Лого
 

Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018

Андешаи муҳаққиқон

Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018, дар баробари рушду пешрафти соҳаи маориф ва дар давраи муваффақиятҳои назаррас, ҳамзамон камбудиҳои ҷиддии дар ин самт ҷой дошта, мавриди изҳори нигаронӣ қарор гирифт. Яке аз камбудиҳои ҷиддӣ, ки вуҷуд дорад, ин нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ ва ҳамчунин, донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ ва англисӣ мебошад.

Чуноне, ки Пешвои миллат ироа карданд татбиқи нокифояи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №427 қабул карда шудааст, имрӯзҳо пурра татбиқи амалии худро наёфтааст. Яъне сатҳи омӯзиши ин забонҳо ба дараҷаи бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ ба рушди мафкураи насли имрӯз таъсири манфӣ мерасонад, ки давоми ин солҳо муҳассилин забонҳои русӣ ва англисиро на ба қадри зарурӣ, ки онро рушди ҷомеаи Тоҷикистон тақозо мекунад, аз бар кардаанд. Ҳоло ҳам дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ сустӣ мекунанд, яъне забондонии онҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Аз ин маълум мешавад, ки дар Муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, чунки омӯзиши забони модарӣ агар, пеш аз ҳама дар муассисаи томактабӣ хуб ба роҳ монда шавад, мо албата боварӣ дорем, ки хонандагони мо, ки ба Муассисаҳои олӣ дохил мешаванд, ба камбудиҳо роҳ намедиҳанд. Дар баробари ин нарасидани кадрҳои баландихтисос ва соҳибтахасуси соҳаи омӯзгорӣ ба назар мерасад, ки дар шароити рушду пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон ба раванди таълиму тарбияи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҳамин нигоҳ ман фикр мекунам, ки нигаронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити ҷаҳоншавии иқтисодиёт ва дар шароити ҷаҳоншавии тамаддунҳо боиси дастгирӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар Паёми имсола вобаста ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, махсус таъкид карда шуда, нокифоя будани як сол барои татбиқи амалии ин иқдом ироа гардид. Расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар роҳи муаррифии пурраи имкониятҳои сайёҳии кишварамон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дақиқан, ки як сол басанда нест. Аз ин рӯ, солҳои 2019 -2021 рушти деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми аз ҷонибӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид.

Воқеан, масъалаи мавриди танқид мо, ҷавононро ба он водор менамояд, ки ҷиддан ба масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, новобаста аз тахассуси интихобкардаамон шуруъ намоем. Зеро талаботи муосир нисбати кадрҳои  илмӣ ва омӯзгорӣ инро тақозо менамояд ва худи мафҳуми шахси мутамаддин имрӯз бидуни донистани чандин забон, доштани донишу малакаҳои замонавии техникию технологӣ қобили мулоҳиза нест. Аз ин рӯ, мо-ҷавононро мебояд бори дигар ба фармудаҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон таваҷҷуҳи ҷиддӣ намуда ҷиҳати такмилу инкишофи донишу малакаҳои худ кӯшишҳои садчанд ба харҷ диҳем.

 

Аспиранти курси 2-юми Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфиддинова Малоҳат Алиевна