Лого
 

Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018

Андешаи муҳаққиқон

Бесплатные шаблоны Joomla
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 26 апрели соли 2019 дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами ташаккули ҳувияти миллӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор менамояд.
Ба конфронс олимону мутахассисон, намояндагони вазорату сохторҳои дахлдор, пажӯҳишгоҳҳо, марказҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ даъват мешаванд.
Дар конфронсия  баррасии масоили зерини ташаккули    ҳувияти миллӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пешбинӣ мешавад:
- таҳкими ҳувияти миллӣ дар замони сохибистиқлолӣ;
- худшиносии миллӣ ҳамчун омили ташаккулёбии ҳувияти миллӣ;
-хувияти миллӣ ва андешаи миллӣ;
- раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳувияти миллӣ;
- нақши мероси фарҳангӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ дар ҷомеа;
- ташаккулёбии ҳувияти шаҳрвандӣ ва хусусиятҳои он дар Тоҷикистони муосир.
Хоҳишмандем онҳое, ки дар кори конференсия иштирок карданианд, мавзӯъ ва фишурдаи баромади худро дар ҳаҷми то 10 саҳифа дар шакли электронӣ ва чопӣ ( Times New Roman Tj, Times New Roman, шрифти 14) бо суроғаи ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҶЧумҳурии Тоҷикистон, утоқи 14,  ирсол намоянд. Пешниҳоди маърӯзаҳо то 18 апрели соли ҷорӣ қабул карда мешавад.
Шахси масъул:
Насурова Б. А.
E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефонҳо барои тамос   221 77 96, 2215689
 
КУМИТАИ  ТАДОРУКОТ