Лого
 

Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018

Андешаи муҳаққиқон

Шаблоны для Joomla 3 здесь
ҶАШНИ САДА ГУВОҲ АЗ ПЕШОМАДИ НАВРӮЗ
Ҷашни Садаро ҳаким Фирдавсӣ ба писари чаҳоруми Ҳазрати Одам (а) – Ҳушанги Пешдодӣ нисбат додааст. Бино ба тасвири ин ҷашн дар «Шоҳнома», Ҳушанг бо сад нафар мулозимонаш ба самти кӯҳе ба номи Истахр рафт ва ҳангоми истироҳат баногоҳ мори сиёҳи азимҷуссаеро дид, ки аз даҳонаш дуд мебаромад. Ӯ сангеро гирифту ба тарафи мор партоб кард. Чун санги мазкур санги чақмоқӣ буд, он ба санги бузурги чақмоқии дигаре бархӯрд ва оташи бархоста аз он бар хасу хошок афтод ва морро бисӯхт.
   Ин устураи мазкур шомили ду рамз аст. Рамзи аввал ҳамон рамзи мори сиёҳ аст, ки аз даҳонаш дуд мебаромад ва он аз оташи ба вуқӯъ пайваста бисӯхт. Дар ин ҷо мори сиёҳ ва дуди даҳони ӯ ба торикию зулмат ишора мекунад, ки он дар суннати ниёгони ориёии мо рамзи бадӣ ва иғтишошу марг аст. Рамзи дуюм оташ аст, ки он намоди фурӯғи аҳуроӣ ва рамзи созандагию бақо, идомати зиндагӣ ва нуру равшноӣ мебошад. Ба ибораи дигар, ҳаким Фирдавсӣ дар мисоли амали Ҳушанг муборизаи нуру зулмат ва қувваи ба ҳам зидро нишон медиҳад, ки ин шаҳриёри пешдодӣ аз ғалабаи оташе, ки ба вуҷуд оварда буд, ба ваҷд меояд ва онро ҳамчун «фурӯғи эзидӣ» саҷдагоҳи худ қарор медиҳад.  
 
К-ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ онгоҳ қибла ниҳод.
Бигуфто фурӯғест ин эзидӣ,
Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,
Сада номи ин ҷашни фархунда кард.
 
Устураи дуюм дар бораи ҷашни Сада мавҷуд аст, ки мувофиқи он баъди марги аввалин кадхудои ҷаҳон – Каюмарс аз дасти неруҳои аҳриманӣ, нутфа (тухма)-и оташгунаи ӯ, ки ба зери хок афтода буд, бо гузашти чиҳил сол аввал ду растании баҳам печида ва аз онҳо завҷе (марду зан) бо номҳои Машяву Машяна пайдо шуданд ва аз насли онҳо авлоди башар пайдо шуд. Бино ба гуфтаи Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор» вақте микдори аввалин инсонҳо ба 100 (сад) нафар расид, он рӯзро гиромӣ дошта, бо оташафрӯзӣ ҷашн гирифтанд ва ин ҷашнро Сада номгузорӣ карданд.
 
Ҷашни Сада, амиро расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарс Исфандиёр бошад…
Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи мор бошад,
Чун бингарӣ ба арзаш аз кӯҳсор бошад
Чу бингарӣ ба тӯлаш сарву чинор бошад…
 
