 97 –
  2. Раҳимов С. (дар ҳаммуаллифӣ бо Элбаум Г.) Энсиклопедияи кинои тоҷик. – Душанбе: «Эр-граф», 2012. – 396 с. (ба забони русӣ.) ISBN 978-99947-919-4-1;
  3. Монографияи дастҷамъӣ. Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо. – Душанбе: Дониш, 2013. – 171 с.;
  4. Монография. Бобоёров Ҳ. "Collective Identities and Patronage Networks in Tajikistan" ("Ҳувиятҳои коллективӣ ва системаи иҷтимоии Тоҷикистон"). – Берлин: Лит Ферлаг, 2013, - 296 с. (Ба забони англисӣ).
  5. Монография. Бобоёров Ҳ. Методологияи “бехатарии вуҷудӣ”: мавзӯи нестӣ дар фалсафаи Ғарб. – Душанбе: Дониш, 2015. –
  6. Монография. Рахимкахмини Мохаммадхасан Нуруллах (аспиранти Шуъба). Эстетика феномена Абсурда в философии, искусства на примере драмы. – Душанбе, 2015. 127 с. – С. 6 – 7.
  7. Монография. Яъқубӣ Ҷаъфар Раҷабалӣ (аспиранти Шуъ­ба). Философские основания и культура антропони­мики в Иране и Таджикистане. – Душанбе: Ирфон, 2016. 208 с.
  8. Монография. Яъқубӣ Ҷаъфар Раҷабалӣ. Мабонии фалсафӣ ва фарҳанги номгузорӣ (Нигоҳи нав ба номгузории афрод дар Эрон ва Тоҷикистон). Нозири илмӣ Раҳимов С. – Теҳрон: Сахноварон, 1395. 174 с. (ба ҳуруфи форсӣ)
  9. Монографияи дастҷамъӣ. Истиқлолият ва фарҳанг. – Душанбе: 2017. – 276 с.
  10. Назри Яздонӣ. Ҳикмати озодагон. Нашри саввум. – Хӯҷанд: Хуросон, 2017. – 528 с.
  11. Коллективная монография «История национальных кинематографий в СССР и перспективы развития кино в государствах-участниках СНГ, странах Балтии и Грузии». Рахимов С.Х. – автор главы «История таджикского кино: этапы идентификации.» – Москва, 2018. 771 с. – 392 – 440.
  12. Маҷмӯаи мақолаҳо. Шукурова С.Н. (аспиранти Шуъба) Армуғони пайванди фарҳангӣ (). Муҳаррири масъул: Муҳаммад А.Н. – Душанбе: Ирфон. – 272 с.
  13. Монография. Назри Яздонӣ. Ойини ойина. (Назри Яздонӣ. Аҳвол ва осор). – Хӯҷанд: Хуросон. 2018. – 420 с.
  14. Китоби дарсӣ, Зиёева З. И. (дар ҳаммуаллифии Зиёев И.) Ахлоқ ва зебоишиносӣ. – Душанбе, 2019. – 480 с.
  15. Монография. Рахимов С.Х. Актуальные проблемы таджикской культуры. – Душанбе, 2020. – 340.
  16. Монография. Рахимов С.Х. Очерки истории и теории таджикского кино: этапы идентификации. – Душанбе, 2020. – 342 с.
  17. Монография. Рахимов С.Х. Хорошее кино – имидж государства. – Душанбе, 2020. – 344 с.
  
Рӯйхати мақолоти илмии кормандони Шуъба дар маҷмӯа ва матбуоти даврӣ аз соли 2011 то 2020:
 
Соли 2011
  1. Ниёзов Ё. Нигоҳи тозае ба ирфони Ибни Сино.//Паёми Донишгоҳи миллӣ. 2011, № 4.
  2. Ниёзов Ё. Нигариши ирфонии Ибни Син..//Паёми Донишгоҳи миллӣ. 2011, № 6.
  3. Рахимов С. Эстетика зороастризма/Таърихи фалсафаи точик. – Душанбе: Дониш, 2011, 582 с. - С. 395 – 428; 532 – 534 (1,7 п.л.)
  4. Рахимов С. Другим стал мир, моя река, а ты все та же./ Мирзо Турсунзаде и теоретические проблемы новой таджикской культуры. – Душанбе, 2011, 438 с. – С. 403 – 426. (1,3 п.л.)
  5. Рахимов С. Сравнительный анализ мифологического сознания и современного мифа. /Традиции и процессы демократизации в Таджикистане. Том 2. Душанбе, 2011, - 220 с. – С. 30 – 39, (0,3 п.л.)
  6. Рахимов С. Традиции прошлого и современность: культурологический аспект. Традиции и процессы демократизации в Таджикистане. Том 2. Душанбе, 2011, - 220 с. – С.135 – 139. (0,6 п.л).
  7. Раҳимов С.Х. Суннатҳои гузашта ва замони кунунӣ: диди фарҳангшиносӣ (русӣ) /Традиции и процессы демократизации в Таджикистане. Том 2. Душанбе, 2011, - 220 с. – С.135 – 139. (0,6 п.л.)
  8. Раҳимов С. Статьи: «Александров Г. С.» (в соавторстве) (С. 292 – 293), «Андреев Б. Ф.» (С. 453 – 454), «Артемйев Э. Н.» (С. 564)/ Энциклопедияи миллии тоҷик, т. 1. (А - Асос). – Душанбе, 2011, 608 с. (0, 5 п.л.).
  9. Рахимов С. Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон/Номаи Пажӯҳишгоҳ. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ. Душанбе, № 22, тирамоҳи соли 2011. - С. 33 – 53 (1 п.л.).
  10. Раҳимов С. Истиқлолият ва саҳми мо. // ”Садои Шарқ”, 2011, № 9, - С. 20 – 28. (1 п.л.)
  11. Раҳимов С. Рӯди ман, олам дигар шуд.../ “Садои Шарқ”, 2011, № 10, - С. 21 – 34. (1, 3 п.л.)
  12. Рахимов С. Архитектура, меняющая наше сознание. // Народная газета. – 20 января 2011, № 3 (0,3 п.л.)
  13. Раҳимов С. Сухани ишқ.... / Баҳори Аҷам. – 28 января 2011, № 2 – 2, (0,3 п.л.)
  14. Раҳимов С. Истиқлолият ва мафкураи нав// Баҳори Аҷам. – 11 февраля 2011, № 4, (0,3 п.л.)
  15. Рахимов С. Краткая история таджикского кино//Календарь, выпущенный Институтом открытого общества. (0,5 п.л.)
  16. Раҳимов С. Тавбатаронаҳои Сайф //Ҷумҳурият. – 19 мая 2011, № 71-72, (0,4 п.л.)
  17. Раҳимов С. И вновь размышляя о «Братане»// Сафват (ежемесячная газета) - № 2, июль 2011г., С. 10 (0,3 п.л.)
  18. Раҳимов С. Эстетика зороастризма. / Таърихи фалсафаи точик. – Душанбе: Дониш, 2011, 582 с. - С. 395 – 428; 532 – 534 (1,7 п.л.)
  19. Рахимов С. Другим стал мир, моя река, а ты все та же./ Мирзо Турсунзаде и теоретические проблемы новой таджикской культуры. – Душанбе, 2011, 438 с. – С. 403 – 426. (1,3 п.л.)
  20. Раҳимов С. Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон/Номаи Пажӯҳишгоҳ. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ. Душанбе, № 22, тирамоҳи соли 2011. - С. 33 – 53 (1 п.л.).
  21. Раҳимов С.Х. Маҷиди Асадӣ. Маъно ва мафҳуми фарҳанг дар забони форсӣ.//Ахбори АИ ҶТ. Силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ. – Душанбе,  2011, № 2 (0,5 ҷ.ч.)   
  22. Рахимов С. И вновь размышляя о «Братане»// Сафват (ежемесячная газета) – № 2, июль 2011г., С. 10 (0,3 п.л.)
 
