Лого
 

Андешаи муҳаққиқон

Статьи и обзоры nachodki.ru

Мактуби иттилоотӣ

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 29-уми октябри соли 2019 дар толори АИ ҶТ бахшида ба 25 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди соҳаҳои ҳуқуқ дар замони истиқлолият» баргузор менамояд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегирад: 

  • Таърихи пайдоиши конститутсия ва конститутсионализм;
  • Конститутсияҳои Тоҷикистон: масъалаҳои таҳия, қабул ва мазмуни онҳо;
  • Конститутсияи соли 1994 ҳамчун Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол;
  • Моҳият ва мазмуни ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон;
  • Рушди соҳаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ ва маъмурию ҳуқуқӣ дар даврони Истиқлолият;
  • Ташаккули соҳаҳои хусусӣ дар Тоҷикистони мустақил;
  • Таҳаввулоти соҳаҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ дар партави Конститутсияи Тоҷикистон соли1994;
  • Пайдоиш ва рушди соҳаҳои нави ҳуқуқ дар даврони истиқлолият.

Дар кори конференсия иштироки олимон, коршиносон, намояндагони  вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар назар дошта шудааст.

Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

Риояи меъёрҳои навиштани мақолаи илмӣ ҳатмист. Ҳаҷми мақола набояд аз 8 саҳифа (формати А4) зиёд бошад. Мақола бо шрифти Times New Roman TJ. Андозаи ҳарф – 14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфчинӣ гардад. Интихоб ва таъйиди мақолаҳо ба ӯҳдаи маъсулони конференсия аст.

Муҳлати қабули мақолаҳо то 15-уми октябри соли 2019 мебошад.

Нишона барои ирсоли мақолаҳо:   ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ 33.

Телефонҳо барои иртибот: 221-56-89, 221-65-85.

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.