Лого
 
Все для Joomla . Бесплатные шаблоны и расширения.

Мактуби иттилоотӣ

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шумо мерасонад, ки 6 сентябр соли 2016  бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси умумиҷумҳуриявӣ «25 соли истиқлолият ва тафаккури нав дар фарҳангу ҳунари Тоҷикистон» баргузор менамояд.

 

Конфронс, масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ ва баҳс қарор хоҳад дод:

  1. Таҳлили фалсафию илмии ташаккул, хусусият ва моҳияти тафаккури нав дар фарҳанги миллӣ.
  2. Зуҳури тафаккури нав дар асарҳои ҳунарӣ (назму наср, драматургия, театр, телевизион, кино, мусиқӣ, ҳунарҳои тасвирӣ, меъморӣ, дизайн ва ғ.).
  3. Шинохти тафаккури нав дар асарҳои фарҳангшиносон ва санъатшиносон.
  4. Мушкилиҳои пиёдашавии тафаккури нав дар ҷомеа.
  5. Саҳму ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва тарғиби диди нав дар ҷомеа.
  6. Усулҳои ахлоқии татбиқу баррасии тафаккури нав дар ҷомеа.
  7. Ҳувияти миллӣ дар давраи нави ҳамгироӣ.
  8. Тоҷикистон дар қаринаи равандҳои муосир.
  9. Фарҳанг ва ҳунари тоҷик дар иртиботу таъсири мутақобила бо фарҳангҳои ҳамтабору умумибашарӣ.
  10. Дин ва тафаккури нави фарҳангӣ.
  11. Саҳми маориф ва васоити ахбори умум дар тарғибу тарбияи тафаккури нав.
  12. Ҳамнавохтии тафаккури фардӣ ва ҷамъиятӣ дар рушди минбаъдаи кишвар.

Меъёрҳои қабули мақола:

Мақола дар шакли электронӣ ва хаттӣқабул карда мешавад ва набояд аз 5 саҳифа кам бошад.

Ҳуруфчинӣ ба воситаи барномаи Word, шрифти «Times New Roman Tj» 14, фосилаи байни сатрҳо -1,5 см.

Унвони мақола бо шрифти 16 – сиёҳ нигошта шавад.

Ному насаби муаллиф, ҷойи кор, вазифа, шаҳр, ва суроғаи электронӣ дар болои мақола оварда шавад.

Интихоб ва таъиди мақолаҳо ба ӯҳдаи доиркунандагони конференсия аст.

Забони кории конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.

Нишона барои ирсоли мақолаҳо: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Нишона барои ирсоли шакли хаттии мақолаҳо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, Шӯъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ.

Қабули маводи конференсия то 1 август соли 2016.

Макони баргузории конференсия: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, Маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Телефонҳо барои иртибот: 

                                    (+992 93-459-91-63)

                                    (+992 93-585-55-90)