Соли 2012
 
  1. Бобоёров Ҳ. “Local Networks of Indigenous Knowledge Systems in Tajikistan” (“Шабакаҳои маҳаллии системаҳои дониши бумӣ дар Тоҷикистон”) // “The Journal of Post-Soviet Democratization” (Vol. 20, No. 4, Autumn 2012) (маҷаллаи илмии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон).
  2. Раҳимов С. Навруз – мировоззрение оптимизма и созидания/Навруз как явление мировой культуры. – Душанбе, 2012, 335 с. – 311 - 315 (0,5 ҷ.ч.)
  3. Раҳимов С. Фалсафа ва шеър./ Вазъи илм дар Тоҷикистон. Маводи конференсия. Душанбе, 2012 (0,8 ҷ.ч.)
  4. Туйчизода Н. (аспирант) Роль телевидения в деле воспитании детей. /Дети и окружающий мир: здоровье, образование и экология. - издание Академии педагогических наук Алтайского края Российской Федерации. – 2012. С.
 
Соли 2013
 
  1. Бобоёров Ҳ. Бӯҳрон ва устувории робитаҳои анъанавӣ дар Тоҷи­кистон. Истифодаи консепсияи “бехатарии онтологӣ””. // “Cros­sroads Asia”, - Донишгоҳи Бонн, № 13, августи соли 2013 – 33 с.
  2. Бобоёров Ҳ. Кристоф ван Аше, Анна-Катарина Ҳорниҷ ва Анастасия Шталтовна. Фарҳангҳои эпистемикӣ, фарҳангҳои дониш ва рушди иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, ӯзбекистон ва Гурҷистон. //Дар маҷаллаи Донишгоҳи Бонн “ZEF Working Papers”, № 118 (2013) – 54 саҳифа.
  3. Маҳмадова М. Фалсафаи Ҳофизи Шерозӣ./ История таджикской  философии. Т.3. – Душанбе: Дониш, 2013. 934 с., – С. 854 – 884.
  4. Ниёзов Ё.Б. Ризо Ҳайдари Нурӣ. Ибни Сино ва ирфон. Паёми донинишгоҳи миллии Тоҷикистон 3/8 (101). Қисми 1. – Душанбе: Сино 2013.  – С. 147 - 153.
  5. Ниёзов Ё.Б. Назарияи судури Ибни Сино. Ваҳдатнома. – Душанбе. 2013. – С. 163-172.
  6. Ниёзов Ё.Б. Назарияи файз дар ҳастишиносии фалсафаи Суҳравардӣ. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ. Соли 2012, № 4. С.6-11.
  7. Содиқова Н.Н. Физика и мистика в контексте различных форм описания реальности во взглядах Бедиля. / Материалы серии открытых лекций Проекта Ага-хана «Человековедение» - УЦА.- Душанбе: Ирфон,2013. – С.63-84.
  8. Содиқова Н.Н. Таҳаввули ақоиди фалсафӣ-ирфонии Бедил. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ. Соли 2012, № 3. С.6-13.
  9. Содиқова Н.Н. Бедил. /Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон.Ҷ.2. – Душанбе, 2013 (1 ҷ.ч.)
  10. Содиқова Н.Н. Мақола ба забони англисӣ дар маҷаллаи ISI. (Women in Tajikistan. Education and research.) – 1 ҷ.ч.
  11. Содиқова Н.Н. Мусульманские практики женщин и их взаимосвязь с культурными традициями таджиков. / Философия и современность.Т.2. Материалы научной конференции "Философия и современность" от 4 декабря 2012. - Душанбе, 2013. С.61-69
  12. Содиқова Н.Н. Мақоми арзишҳои миллӣ-маънавӣ дар пешгирии радикализм дар байни ҷавонон./ Маҷмӯаи мақолаҳо «Анъана ва тамоюлҳои демократи дар Точикистон» ,Ҷ.3. - Душанбе, 2013. – С.202-210.
  13. Раҳимов С. Сухане аз масоили мубрами фалсафаи фарҳанг ва эстетика дар Тоҷикистон. //Философия и современность. Материалы научной конференции. Т. 2., - Душанбе: Паёми ошно, 2013. – 170 с., С. 20 – 31. ISBN 978-99947-992-4-4
  14. Рахимов С. Мы все еще оглядываемся назад./Традиция и преемственность в таджикской культуре. Сборник статей. – Душанбе, 2013. – 608 с., - С. 268 – 278. ISBN 978-99947-49-60-7.
  15. Rahimov S. Tajik cinema at the end of Soviet era./Cinema in Ctntral Asia. I.B. TAURIS/ - LONDON. NEWYORK, 2013, 297 p. – pp. 115 -  126. ISBN 978 -1- 84511- 901-0
  16. Рахимов С. В Душанбе./«Кинодом Махмальбаф» / автор-составитель Гульнара Абикеева. – Москва: Новое литературное обозрение, 2013. – 368с.: ил., С.266 – 275.ISBN 978 – 5 4448 – 0092 – 8
  17. Rahimov S. Unknown Cinema of Tajikistan in Period of Transition: Caos Begins in Midist of Storm (1988 - 1995) /“ The Unknown New Wave of Central Asian Cinema. – South Korea: Busan International Film Festival, 2013, 209 p., - PP. 72 -  117, 204, 207.  ISBN 978-89-97307-16-6-03680.
  18. Тӯйчизода Н. (аспирант) Нақши телевизион дар бахши тарбияи кӯдакон// «Современное культуроведение», – Баку, 2013, № 1, – С. 83 – 85. маҷаллаи Маркази илмӣ-методии фарҳангшиносии Вазорати фарҳанг ва туризми Озарбойҷон.
  19. Тӯйчизода Н. (аспирант) Инъикоси ормонҳои иҷтимоӣ дар телевизиони тоҷик. /Медиареальность информационного общества. С. - Петербург, 2013. – С. 23 - 26.
Соли 2014
 
