wrapper

  Шубаи мазкур соли 2011 бо ташаббуси маъмурияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ҳадафи асосии Шуъба баррасӣ намудани афкори мантиқии халқи тоҷик аз ибтидои Асрҳои миёна то замони муосир аст, зеро таълимоту таълифоти мантиқшиносони тоҷику форс то кунун ба таври муназзам мавриди баррасию таҳқиқ қарор нагирифтаанд.
  Қобили тазаккур аст, ки илми мантиқ аз қарнҳои (IV-V)- и мелодӣ сар карда, (масалан, маркази илмӣ ё худ академияи Гундишпур) дар ҳамаи марҳилаҳои инкишофи таърих ҳамчун яке аз илмҳои асосӣ дар таълиму тадрис нуфузи баланд дошт. Аз ин лиҳоз барои Шуъба зарур аст, ки ниёзмандони  илми мантиқро бо мероси ғании мутафаккирони тоҷику форс шинос намоянд.
Солҳои (2011-2013) ходимони Шуъба асосан дар тайёр намудани китоби чорҷилдаи «Таърихи фалсафаи тоҷик» ва «Осор»-и « Абӯалӣ ибни Сино» иштирок карданд. Мудири Шуъба профессор  Н.М. Сайфуллоев барои «Таърихи фалсафаи Тоҷик» қисматҳои мантиқии Фаробӣ, Ибни Сино, Мир Саид Шарифи Ҷузҷонӣ, Котибии Қазвинӣ, Саадудини Тафтазонӣ, таълимоти  мантиқию табиии Насируддини Тусиро ба анҷом расонидааст. Инчунин дар таҳрири ҷилдҳои 5-и тоҷикию русии «Осор» иштирок кардааст. Ходими калони илмии Шуъба Худойдодов Ф.Б. бошад ду сол дар тарҷума ва таҳияи «Осор»-и Ибни Сино иштирок кардааст.
  Дар солҳои 2013-2017 ходимони шуъба дар мавзӯи Тадқиқи ҷанбаҳои асосии афкори мантиқии халқи тоҷик» тадқиқот бурданд. Дар ин муддат асару таълимотҳои мутафаккирони барҷасти халқи тоҷик ба мисли Абубакр Розӣ, Абунаср Форобӣ, Ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ, Абуҳомид Ғазолӣ, Насируддин Тусӣ, Котибии Қазвинӣ, Афзалуддин Кошонӣ, Убайдуллоҳ ибни Масъуд, Мир Сайид Шариф Ҷурҷонӣ, Саъдуддин Тафтазонӣ ва диг. мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 Дар соли 2018 шуъбаи фалсафаи илм ва мактиқ бо ҳамроҳии шуъбаи онтология ва гносеология мавзӯи нави тахқиқотиро дар мавзӯи «Роҳҳои инкишофи ҷаҳонбинии фалсафӣ, мантиқӣ-фалсафӣ ва тафаккури эҷодӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол: масоил ва дурнамо»-ро оғоз намуданд.
 Дар соли 2019 шуъбаҳои фалсафаи илм ва мантиқ ва онтология ва гносеология муттаҳид карда шуда, номи он онтология, гносеология ва мантиқ гашт.
Айниҳол дар шуъба 5 корманди илмӣ фаъолият мебарад:
  • Мудири шуъба - д.и.ф., профессор Сайфуллоев Нигматулло Мирзоевич
  • Сарходими илмӣ – д.и.ф., Самиев А.Х.
  • Ходими пешбари илмӣ – д.и.и., Усмонова З.М.
  • Ходими калони илмӣ – н.и.ф., Иброхимова С.
  • Ходими илмӣ – н.и.ф., Бандалиева Ш.
  • Ходими хурди илмӣ – Нуриддин Муминзода
 Хулоса дар назди ходимони шуъба вазифаҳои бузурге гузошта шудааст, ки асосии он таҳқиқи Роҳҳои инкишофи ҷаҳонбинии фалсафӣ, мантиқӣ-фалсафӣ ва тафаккури эҷодӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Ҳайати кормандони Шуъба:

Мудири Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқ

Ному насаб: Сайфуллоев Нигматулло Мирзоевич

Вазифа: мудири шуъба

Дараҷа ва унвони илмӣ:  доктори илмҳои фалсафа, профессор

   20 апрели соли 1942 дар ноҳияи Бостандики вилояти Қазоқистони ҷанубӣ (ҳоло вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон) таваллуд шудааст.

