Лого
 
Joomla модули на http://joomla3x.ru и компоненты.

Маҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович–файласуф, сиёсатшинос, доктори илмҳои сиёсӣ (2003), профессори кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аълочии маъорифи Тоҷикистон (2006), хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1984).  Баъди хатми мактаби олӣ аспирантура ва докторантураро дар Донишгоҳи давлатии ш.Мински Беллорусия хатм намуда, баъди ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар вазифаҳои мудири кафедра, сармутахассиси шӯъбаи илм, муаллими калони Коллеҷи ҳарбии Вазорати мудофиа, сармутахассиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, декани факултети фалсафаи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон ва дар Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Сардори шӯъба фаъолият намудааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2015, №231 доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Маҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович директории Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ӯ муаллифи зиёда аз  150 номгӯ асару мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, 4 китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ, 4-монография, 4-дастурҳои илмӣ-методӣ, 1 воситаи таълимӣ буда, таҳти роҳбарии профессор Маҳмадов А.Н., 3-нафар рисолаҳои докторӣ, 25 -нафар рисолаҳои номзадӣ тайёр ва ҳимоя намудаанд.

Мақолаҳои илмии ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ-таҳқиқотии ИМА, Русия, Эрон ва Швейтсария нашр гардидаанд.

Абдураҳмон Маҳмадов аз соли 1999 то 2007 аъзои Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадии назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, аз  моҳи марти соли 2008 то соли 2013 Раиси Шӯрои ҳимояи  рисолаҳои номзадии илмҳои сиёсии назди Донишгоҳи милии Тоҷикистон, аз соли 2013 раиси Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории илмҳои сиёсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аъзои Комиссияи экспертии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ мебошад.

А.Маҳмадов устоди варзиш оид ба гӯштини “Самбо” ва “Гуштингирӣ”, дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба «самбо» дар Фаронса  ва Президенти Академияи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад. Соли 2011 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.