  1. Зиёева З.И. Абдураҳмон Ҷомӣ мутафаккири инсонпарвар/ Маводи конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 600 солагии Абдураҳмони Ҷомӣ «Мероси Абдураҳмони Ҷомӣ дар илм ва фарҳанги Ҷаҳонӣ» (4 – 5 октябри соли 2014, бахши фалсафа). – Душанбе: Дониш, 191 с. – С. 175 – 184.
  2. Рахимов С. Новое время дает право выбора // «Памир», №4, 2013, С. 140 – 158 (1,0 п.л., (начало статьи) номер вышел из печати в феврале 2014 г.);
  3. Рахимов С. Новое время дает право выбора (конец статьи) // «Памир», №1, 2014. С. 193 – 203,  (1,0 п.л.)
  4. Раҳимов С. Низом Нурҷонов 90-сола шуд // “Баҳори Аҷам”, № 2 (299) 28 январи соли 2014, С. 7. http://www.farhang.tj/index.php/teatr
  5. Раҳимов С. Зоҳир Дӯстматов – ҳамсафи Зиёдулло Шаҳидӣ // “Баҳори Аҷам”, № 3 (300) 11феврали соли 2014, С. 7. (0,4 ҷ.ч.);“Баҳори Аҷам”, № 4 (301) 21феврали соли 2014, С. 7.
  6. Раҳимов С. Ҳамоҳангии минор бо мажор// дар сомонаи“Баҳори Аҷам”, (0,7 ҷ.ч.)-http://www.farhang.tj/index.php/buzurgdosht-1/241-amo-angii-mazhor-bo-minor
  7. Раҳимов С. Клиповый спектакль.//Asia-Plus. 15 мая 2014, № 37 (920), - С. В 4- В5 (0, 4 п.л.) http://news.tj/ru/news/klipovyi-spektakl-na-stsene-teatra-im-mayakovskogo
  8. Рахимов С. Есть ли философия у таджиков? / Фалсафаи муосири тоҷик ва дурнамои он. – Душанбе: Дониш, 2014. - С. 30 – 36.
  9. Содиқова Н.Н.  «Особенности формирования единой евразийской идентичности на основе общих ценностей культурного многообразия» в сборнике тезисов "Чтения памяти В.Ф.Минорского (1877-1966). Источниковедение и историография стран Ближнего и Среднего Востока. Международная научная конференция (Санкт-Петербург, 8-9 октября 2013 г.) Тезисы и статьи". Спб.: Издательство "ЛЕМА", 2013. - 179 с., объем 10,5 п.л.
  10. Содиқова Н.Н. Этическая концепция Мирзо Абдулкодира Бедиля./ Дар кит. “Робитаҳои адабӣ ва фарҳанги Шарқ”. – Душанбе, 2014. – 615 с. С. 277-288.
  11. Содиқова Н.Н. Зайнаб Сагванд. Маориф ва илми занони Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо. ISSN 2301-2005 Issue 93 November, 2013, Pp.5-9 Http:www.evrojornals.com/ajst.htm
  12. Содиқова Н.Н. Социально-этические воззрения Махтумкули Фраги.// Махтумкули Фраги и общечеловеческие культурные ценности. Материалы Международной научной конференции, 14 – 16 мая 2014 года.Академия наук Туркменистана.2014 г.- С.60
  13. Содиқова Н.Н.  Этические воззрения Абдуррахмана Джами и Абдулкодира Бедиля. // Абдураҳмони Ҷомӣ ва падидаҳои фарҳанги замони ӯ. – Душанбе, 2014. – С. 380-398.
  14. Содиқова Н.Н.  Дар ҷустуҷӯи маъонии нав // Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ. – Душанбе, 2014. – С.28– 39.
  15. Содиқова Н.Н.  Фетхуллаҳ Гюлен ва мақоми инсон дар замони муосир. // Ҳикмати таҳаммул. – Душанбе, 2014. – С. 235–247.
  16. Содиқова Н.Н. Роль религиозных ценностей в воспитании молодежи. // Сборник материалов конференции «Идеалы и ценности ислама в образовательном пространстве 21 в.». – Уфа, 2014. 1 п.л.
  17. Содиқова Н.Н. Особенности формирования единой евразийской идентичности на основе ценностей культурного многообразия // Россия и государства ЦА: политические, экономические и гуманитарные аспекты евразийской интеграции. Мат. Международной научной конференции. - Душанбе 2014. С.170-176.
  18. Содиқова Н.Н. О национальной и евразийской идентичности таджиков и угрозе исламизации – http://eurazvitiye.org/ publication/ 20140725.
Соли 2015
 
