wrapper

                                             Назар Муъмин Абдуҷалол

25 ноябри соли 1967 дар ноҳияи Конибодом таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Қазон (ФР, 1992) ва аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) (1998), сотсиолог, номзади илмҳои фалсафа (2000), дотсент (2013), аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) мебошад. Ӯ рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Ташаккули сифати нав дар инкишофи ҷомеаи баъдишӯравӣ» таҳти роҳбарии профессор С.Наврӯзов аз рӯи ихтисоси 09.00.11 – фалсафаи иҷтимоӣ соли 2000 дифоъ намудааст.
Назар М.А. соли 1992 ҳамчун ассистенти кафедраи фалсафа дар ДДТ (ҳоло ДМТ) ба фаъолияти омӯзгорӣ шуруъ кардааст. Соли 2003 ба вазифаи дотсенти ҳамин кафедра гузашт. Соли 2005 мудири кафедраи навтаъсиси сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ интихоб гардид. Соли 2006 ба ҳайси дотсент ва мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи муосири Россия ва Тоҷикистон фаъолият дошт. Солҳои 2006-2011 дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДМТ буд. Соли 2011 мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб гардид.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2019 №45 Назар М.А. директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст. Ӯ раиси Комиссияи экспертии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Ба қалами Назар М.А. зиёда аз 70 таълифоти илмӣ ва илмӣ-методии чопшуда тааллуқ дорад. Дар таълифоти ӯ асосан масъалаҳои инкишофи ҷомеаи муосир мавриди пажӯҳиши фалсафӣ қарор гирифтаанд.
Таълифоти асосии Назар М.А.:
  • Актуальные проблемы переходного общества. – Душанбе, 2000;
  • Времена: итоги и ожидания. – Душанбе: ЦСИ «Зеркало», 2000;
  • Становление нового качества в развитии постсоветского общества. – Душанбе, 2003;
  • Алоқамандии фалсафа ва илмҳои табиатшиносӣ. –Душанбе, 2004;
  • Фалсафаи илм (воситаи таълимӣ). – Душанбе, 2008 (шариктаълиф);
  • Асосҳои мантиқ (китоби дарсӣ, тарҷума аз русӣ). – Душанбе, 2010;
  • Фалсафа (китоби дарсӣ) – Душанбе, 2011 (шариктаълиф);
  • Таърих ва фалсафаи илм (воситаи таълимӣ) – Душанбе, 2013;
  • Фалсафа ва методологияи илм (китоби дарсӣ) – Душанбе, 2016 (шариктаълиф);
  • Мантиқ (китоби дарсӣ) – Душанбе, 2017 (шариктаълиф);
  • Фалсафа (китоби дарсӣ, қисми 1 ва 2) – Душанбе, 2020 (шариктаълиф) ва ғ.

 

Суроға

  • Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Шаҳри Душанбе

  • Хиёбони Рӯдакӣ, 33

 

Телефонҳо

  •  (+ 992)  221 - 56 - 89

  •  (+992) 918 - 99 - 12 - 71

http://www.zoofirma.ru/