   Мактаби таҳсилоти ҳамагониро дар ноҳияи Сариағочи вилояти Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон соли 1959 хатм намудааст.

 Соли 1959 ба факултаи физикаю математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Ленинобод ба номи С.М.Киров дохил шуда, соли 1964 ҳамин Донишкадаро (ҳоло Донишгоҳи давлатии ш. Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров) бо дипломи аъло хатм намудааст.

 Солҳои 1964 то 1969 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи Милли Тоҷикистон) ба ҳайси ассистент ва муаллими калон фаъолият кардааст.

 Солҳои (1969-1972) аспиранти рӯзонаи Донишгоҳи давлатии  ш. Маскав ба номи М.В.Ломоносов буд.

 Рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таҳлили мантиқии мафҳуми миқдор» аз рӯи ихтисоси 09.00.07- мантиқ 6 - январи соли 1975 дар шӯрои диссертатсионии факултаи Фалсафаи Донишгоҳи давлатии ш. Маскав дифоъ кардааст.

  Солҳои (1973-1980) дар вазифаҳои муаллими калон, дотсенти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кор карда аст.

  Солҳои (1980-1992) дар вазифаҳои ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ дар Институти Фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳури Тоҷикистон кору фаъолият кардааст.

  Рисолаи докториро дар мавзӯи «Мантиқи Ибни Сино дар муқоиса бо мантиқи Арасту ва равоқиён» 18-майи соли 1992 дар шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии ш. Маскав дифоъ намудааст.

  Солҳои (1992-1997) дар вазифаи профессори кафедраи Таърихи фалсафаи Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

  Солҳои (1997-2010) ба ҳайси профессор, мудири кафедраи «Фалсафа ва сиёсатшиносӣ»-и Донишгоҳи Славянии Россия- Тоҷикистон фаъолият намудааст.

 Ҳоло дар вазифаи мудири Шуъбаи фалсафаи илм ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳовиддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Илова бар ин, ӯ профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Россия ваТоҷикистон мебошад.

  Муаллифи зиёда аз 250 асари илмӣ, аз ҷумла 5-монография, 4- китоби дарсӣ, 6-дастурҳои таълимӣ, боқимонда мақолаҳои илмӣ, илмиюоммавӣ, энсиклопедӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад.

  Номгӯи баъзе асарҳои муаллиф инхоянд: «Логический анализ понятия количества» (Душанбе, Дониш, 1989,135с); «Мантиқ», (Душанбе, 1991,113 с.) ; «Логика Ибн Сины» (Душанбе, Дониш, 1991, 182 с); «Таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат» (Душанбе, 2006. 126 с.); «Мантиқи «Шифо» зинаи нави инкишофи илми Мантиқ» \\ Абӯалӣибни Сино. Осор. Ҷ.6. Душанбе, 2013; Муҳаррири масъул ва муаллифи пешгуфтори «Осор»-и Ибни Сино, ҷ.6 (бозабонирусӣ). Инчунин муаллиф  ё мураттиби даҳҳо дастурҳои таълимӣ оид бамантиқ ва алсафа мебошад.

  Сайфуллоев Н.М. аъзои 2-Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои докторию номзадӣ аз рӯи ихтисосҳои (09.00.03, 09.00.14) мебошад.

  Дар зерироҳбарии профессор Сайфуллоев Н.М. 6 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ ҳимояшудаанд.

  Ҳамзамон узви шӯрои илм ва иноватсияи назди Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви ҳайати таҳририяи «Осор»- и 16- ҷилди Абӯ Алӣ ибни Сино фаъолият менамояд.

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/