  1. Боҳирова П. (аспирант) Риторика – ҳамчун намуди ақлгароӣ дар фарҳанги аҳди ислом/ Нақши ҷавонон дар рушди илми ватанӣ. – Душанбе: Дониш, 2015. 416 с. – С.211 – 216.
  2. Зиёева Зебо. Формирование личности в философии Мухаммада Икбала / Нақши ҷавонон дар рушди илми ватанӣ. – Душанбе: Дониш, 2015. 416 с. – С.315 – 322.
  3. Каримова Р.Н. Культура Таджикистана в годы Великой Отечественной войны / Таджикистан в Великой Отечественной войне 1941 – 1945 гг. – Душанбе, 2015. – С.108 – 119.
  4. Музаффарӣ М. Классическая антропология (опыт построения системных теорий) / Вестник Института последипломного образования в сфере здравоохранения 2015, № 2, - С. 71-73. 
  5. Раҳимов С. Роҷеъ ба театр ва «театришуда». // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, 2015, № 2. 120 с. – С. 11 – 17.
  6. Раҳимов С. (бо ҳаммуаллифии Ҳақдодов С.) Зиёдулло Шаҳидӣ мубаллиғи фарҳанги нави мусиқии тоҷик. / Зиёдулло Шаҳидӣ ва суннатҳои бадеии мусиқии тоҷик. – Душанбе: Дониш, 2015, 410 с. – С. 207 – 224. (1,01 ҷ.ч.) ISBN 978-99975-44-25-4
  7. Раҳимов С. Нури ситораи хомӯш. / Зиёдулло Шаҳидӣ ва суннатҳои бадеии мусиқии тоҷик. – Душанбе: Дониш, 2015, 410 с. – С. 258 – 276.  (1, 02 ҷ.ч.) ISBN 978-99975-44-25-4.
  8. Рахимов С. Абсурд – не изобретение интеллектуалов. / Рахим­ках­ми­ни Мохаммадхасан Нуруллах. Эстетика феномена Абсурда в философии, искусства на примере драмы. – Душанбе, 2015. 127 с. – С.  6 – 7.
  9. Рахимов С. (в соавторстве с Турсунзаде Ф.М.) “Театральность” как форма проявления традиционных обрядов и ритуалов этнокультуры (по материалам Гиссарской экспедиции). / Культура Гиссарской долины в контексте региональных цивилизаций. Сборник статей. – Душанбе: Дониш, 2015, 902 с. – С. 686 – 769. (5, 18 ҷ.ч.)  ISBN 978-99975-44-38-4.
  10. Рахимов С. Международный кинофестиваль «Дидор»: вызов современному состоянию таджикского кино. / Междисциплинарный дискурс в контексте взаимоотношения гуманитарных и естественнона­учных исследований: Материалы серии открытых лекций Проекта Ага Хана «Человековедение» Университета Центральной Азии. – Душанбе, 2015, 260 с. – С. 8 – 22. (0,8 ҷ.ч.) ISBN 978-99975-855 – 0 - 9; www.ucentralasia.org
  11. Рахимов С. Молодое кино Таджикистана: в общем и в частности. // Памир, 2015, № 1, С. 224 – 251. (1, 8 ҷ.ч.)
  12. Рахимов С. «Кто мы? Куклы на нитках, а кукольник наш...”// ТИА “Ховар” http://khovar.tj/rus/culture/44074-kto-my-kukly-na-nitkah-a-kukolnik-nash-.html
  13. Рахимов С.Х. Пять главных таджикских фильмов последних лет//Азия плюс, № 06 (989), 22 января 2015, С. В6 – В7. http://news.tj/ru/news/5-glavnykh-tadzhikskikh-filmov-poslednikh-let
  14. Рахимов С. Современное молодое кино Таджикистана: в общем, и в частности. // Бизнес и политика, № 4 (467), 29 января 2015, С. 6; № 5 (468) 5 февраля 2015, С. 14 – 15; № 6 (469) 12 февраля 2015, С. 6; № 7 (470) 19 февраля 2015, С. 14 – 15; № 8 – 9 (472) 5 марта 2015 г. –С. 14 – 15; № 10 (473) 12 марта –С. 14.
  15. Раҳимов С.Х. Дар ситоиши фалсафа. // Адабиёт ва санъат, № 6 (1769), 5 феврали соли 2015, – С.  6.
  16. Рахимов С. «Парасту 2015»: ширма лукавства или уроки самопознания./ Азия-плюс, № 51(1034) 2.07.2015. – С. В6 –В7. http://news.tj/ru/news/parastu-2015-shirma-lukavstva-ili-uroki-samopoznaniya
  17. Раҳимов С.Х. «Нигоҳи нав» имсол хираю бенур буд. // Адабиёт ва санъат, № 28 (1791), 9 июли соли 2015, – С.  6.
  18. Раҳимов С.Х. Руҷӯи фалсафӣ тору пуди эҷодиёти ӯст. // Адабиёт ва санъат, № 32 (1795), 6 августи соли 2015, – С.  15.
  19. Раҳимов С. Духтари падар. Чаро духтари устод Айнӣ фалсафа мехонд?// Имрӯз News, № 101 (1102), 23 июни соли 2015, – С.  6.
  20. Раҳимов С. Дарёе, ки ҳамаро шодоб мекард//Адабиёт ва санъат, 8-уми октябри соли 2015, № 41. – С 6.
  21. Раҳимов С. Кинои тоҷик ва ҳуввияти миллӣ /«Адабиёт ва санъат» 15 окиябри соли 2015, № 42. – С. 4. 
