Лого
 

Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018

Все для Joomla . Бесплатные шаблоны и расширения.

Омӯзиши Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи ҷамъбаст ва пешгӯиҳои стратегии Сарвари давлат нисбат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.

Соли 2018 дар таърих бо хотираву рӯйдодҳои неки ободиву рушди диёри азизамон ва чун соли эҳёи сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ, барқароршавии риштаҳои дӯстӣ бо ҷумҳурии дӯсту бародари Ӯзбекистон ва оғози фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” нақши муаассир гузошт.

Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, бо шарофати иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун оғози Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 эълон гардид, барои сокинони кишвар воқеан соли таърихиву бобарор ва соли амалӣ шудани умеду орзуҳои неки созандагӣ буд.

Чуноне ки сарвари давлат зикр карданд, барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ 1 сол басанда нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Дар Паём бо ифтихор ва сарбаландӣ зикр карда шуд, ки «Соли ҷорӣ мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт – соат неруи барқ содирот кардем».

Пешвои миллат ба ҳадафи дуюми стратегии миллӣ дахл карда, зикр карданд, ки «Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон, кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистонро низ рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардуми мо арзёбӣ намуданд.

Дар ҳақиқат, сифати нави муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди бузурги таърихӣ дар тақдири минбаъдаи ин халқу миллатҳо арзёбӣ мегарданд. Ҷавҳари чунин рӯйдоду воқеиятро на шаклпарастӣ ва этикет дар муносибати байнидавлатӣ, балки мазмуну мундариҷаи ҳастии таърихии ин ё он давлату миллат, ҷудонопазирии гузаштаи ягона, фарҳангу анъана, урфу одат, моил будан ба ҳамдигар ва майл кардан ба наздикшавӣ ташкил медиҳад.

Муҳим он аст, ки ин равандро бе шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва нақши онҳо дар эҳёи андешаи солими давлатдорӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чунин шахсиятҳо таърих меофаранд, ҷомеаро аз ҳолати карахтӣ ба ҳолати созандагӣ мебаранд, барои ояндагон саҳифаҳои нав ва роҳи некро мекушоянд.

Пешвои миллати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз зумраи чунин шахсиятҳои фарзона мебошанд, ки ба нақш ва ҷойгоҳи таърихии халқҳои худ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ эҳтиром гузоштанд. Моҳияти иҷтимоии ҳамбастагии ду миллати бо ҳам дӯсту бародарро дарк намуда, барои ба нафъи минбаъдаи ҳамдигарӣ ривоҷ додани ҳамкориҳо шароит фароҳам оварданд.

Аз ин рӯ, муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат ва фаҳмиши баланди давлату давлатдорӣ, ватану ватандорӣ, дарк ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳалли масъалаҳои дар назди давлату миллат гузоштаро осон мегардонад ва рушди иқтисодиву иҷтимоии имрӯзаи Тоҷикистон натиҷаи суботи бардавом ва устувори сиёсӣ аст. Фазои осудаи кишвар, ваҳдати сартосарии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ватандорӣ аст, ки моро қадам ба қадам ба сӯи музаффарият ва фатҳи қуллаҳои мурод раҳнамун месозад.

 

Аспиранти Шӯбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмиллалӣ Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов АИ ҶТ Норов Бахтовар Исломҷонович