Лого
 

Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018

Андешаи муҳаққиқон

Шаблоны Joomla 3 тут

фыфыНатиҷаҳои конференсияи «Масоили мубрами фалсафаи муосир»

Бахшида ба бузургдошти Рӯзи умумиҷаҳонии фалсафа (World Philosophy Day), ки он дар Иҷлосияи 33-юми Конференсияи генералии ЮНЕСКО соли 2005 эълон гардида буд, 21 ноябри соли равон Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ конференсияи илмӣ зери унвони «Масоили мубрами фалсафаи муосир» баргузор намуд. Дар конференсияи мазкур доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад А.Н., доктори илмҳои фалсафа Маҳмадҷонова М., академики АИ ҶТ Диноршоев М., доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммадалӣ Музаффар, доктори илмҳои фалсафа Додихудоев Хаёлбек маърӯза намуданд.

Инчунин файласуфони шинохтаи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Русия (Шуъбаи дар Сибир ҷойгирбуда) тариқи шабакаи интернет дар шакли маърӯзаи фосилавӣ дар конференсия иштирок намуданд.

Натиҷаҳои конференсия ва таассуроти файласуфони Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Русия (Шуъбаи дар Сибир ҷойгирбуда) дар сомонаи расмии ин пажуҳишгоҳи илмӣ нашр гардидааст (муфассал ниг...)

Инчунин иштирокчиёни конференсия тассуроти худро нисбат ба ташкилкунандагони чорабинии мазкур баён намуда, миннатдории худро иброз намуданд

Нигаред ба матни муфассал: Миннатдори аз конференсия

______________________________________________________________