  22. Раҳимов С. Тақриз ба китоби Комил Бекзода “Фалсафаи марг ва зиндагӣ”/ Фалсафаи марг ва зиндагӣ. – Душанбе: Дониш, 2015 (соли 2016 аз нашр баромад). – 652 с. – С. 27 – 31.
  23. Раҳимов С. К вопросу о философе и философствующем поэте в эпоху средневековья. / Ҷалолуддин Балхии Румӣ. Маводи конференсияи чоруми илмӣ. – Душанбе, 2015.  – С. 42 – 49. 
  24. Шарифов М. (аспирант) «Проблема личности и ее отражение в журналистике: культурологический взгляд (на примере публицистки Атахана Латифи)» / Ахбори АИ ҶТ. Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. -Душанбе: Дониш, 2015, №4
  25. Бохирова П. (аспирантка). Чанд сухан перомуни таърихи пайдоиши ри­торика. // Сборник “Олами ҳунар”. – Душанбе, май 2015 г.
  26. Бохирова П. (аспирантка) Искусство риторики в произведениях персидско-таджикских мыслителей средневековья. / Маҷмӯаи маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии олимон ва муҳақиқони ҷавони Тоҷикистон (Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон). – Душанбе, 2015. №4. 
Соли 2016
 
  1. Зиёева З. Ташаккули шахсият дар фалсафаи Муҳаммад Иқбол. / Маводи конференсияи байналмилалии илмии “Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология” бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ 19 – 20 маи соли 2016. – Душанбе, 2016. – С. 312-318 
  2. Зиёева З. Конститусия ҳамчун бахтномаи миллат./ Конститутсия кафолати таъмини ҳуқуқ, озодӣ, манфиатиҳои қонунии шахс, давлат ва ҷомеа.- Душанбе, 2016. – С. 145. – С.12–14.
  3. Иброҳимова Ф.Ҳ. (аспирантка). Истиқлолияти фарҳангӣ омили рушду камоли миллат.// Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ. 2016, № 2. - С. 48 – 51.
  4. Иброҳимова Ф.Ҳ. (аспирантка, бо ҳаммуаллиф). Ваҳдати миллӣ ва ташаккули арзишҳои ахлоқии ҷавонон. /Маводи Конференсияи “Ваҳдат – ҷавҳари ҳастии миллат ва омили рушди устувори кишвар”. – Душанбе, 2016. – С. 148 – 151.
  5. Каримова Р. Национальная идея как фактор консолидации таджикского народа. / Маводи конфронси илмӣ-амалии истиқлолияти сиёсӣ ва масоили консептуалии рушди давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ. – Душанбе, 2016, 279 с.  – С. 126 – 131.
  6. Назри Яздонӣ (Раҳматуллоев Нарзулло). Пешвои маърифат ва Ваҳдати миллӣ. // Садои Шарқ, 2016, № 3. – С. 1 – 14. (1,3 ҷ.ч.)
  7. Назри Яздонӣ (Раҳматуллоев Нарзулло). Такя бар хирад. // Адабиёт ва санъат. 18 феврали соли 2016.
  8. Назри Яздонӣ (Раҳматуллоев Нарзулло). Пешвои миллат ва Ваҳдат. / Маҷмӯаи Эмомалӣ Раҳмон – пешвои миллат. – Душанбе: Маориф, 2016. – С. 301 – 313. (0,9 ҷ.ч.).
  9. Назри Яздонӣ (Раҳматуллоев Нарзулло). Пешвои маърифат. / «Диалог Евразии». (Маҷмуа), 2016, (0,9 ҷ.ч.).
  10. Назри Яздонӣ (Раҳматуллоев Нарзулло).Худшиносии ҷавонон – мас­­­ъ­а­лаи муҳимми рӯҳ аст. // «Ҷавонони Тоҷикистон», феврали соли 2016.
  11. Раҳимов С. Нақши фарҳанги бадеӣ дар тарғиби идеяҳои истиқлолият. /Маводи конфронси илмӣ-амалии истиқлолияти сиёсӣ ва масоили консептуалии рушди давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ. – Душанбе,2016, 279 с. – С. 44 – 54.
  12. Раҳимов С.Х. Таърихи кинои тоҷик. / Мероси ниёгон. Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон. – Душанбе, 2016. – 262 с. – С.127 – 153.
  13. Раҳимов С. Истиқлолият ва консерватизм. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ. 2016, № 2 –С. 35 – 39.
  14. Раҳимов С. Ғаффор Валаматзода ва кинематограф. // Рақс – падидаи муассири фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз”. – Душанбе: Дониш, 2016. 321 с. – С. 51 – 72.
  15. Яъқубӣ Ҷаъфар Раҷабалӣ (аспиранти Шуъба). Нормы и традиции имянаречения в культуре и религиях Ирана.// Вестник  Таджикского национального университета 2016, № 3/5 (208). – С.89 -  98.
  16. Яъқубӣ Ҷаъфар Раҷабалӣ. Традиции именования в этнических группах Ирана // Вестник  Таджикского национального университета 2016, № 3/6 (211). – С.75 - 83.
Соли 2017
 
