Лого
 

Андешаи муҳаққиқон

Шаблоны Joomla здесь

НОМАИ ИТТИЛООТӢ (ПРЕСС-РЕЛИЗ)

5- уми апрели с. 2019 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази синошиносии он дар толори конфронсҳои Академияи илмҳо конфронси ҷумҳуриявӣ зери унвони «Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар рушди фалсафа, илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор менамоянд.

Конференсия тибқи нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномарезӣ гардида ба пешвози таҷлили 1040-солагии зодрӯзи олим ва мутафаккири бузурги тоҷику форс, Шайхур-раис Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 2020 ба таври васеъ дар доираҳои илмӣ ва иҷтимоии мамлакат сурат мегирад, бахшида шудааст. Вобаста ба ин санаи таърихӣ Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба бузургдошт, омӯзиш ва ташвиқи андешаҳои инсондӯстона ва илмпарваронаи Абӯалӣ ибни Сино 5 апрели соли 2019 бо иштироки мутахассисони варзидаи кишвар конфронси умумиҷумҳурии илмӣ бахшида ба «Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар рушди фалсафа, илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ» дар заминаи мавзӯи таҳқиқ, тарҷума ва нашри Осори Абӯалӣ ибни Сино баргузор намояд. Дар конфронс зиёда аз 20 маърузаву гузориш ва муҳокимаҳои умумӣ дар масъалаҳои омӯзиши осори Абӯалӣ ибни Сино, масоили раванди ташаккули андешаи илмӣ-фалсафӣ дар шарқи асримиёнагӣ, саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи фалсафа, илми тибб, табиатшиносӣ (ҳандаса, нуҷум ва ғ.), мантиқ, адабиёт, хусусият ва вежагиҳои эҳёи раванди пайдоиш ва рушди андешаи фалсафӣ, саҳми ӯ дар ташаккулёбии манзараи илмии олам, аҳамияти тафаккури таҳлилӣ-интиқодии таълимоти Ибни Сино барои ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди зеҳнии насли муосир, хусусиятҳо ва мушкилоти тарҷумаи осори ниёгон ба забони имрӯза мавриди муҳокима қарор мегиранд. 

Аз миёни ин гузоришҳо баъди сухани муқаддимавии Президенти АИ ҶТ, Фарҳод Раҳимӣ маърузаҳои зерини олимони варзидаи ҷумҳуриро метавон ном гирифт, ки масъалаҳои калидии мероси илмиву фалсафӣ ва тиббиву фарҳангии Шайхурраисро таҳлилу баррасӣ мекунанд:

Диноршоев М., академики АИ ҶТ. «Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар тамаддуни ҷаҳонӣ»; узви вобастаи АИ ҶТ, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар масъалаи фалсафаи варзиши рӯҳу бадани Ибни Сино; Маҳмадҷонова М.Т., д.и.ф., профессор. «Андешаҳои фалсафии Абӯалӣ ибни Сино дар асари «Ҳай ибни Яқзон»; Сайфуллоев Н. д.и.ф, проф. «Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми мантиқ». Раҳимов С. д.и.ф. «Назари Абӯалӣ ибни Сино оид ба зебоӣ (эстетика)ва аҳамияти он барои назарияи зебошиносии муосир»; Нуралиев Ю., д.и.тиб. Арзёбии тибби муосир аз нигоҳи тибби Абӯалӣ ибни СиноОшибки осовремененной медицины с точки зрения медицинской системе Авиценны»); Раҳимов М.д.и.ф. проф., «Фалсафаи инсони Абӯалӣ ибни Сино»; Маҳмадуллоев С. н.и.ф., «Тарҷума воситаи муҳими интиқоли донишҳо. (Аз таърихи тарҷумаи осори илмию фалсафӣ дар тамаддуни исломӣ»); Зокиров Н.М. н.и.ф. «Таҳлили муқоисавии «Донишномаи Алоӣ» и Абӯалӣ ибни Сино ва «Мақосид-ул-фалосифа»-и Абуҳомид Муҳаммад Ғаззолӣ»;

Дар охири конфронс муколамаи илмӣ дар мавзӯи таҳким ва густариши фаъолияти Маркази синошиносӣ дар таҳқиқ, тарҷума ва муаррифии осори Абӯалӣ ибни Сино, истифодаи оқилона аз осори Шайхурраис дар тарбияи насли наврас ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷумҳурӣ ба назар гирифта шудааст.

 

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ,
Маркази синошиносӣ: ш.Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33, (992 372) 221 77 96
Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.www.ifppanrt.tj