Лого
 
Компоненты, модули, шаблоны и другие Расширения Joomla

МАКТУБИ ИТТИЛООТЇ

Мувофиќи ќарори Иљлосияи ЮНЕСКО ба фењристи санањои таърихии ањамияти љањонї дошта таљлили 1150-солагии зодрўзи олим ва мутафаккири бузурги тољику форс Абубакр Муњаммад ибни Закариёи Розї ворид карда шуд. Вобаста ба ин санаи таърихї ва татбиќи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 июли соли 2016 № 269, Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи А.Бањоваддинов, 18 октябри соли 2016 Симпозиуми байналмилалии «Абубакр Муњаммад ибни Закариёи Розї дар илм ва фалсафаи љањонї»-ро баргузор менамояд.

 

            Дар Симпозиум масъалањои омўзиши раванди ташаккулёбї ва вижагињои рушди андешаи фалсафї дар Шарќи асримиёнагї, умумият ва вижагињои масъалањои эњёи таърихї – аќлонии раванди пайдоиш ва рушди андешаи фалсафї дар асрњои миёна дар њошияи ташаккулёбии илмњои табиатшиносї, ањамияти таълимоти Закариёи Розї дар рушди минбаъдаи илмњои даќиќ, наќши Закариёи Розї дар ташаккулёбии манзари илмии олам мавриди муњокима ќарор мегиранд. Забонњои симпозиум – тољикї, русї, англисї. Маводи симпозиум пешакї нашр мешавад.

            Аз пажўњандагон ва дўстдорони илму фалсафа хоњиш карда мешавад, ки то 1 октябри соли 2016 унвон ва фишурдаи маќолаи худро дар њаљми то 10 000 калима ба забони тољикї ё русї (то 5 сањифаи чопи компютерї бо шрифти TimesNewRomanTj - 14 интервали 1, аннотатсия ва калидвожањо ба забонњои тољикї, русї, англисї, нишон додани ному насаби муаллиф, љои кор ва унвони илмии худ) ба нишонии Кумитаи тадорукоти симпозиум (ш.Душанбе, хиёбони Рудакї 33, Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи А.Бањоваддинови АИ ЉТ, телефонњо барои тамос: (992 372) 221 77 96 – Идиев Хайриддин Усмонович ва ё Мањмадљонова Муњиба Талатљоновна (котиби масъул), почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. – телефони мобилї (372) 918 877 009 – ба шакли электронї ва ќоѓазї, ирсол доранд.

Кумитаи тадорукот