  1. Зиёева З. «Проблема природы и сущности человека в мусульманской философии Мухаммада Икбала» / «Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология» - Душанбе, 2017.
  2. Иброҳимова Ф.Ҳ. (аспиранти Шуъба). Тафаккур ва диди нав ба анъна ва суннатҳои ҷашни Наврӯз дар ҷомеа. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ. – Душанбе, 2017. – С. 31 – 33.  
  3. Каримова Р. Закон действия в трактате Инайят Хана «Суфийское послание о свободе духа» /«Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология». – Душанбе, 2017. – С. 328-333.
  4. Каримова Р. Консолидирующая роль национальной идеи в обществе. / «Ваҳдати миллӣ – дастоварди гаронбаҳои замони Истиқлол». – Душанбе, 2017. – С. 13-18.
  5. Раҳматуллоев Н.Наврӯзи ҷовидона ободкору фараҳбор. / Маҷмӯа бахшида ба Наврӯзи Аҷам. – Душанбе: Дониш, 2017.
  6. Раҳматуллоев Н. Наврӯз қудрати рафъ кардани бӯҳрони экологиро ҳам дорад.// “Садои мардум”, 18.03.07.
  7. Раҳматуллоев Н. Рахна дар Ваҳдати миллӣ – рахнатақдири ҳар як шаҳрванд аст.//Рӯзномаи “Ваҳдат”, №2, январи 2017.
  8. Раҳматуллоев Н. Маърифат чароғи саодат аст.// Маҷаллаи “Душанбе”, №2, 2017.
  9. Раҳматуллоев Н.Муҳаббат метавонад дар вуҷуди як инсони бемаърифат ҳам бошад. // Сомонаи KMT.tj
  10. Раҳматуллоев Н. Алифбои ватансозӣ. // Ҷавонони Тоҷикистон. 26.05.2017
  11. Раҳимов С. Наврӯз – ҷашни ниёгон. // Ҳафтаномаи “Мароми пойтахт”. – Душанбе, № 8 (454), 22 феврали соли 2017.
  12. Раҳимов С. Хомид Махмудов и некото¬рые проблемы современного таджикского театра. / Очерки исто¬рии и теории искусств таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2017. 413с. 238 – 250.
  13. Раҳимов С. Два спектакля, но такие они разные. / Очерки исто¬рии и теории искусств таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2017. 413с. – С. 179 – 184.
  14. Раҳимов С. Современное молодое кино Таджикистана. / Очерки истории и теории искусств таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2017. 413 с. – С. 304 – 335.
  15. Раҳимов С. К вопросу о творческой индивидуальности Тухфы Фазыловой. / Анъана ва меросбарӣ дар фарҳанги театрию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз. – Душанбе, 2017, 270 с. – С.104 – 129.
  16. Раҳимов С. Заминаи муҳимми пешрафт гузошта шуд. – Ҷумҳурият, № 100 (23 181), 18 маи соли 2017. – С. 3.
  17. Рахимов С. Рецензия на монографию Комила Бекзода «Шуубия: диссиденты средневекового ислама». – Душанбе: Дониш, 2017. 400 с. – С.2, 296 – 299.
  18. Раҳимов С. Даргузашти наворбардори “Муъҷизаи Сталинобод”. // “Адабиёт ва санъат”. 31 августи соли 2017. – С. 8.
  19. Раҳимов С. Мубораки ҷашн! (ба муносибати 80-солагии Ҳошим Гадоев). //Самак. Ҳафтаномаи таърихӣ – тадқиқотӣ, № 36, - С. 2
  20. Раҳимов С. “Мӯъҷизаи Сталинобод”. //Самак. Ҳафтаномаи таърихӣ – тадқиқотӣ, № 36 (305), 6 сентябри соли 2017. – С. 2
  21. Раҳимов С. Тарғибгари фарҳанги волои тоҷик. Бахшида ба 110-солагии Григорий Колтунов. //Самак. Ҳафтаномаи таърихӣ – тадқиқотӣ, № 37 (306), 13 сентябри соли 2017. – С. 3
  22. Раҳимов С. Сид Филд: Чи гуна филмнома бинависем. //Самак. Ҳафтаномаи таърихӣ-тадқиқотӣ, № 37 (306), 13 сентябри соли 2017. -С. 3.
  23. Раҳимов С. Мусиқии саршор аз хирадмандӣ. / Дамир Дустмуҳаммадов ва мусиқии касбии тоҷик. – Душанбе: Дониш, 2017, 240 с. – С. 41 – 62.
  24. Раҳимов С. Просматривая “Звезду в ночи” заново / Аҳмад Махдуми Дониш ва хориқаи фарҳангии тоҷикон. – Душанбе: Дониш, 2017, 556 с. – 378 – 400.
  25. Раҳимов С. Нигоҳи имрӯз ба ҷашнҳои кӯҳан. // Фараж. 2017, №42 (588). – С. 12 – 13.
  26. Раҳимов С. Таджикское кино на пути возрождения. (Интервью) // Народная газета, № 44 (20118) 18 октябри соли 2017.
  27. Раҳимов С. К вопросу о философско-эстетических взглядах Рудаки. / Нақши Муҳаммад Абубакр Закариёи Розӣ дар илм ва фарҳанги ҷаҳон. Маводи Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба1150-солагии Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ. – Душанбе, 2017. 420 с. – С. 152 – 195.
  28. Раҳимов С. Х. Доир ба паҳлӯҳои равонӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангшиносии ҷашнҳои тақвимии тоҷикӣ-эронӣ. / Меҳргон ва Сада дар оинаи тамддуни мардумони Осиёи Марказӣ (таҳқиқот). - Душанбе: Дониш, 2017, 308 с. – С. 73 – 89.
  29. Раҳимов С. Синамо – оинаи миллат аст. // Ҷумҳурият, № 215 (23 296), 16 октябри соли 2017. – С. 3.
  30. Раҳимов С. Филмҳои хусусияти миллидошта кинои тоҷикро машҳур мекунанд. (Сӯҳбат) // Садои мардум, № 122 (3759), 14 октябри соли 2017. – С. 3.
  31. Раҳимов С. Представитель славного поколения.// “Памир”, № 7 – 9, 2017. – С.158 – 166.
  32. Раҳимов С. Шеър дар забон, сигор дар лабони ӯ буд. Бахши аввал/ Самак. Ҳафтаномаи таърихӣ-тадқиқотӣ, № 46 (315), 15 ноябри соли 2017. – С. 4.
  33. Раҳимов С. Шеър дар забон, сигор дар лабони ӯ буд. Бахши дуюм/ Самак. Ҳафтаномаи таърихӣ-тадқиқотӣ, № 47 (316), 22 ноябри соли 2017. – С. 4.
  34. Раҳимов С. Мусиқии саршор аз хирадманишӣ. / Дамир Дӯстмуҳаммадов ва мусиқии касбии тоҷик. – Душанбе, 2017, 240 с. – С. 41 – 62.
  35. Раҳимов С., Акбар Н. Жанрҳои кино. / Энсиклопедияи милли тоҷик. Ҷ. 6. – Душанбе: Муасиссисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2017.  – С. 444.
  36. Шукурова С.Н. (аспиранти Шуъба) Тоҷикон ва маданияти онҳо дар татқиқоти шарқшиносони рус. /Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ – Душанбе, 2017 С. 60-63
  37. Шукурова С.Н. (аспиранти Шуъба) Аврупо ва тамаддуни бостонии халқҳои Шарқ. /Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ – Душанбе, 2017 №3 С. 29-31.
Соли 2018
 
