wrapper

                                                 Ҳайдаров Рустам Ҷурабоевич
 
  12 июли соли 1970 дар ш.Панҷакенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ҳайдаров Р.Ҷ. соли 1988 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленини ш. Душанбе  дохил шуда, соли 1993 ин донишгоҳро  бомуваффақият хатм намуда, ба шуъбаи ҷомеашиносии Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси лаборант ба кор меояд. Дар соли 1998 ба аспирантураи Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ихтисоси 09.00.11 –  фалсафаи иҷтимоӣ дохил шуда, онро соли 2000 хатм мекунад. Рисолаи номзадиро дар мавзуи "Ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон" аз рўи ихтисоси 09.00.11 –  фалсафаи иҷтимоӣ   12 декабри соли 2000 дифоъ кардааст

  Солҳои 1995 то 2019 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири шуъба  кору фаъолият кардааст. Ҳамзамон солҳои 2003-2007 дар докторантураи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудааст.  Рисолаи докториро дар мавзўи " Таъсири ҷаҳонишавӣ ба равандҳои дигаргуншавии ҷомеаи тоҷик " моҳи октябри 2007 аз рўи ихтисоси 09.00.11 –  фалсафаи иҷтимоӣ дифоъ намудааст.

  Аз 23 апрели соли 2019 то ҳол Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон   кор карда истодааст.

  Ҳайдаров Р.Ҷ. барои дастовардҳои илмӣ ҷиҳати рушди илмҳои сиёсӣ ва фалсафа  бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  (2018, 2019)  сарфароз гардонида шудааст.

 Муаллифи зиёда аз 80 асари илмӣ, аз ҷумла 2 монография, 1 воситаи  таълимӣ, корҳои таҳрирӣ, мақолаҳои илмию тақризҳо дар бахши сотсиология, фалсафаи иҷтимоӣ, сиёсатшиносӣ, геополитика, муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Корҳои илмиаш дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико,Ҷумҳурии Федералии Германия, Федератсияи Россия, кишварҳои Осиёи Марказӣ   ба чоп расидаанд.

 Ҳайдаров Р.Ҷ.  ҳамчунин  ба ҳайси муҳаққиқ   дар  кафедраи  сотсиология  ва антропологияи иҷтимоии Донишгоҳи  ба номи Фридрих–Александри ш.Нюрнберги Ҷумҳурии Федералии Германия (1998-1999), Институти омӯзиши глобализатсияи Донишгоҳи Парис-Лодрони ш.  Залтсбурги Ҷумҳурии  Австрия( 2001), Институти сотсиологияи Донишгоҳи ш. Ҳанофери Ҷумҳурии Федералии Германия (2002-2003), Донишгоҳи   Ҷорҷ Мейсон, ш. Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (2006), Маркази омузиши Осиёи Миёнаи Донишгоҳи Озоди ш. Берлини Ҷумҳурии Федералии Германия(2012),Маркази низоъшиносии Донишгоҳи ш.Марбурги Ҷумҳурии Федералии Германия (2017)  бо пажуҳиши илмӣ машғул  шудааст.

Таҳти роҳбарии  ў  3 нафар унвонҷӯ  диссертатсияҳои  номзадиро бомуваффақият  ҳимоя  намуданд.   Ҳайдаров Р.Ҷ. ҳоло роҳбарии зиёда аз 15 нафар  магистрҳо, унвонҷуёну докторантҳои соҳаи фалсафа ва  сиёсатшиносиро ба зимма дорад.

Таълифоти асосии  Ҳайдаров Р.Ҷ:

  1.  Таджикистан в орбите геополитических и глобализационных процессов. --Душанбе: "Ирфон", 2005.152 с.
  2. Развитие Таджикистана в период глобализации. -Душанбе: "Ирфон", 2006.190 с.
  3. Ҷанбаҳои иҷтимоии муқовимат ба нашъамандӣ дар ҷомеа. Воситаи таълимӣ: - Душанбе: «Ирфон», 2019. 68с.


 

Суроға

  • Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Шаҳри Душанбе

  • Хиёбони Рӯдакӣ, 33

 

Телефонҳо

  • (+ 992) 221 77 96 

http://www.zoofirma.ru/