  1. Рахимов С. История таджикского кино: этапы идентификации. /Коллективная монография «История национальных кинематографий в СССР и перспективы развития кино государства-участников СНГ, стран Балтии и Грузии». – Москва: Академический проект, 2018, 771 с. – С. 392 – 439. (3,5 п.л. с илл.)
  2. Рахимов С. “Я не хочу играть Дездемону”. //Азия-плюс, № 06 (1289), 22 января 2018 г. – С. 11.
  3. Рахимов С. Объединенная с «Союдетфильмом» Сталинабадская киностудия (1941 – 1943 гг.) / Вкладрусской интеллигенции в развитие науки и культуры Таджикистана.  – Душанбе: Визави, 2018. 416 с. – С. 230 – 240.
  4. Раҳимов С. Уқнумҳои мусаввир. // Садои Шарқ № 3, 2018. – С.150 – 154.
  5. Рахимов С. Исследования культуры в современном мире. / Текст лекции для магистров-культурологов. – Душанбе , 2018, РТСУ, Эл адрес: https://biblio-online.ru/viewer/3323F3EA-3C68-4ECD-86D2-F32FE7A88730/issledovaniya-kultury-v-sovremennom-mire#page/16 (кроме того 2 силлабуса там же)
  6. Раҳимов С. муҳаррири масъули Донишномаи фарҳангшиносии навин. Муаллиф Сулаймонӣ С.. – Душанбе: Ирфон, 2018. – 524 с.
  7. Рахимов С. К вопросу о связи музыки и философии. /Очерки истории и теории искусств таджикского народа. – том 6. – Душанбе: Дониш, 2018, 347 с. – С. 123 – 130.
  8. Рахимов С. «Я не хочу играть Дездемону». /Очерки истории и теории искусств таджикского народа. – том 6. – Душанбе: Дониш, 2018, 347 с. – С. 239 – 251.   
  9. Рахимов С. Мощно переживаемое чувство “МЫ” (К вопросу о консолидирующих факторах средневекового города в эпоху Сайидо Насафи) / Миробид Саидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр. – Душанбе, 2018. - 660 с.  – С. 47 – 78.
  10. Рахимов С. Я не хочу играть Дездемону. /Очерки истории и теории искусств таджикского народа. – том 6. – Душанбе: Дониш, 2018, 347 с. – С. 239 - 251.
  11. Рахимов С. Место и функции слова в персидско-таджикской культуре эпохи Кавкаби Бухорои. / Наҷмиддин Кавкабӣ ва анъанаҳои адабию фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ. – Душанбе, 2018. 494 с.– С. 40 – 59.
  12. Раҳимов С. Оид ба омилҳои муттаҳидкунандаи шаҳр дар давраи Саидои Насафӣ. // Ахбори  Академияи илмҳои ҶТ. Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, 2018, №3/1 (252). – С. 67 – 79.
  13. Раҳимов С. Сӯгврӣ. Искандар Асадуллоев.// Ахобори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов. 2018, № 3,
  14. Раҳимов С. Дилам як рӯз метаркад. / Назри Яздонӣ. Ойини ойина. (Назри Яздонӣ. Аҳвол ва осор). – Хӯҷанд: Хуросон. 2018. 420 с. – С.147 – 158.
  15. Раҳимов С. Дуруд бар Шумо бод, устоди арҷманд! / Назри Яздонӣ. Ойини ойина. (Назри Яздонӣ. Аҳвол ва осор). – Хӯҷанд: Хуросон. 2018. 420 с. – С.158 – 163.
  16. Раҳимов С. Мебарад умре ба сар дар имтиҳони зиндагӣ. / Алиев М., Олим Ғ. Модари саҳнаи тоҷик. – Душанбе: Истеъдод, 2018. 176 с.  – С. 154 – 157.
  17. Раҳимов С. Ҳунармандони мардумӣ. // Садои Шарқ, № 12, 2018. – С.88 – 103.
  18. Раҳимов С. Оид ба вазъи кунунии зебоишиносӣ дар Тоҷикистон. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ. 2018, № 4, - С. 33 – 37.
  19. Раҳимов С. Зебоишиносӣ. / Энсиклопедияи милли тоҷик. Ҷ. 7. – Душанбе: Муасиссисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 2018. – С. 207 – 211.
  20. Раҳимов С. Золгер Карл ... / Энсиклопедияи милли тоҷик. Ҷ. 7. – Душанбе: Муасиссисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 2018.  – С. 314
  21. Раҳимов С., Ҳазратқулов М. Об рамзи ҳаёт ва бороварии замин аст. / Обб чун омили амният ва ҳамкорӣ дар кишварҳои ИДМ. Маводи Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Об чун омили амният ва ҳамкорӣ дар кишварҳои ИДМ» бахшида ба ташаббуси глобалии Тоҷикистон «Даҳсолаи байналмилалии амал – амал об барои рушди устувор дар солҳои 2018 – 2028. – Душанбе: Дониш, 2018, 147 с. – С. 91 – 102.
  22. Раҳматуллоев Н. «Бузургонро бузургон зинда медоранд».// «Ҷумҳурият» 23.04.18.
    Раҳматуллоев Н. Ваҳдатдустии Б. Ғафуров. // «Ваҳдат», №8, апрели 2018.
  23. Зиёева Зебониссо. Масъалаи муносибати шахс ва ҷомеа дар таълимоти динӣ-фалсафии Муҳаммад Иқбол. // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. 2018, № 3, - С. 40 – 52.
  24. Зиёва Зебониссо. Человеческий фактор формирования личности в концепции  “совершенного человека” Мухаммада Икбола. / Саҳми занон дар рушди илм. – Дониш, 2018.
  25. Алишери Муҳаммадӣ. Дар суроғи шоири дардошно. //”Ҷумҳурият”, №175, аз 5 сентябри 2018.
    Алишери Муҳаммадӣ. Дардиёр. / Назри Яздонӣ. Ойини ойина. (Назри Яздонӣ. Аҳвол ва осор). – Хӯҷанд: Хуросон. 2018. 420 с. – С.206 – 212.
  26. Сайфулло З. (аспиранти солиаввали Шуъба). Наврӯз ва оини зардуштӣ. // Самак / 21- март-2018.
  27. Сайфулло З. Сада чӣ гуна ҷашн аст? // Самак / 1- феврал-2018.
  28. Сайфулло З. Иброҳимзода: Шифо ёфтан ба ихлоси самимӣ муҳтоҷ аст. // Фараж / 9 май- 2018.
  29. Сайфулло З. Бозор Собир: Оҳ, Лоиқе, Лоиқ! // Фараж / 16- май- 2018.
  30. Сайфулло З.  Наврӯз ҷашни офариниш. // Баҳори Аҷам / 18-март – 2018.
  31. Сайфулло З. Гӯри Аҳмади Дониш ёфт шуд. // Самак. 15 нояббри соли 2018.
  32. Зоҳири С. Навруз ва оини зардуштй. // Самак / 21 марги 2018.
  33. Зоҳири С. Сада чй гуна чаши аст? // Самак /1 феврали 2018.
  34. Зоҳири С. Йброхимзода: Шифо ёфтан ба ихлоси самими мӯҳтоҷ асг. // Фараж / 9 майи 2018.
  35. Зоҳири С. Бозор Собир: Ох, ох Лоике, Лоик! // Фараж /16 майи 2018.
  36. Зоҳири С. Навруз-чашни офариниш. //Баҳори Ачам /18 марти 2018.
  37. Зоҳири С. “Аз гулили лола то ба лолазор”.//Самак/10.11.2018.
  38. Зоҳири С. Тӯҳфа гоҳо масхарабоз ҳам мешуд. //Самак/3.10.2018.
  39. Зоҳири С. Сухане чанд аз ҳамкориҳои Маҳмуддҷон Воҳидов ва Дамир Дӯстмуҳаммадов.//Самак/10.08.2018 .
  40. Зоҳири С. Меҳргон ба ЮНЕСКО пешниҳод карда шуд.//Самак. 15.08.2018.
  41. Зоҳири С. Низом Нурҷонов: маро дар асарҳоям ҷӯед./ 3.06. 2018.
  42. Зоҳири С. Наврӯз ҷовидон аст! // Баҳори Аҷам/18.03.2018.
  43. Зоҳири С. Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост!//Баҳори Аҷам. 20. 02. 2018.
  44. Зоҳири С. Консепсияи таҷлили Рӯзи артиши миллӣ.// Баҳори Аҷам. 4.02.2018.
  45. Иброҳимзода Фазилат. Пайғоми ҳунар. // Бонвони Тоҷикистон. № 137 (апрели 2018) – С. 47. (апрел/2018/ www/bonuvon.tj).
 
Соли 2019
 
  1. Раҳимов С., Мирзораҳимов Ф. Фалсафа ва синамо. //Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, 2019, № 2. – С. 102 – 108.
  2. Раҳимов С., Мирзораҳимов Ф. Оид ба ҷанбаи фалсафии филмҳои тоҷик. //Ахбори АИ ҶТ. Илмҳои ҷамъиятӣ. 2019, № 4. – С. 87 – 95.
  3. Алишери М. Нақш ва ҷойгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар низоми арзишҳои фарҳангӣ. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, 2019, № №4
  4. Зоҳири С. (аспирант). Назаре ба “Наврӯзнома”-ҳои ҳаким Термизӣ ва Туғрали Аҳрорӣ. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А Баҳоваддинови АИ ҶТ, №1 2019. – С. 44 – 49.
  5. Мирзоева Г.Х. (аспирантка). Одежда как базовый элемент традиционной культуры и важнейший аспект культуры повседневности народа. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ба номи А. Баховаддинови АИ ҶТ 2019, № 3.
  6. Мирзоева Г.Х. (аспирантка). Оценка особенностей дизайна и изготовления одежды в современном Таджикистане. // Вестник Таджикского национального университета. 2019, № 10. – С. 167 – 171.
  7. Садуллоева М. (соискатель) Символическое пространства памир­ско­го дома и его значимость.// Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ба номи А. Баховаддинови АИ ҶТ 2019, № 2. – С. 97 – 101.
  8. Садуллоева М. (соискатель)Праздничные обряды навруза в пространстве традиционного памирского дома. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ба номи А. Баховаддинови АИ ҶТ 2019, № 4. – С. 97 – 101.
  9. Норова Назокат (соискатель). Условия реализации коммуникатив­ного потенциала туризма в Республике Таджикистан. //  Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ба номи А. Баховаддинови АИ ҶТ 2019, № 2. – С. 129 – 135.
  10. Норова Назокат (соискатель). Коммуникативные функции туризма и их роль в межкультурном взаимодействии Запада и Востока.// Научная мысль Кавказа. № 2 (98) Северо-Кавказский научный центр Высшей школы Южного федерального университета2019 – С. 31 – 34.
  11. Раҳматуллоев Н.  “Сармояи муҳимтари миллати мо – ин потенсиали  ақлии миллати мост”, сомонаи  АМИТ “Ховар”, 13.02.19. 
  12. Раҳматуллоев Н. “Сармояи муҳимтарини миллати мо ин потенсиали ақлии миллат аст ”, сомонаи КМТ, 14.02.019.
  13. Раҳматуллоев Н.  “Рӯшди нерӯи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави “Пайём”,“Ҷумҳурият” , 20.02.19 .
  14. Раҳматуллоев Н. “Рӯшди нерӯи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави “Пайём”, “Ваҳдат”, 15.02.19.
  15. Раҳматуллоев Н. «Рушди неруи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави Паём»; Ваҳдат, давлат, Президент. Ҷ. 30 – Душанбе: Истеъдод 2019. Саҳ. 179-191
  16. Алишери М. Шеърдармонӣ (нақди китоби “Сухандор”-и М. Ҳотам // “Садои мардум, 14. 05. 19.
  17. Раҳимов С. Х. Чанд сухан роҷеъ ба иртиботи Наврӯз ба ҷашнҳои Сада ва Меҳргон. http://anrt.tj/tj/khabar-o/1250-chand-sukhan-ro-e-ba-irtiboti-navr-z-ba-ashn-oi-sada-va-me-rgon., 24. 01. 19.
  18. Раҳимов С. Х. “Мо бояд ба базмороии Сада, Меҳргон ва Наврӯз ҳам ҳусни карнвалӣ ва ҳам театришудаи мутантан бидиҳем». https://khovar.tj/2019/01/doktori-ilm-oi-falsafa-sadullo-ra-imov-mo-boyad-ba-bazmoroii-sada-me-rgon-va-navr-z-am-usni-karnaval-va-am-teatrishudai-mutantan-bidi-em/, 24. 01. 19.
  19. Раҳимов С. Х. Модель западно-восточного синтеза в таджикской художественной культуре и ее современное значение. // Ученые записки. Серия гуманитарных наук. Российск-Таджикский Славянский Университет, 2019, №1. – С. 55 – 68.
  20. Раҳимов С. Фалсафаи зебоишиносӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон. // Илм ва ҷомеа. 2019, № 4 (17). – С. 51 – 55.
  21. Рахимов С. “Одам” или уместен ли торг? (критика) // Илм ва ҷомеа. 2019, № 4 (17). – С. 147 – 151.
  22. Раҳимов С. Фалсафа, зебоишиносӣ ва мо. // Садои Шарқ, 2019, №8, – С.81 – 87.
  23. Раҳимов С. Доир ба масоили равнию иҷтимоӣ ва фарҳангшиносии ҷашнҳои тақвимии тоҷикию эронӣ /Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз. – Душанбе: Дониш, 2019, 886 с. – С. 301 – 317.
  24. Раҳимов С. Оид ба диди зебоишиносии Ибни Сино. / Саманиды – уникальный исторический феномен в мировой цивилизации. – Душанбе: Дониш, 2019,876 с. – С. 247 – 268. 
  25. Раҳимов С. Таджикское кино отмечает юбилей... //Ховар: http://khovar.tj/rus/2019/10/tadzhikskoe-kino-otmechaet-yubilej-rovno-90-let-nazad-byl-snyat-pervyj-film-o-tadzhikistane/
  26. Музаффарӣ М.-А. Проблемы человеческих способностей в монографическом труде С. Наврузова «Человеческие способности», / «Сущностные силы человека в антропологической философии профессора С. Наврузова». – Душанбе, 2019. 326 с. – 45 – 65.
  27. Алишери М. «Шеърдармонӣ» (нақди китоби «Сухандору»-и М. Ҳотам) // «Садои мардум», №54, аз 14.05.19;
  28. Алишери М. – «Бӯйи дармон мекунад» (нақди ашъори Назри Яздонӣ) // «Адабиёт ва санъат», 07.08.19;
  29. Умедаи Т. (унвонҷӯй) “Суманак рамзи Наврӯз аст”// “Паёмномаи фарҳанг” 2019, №1.
  30. Умедаи Т. “Маҳорати рассомии Ҷонибеки Асозода” // маҷаллаи “Душанбе”, 2019. №2. С 33-34.
  31. Зоҳири С. Ифтитоҳи боғи "Куруши Кабир" дар Душанбе. / Самак / 12 июли 2019
  32. Зоҳири С. Дидор чи гуна ҷашн аст? // Самак / 5 июли 2019
  33. Зоҳири С. Модар. // Фараж, 6 марти 2019
  34. Зоҳири С. Наврӯз дар замони хилофати арабҳо. // Самак, 21 марти 2019
  35. Зоҳири С. Талафоти бузург: Мушаррфа Қосимова  даргузашт. //Самак, 3 апрели 2019
  36. Зоҳири С. Модар. // Фараж,  6 марти 2019
  37. Зоҳири С. Аз форсӣ ба хатти сирилик баргардонӣ кардани китоби Маҷид Холиқиён “Зиндагии Куруши Кабир” // Самак, 11 сентябр – 9 октябр 2019, №№ 39 – 4.
  38. Мирзоева Г.Х. (аспирантка).  Функции и эстетика традиционного национального костюма.// Ҷавонони Тоҷикистон. 2019, № 2. – С. 65 – 72.
  39. Мирзоева Г.Х. Одежда как фактор социального статуса личности в группе. //Ҷавонони Тоҷикистон. 2019, № 2. – С. 73 – 88.
 
Нақшаи дурнамои фаъолияти Шуъба дар панҷсолаи наздик:
 
  1. Интихоб ва таҳияи мавзӯъҳои муҳимтарин ва актуалии таҳқиқот оид ба фалсафаи фарҳанги тоҷикон ва форсҳо ва робитаи онҳо бо фарҳанги минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ
  1. Муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ ва доктории кормандони Шӯъба ва Институт ва унвонҷӯёни беруна.
  1. Таҳия ва ба чоп омода сохтани барнома ва маводҳои дарсӣ аз фаннҳои “Фалсафаи фарҳанг”, “Фарҳанги этникӣ”, “Зебоишиносӣ”, “Этика”.
  1. Ба чоп омода кардани монографияи «Актуальные проблемы таджикской культуры».
  1. Ба чоп омода кардани монографияи дастиҷамъии «Зиёиёни тоҷик ва тағйирпазирии фарҳанги замони Истиқлолият».
  1. Гузаронидани «Мизи мудаввар»-и ҷумҳуриявӣ бо мутахассисон дар бораи рисолати имрӯзаи зиёииёни Тоҷикистонн.
  1. Дар ҳамкорӣ бо Шӯъбаи таърихи фарҳанг ва ҳунари Институти таърих ва мардумшиносии АИ ҶТ гузаронидани конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба фарҳанги дирӯз, имрӯз ва фардои Тоҷикистон.
  1. Тарғиби дастовардҳои илмии Шуъба тавассути ахбори умум ва чопи даврӣ.
Ходимони Шуъба дар гузаронидан ва гузориш додан дар конференсияҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва умумиакадемӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/