Чуноне  ки мулоҳиза мешавад, дар ин шеъри Манучеҳрӣ низ кӯҳу мор омадааст, ки устураи аввалро тақвият мебахшад. Усулан  ҷашни Сада бо нуру оташ робитаи ногусастанӣ дорад. Фаррухӣ низ дар шеъре, ки ба ҷашни Сада бахшидааст, оташ ва Хуршеду Моҳро нурҳое медонад, ки аз тобишу партавафшонии онҳо ба олами гетию миноӣ (сифлию улвӣ) аз ҷиҳати ҷаҳоншиносӣ ба вуҷуд омадани оламҳои нуронию (муҷарраду) зулмонӣ (моддӣ)-ро таъйид мекунад. Ҳамин масъала минбаъд инкишоф ёфта, дар Авесто аз забони Зардушт чунин садо додааст:  
«Ин нурро, ки дар баробараш истодаам, нури офариниши ту (яъне Аҳуромаздо – Ҳ.М.) медонам, онро ба манзилаи парастиши сӯ (қибла) мешиносам, ба василаи ин нур, ки заррае аз зарроти туст, хосторам, ки худамро бо нури ҳақиқати ту наздиктар кунам».
Номи ҷашни Сада аз рақами 100 (сад) гирифта шудааст. Дар забони паҳлавӣ он дар шаклҳои гуногун (сат, сатаг, сазак ва ё саз) ва арабҳо онро «сазак» номидаанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ҷашни мазкурро мансуб ба миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯз – яъне 50 шабу 50 рӯз медонад. Ҳамин фикрро ӯ дар «Осор-ул-боқия» чунин баён кардааст: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт (яъне ҳангоми ҷашни Сада) мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз обонмоҳ (яъне 27 октябр) мешумориданд ва охири зимистон (-и бузург)-ро, ки 10 рӯз ба баҳманмоҳ мегузашт (яъне 30 январ) ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд.
Имомуддин Закариёи Қазвинӣ дар «Аҷоиб-ул-махлуқот» яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳ Садаро ба Ардашери Бобакон ихтисос додааст. Берунӣ низ ин фикри дар осораш зикр намуда, хотирмон будани маросими ҷашни Сада дар аҳди Анӯшервони Одилро таъкид карда буд. Дар сарзамини Эрони бузург ҷашни Садаро бо шукӯҳу шаҳомати хос аз 10-ум ба 11-уми баҳманмоҳ ҳамчун охирин ҷашни ҳошиявии Наврӯзи ҳуҷастапай баргузор мекарданд.
Аз рӯи маълумоти Умари Хайём дар «Наврӯзнома» ҷашни Сада ба пирӯзии Фаридуни тилисмшикан бар Заҳҳоки морбардӯш (Аджи Даҳака) нисбат дода шудааст. Ӯ дар асари ёдшуда навиштааст: «…Ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро бигрифта ва мулк  бар вай (яъне Фаридун – Ҳ.М.) рост гашт, ҷашни Сада бинҳод ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳд дар Эрону Тӯрон ба ҷой меоранд».
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридну в-аз Ҷам ёдгор аст…
 
Бояд тазаккур дод, ки дар ин ривоят Заҳҳок ҳамон аждаҳо (Аджи Даҳак) ё худ морбардӯш аст, ки морҳои шонаи ӯ нишони аҳриманист ва киноя аз шайтонест, ки хоҳони нобасомонию иғтишош дар ҷомеа ва маргу нобуд сохтани инсону инсоният мебошад. Гузинаҳо (вариантҳо)-и гуногуни шарҳу баёни муносибати Фаридуну Заҳҳок дар адабиёти марбут ба ҷашнҳои ҳошиявӣ вуҷуд доранд.
  Одати асосӣ дар ҷашни Сада оташафрӯзӣ ва нӯшидани шароб аст. Нависандаи машҳури муосири Эрон Содиқ Ҳидоят дар «Найрангистон» ном асараш ҷашни Садаро «садасӯзӣ» ном ниҳода, маросими анҷоми ин ҷашнро дар шаҳру ноҳияҳои Эрон тасвир намуда, хусусиятҳои онро дар тасвири образҳои бадеӣ нишон додааст. Аз ҷумла, нависандаи мазкур қайд кардааст, ки ҷашни Сада аҳамияти фалоҳатӣ дорад, чун баъд аз он аввал ҷараёни базрафшонӣ сурат мегирад, баъд тайёрӣ ба кишту кор шурӯъ мешавад.
Роҷеъ ба ҷашни Сада шоирони классикию муосири мо ашъори зиёде сурудаанд. Аз таҳлили осори қасидасароён ва ситоишгарони дарбор чунин меояд, ки ҷашнҳои Сада аксаран шабҳангом сурат гирифта, дар ҳар манзилу кӯю кӯча бо нишот шодмонӣ баргузор мегардид. Муҳимтарин нишони он оташафрӯзӣ ва шояд беҳтарин амали он майхӯрӣ бошад, ки мо онҳоро дар шеъру қасидаҳои мадеҳасароёнамон ба хубӣ эҳсос карда метавонем. Манучеҳрӣ дар қасидааш аз ҷумла мегӯяд:
 
Омад зи сайри аҳрор шабди ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Барафрӯз оташи Бурзин, ки дар ин моҳ басе,
Озари Бурзин пайғамбари озор бувад.
Май хур эй аҳрори шаби ҷашни Сада
Бода хӯрдан, бале, аз одати аҳрор бувад…
 
Иброҳими Шукурзода дар китоби «Ақоид ва русуми мардуми Хуросон» чигунагии пайдоиш ва баргузории ҷашни Сада дар ин сарзамини паҳноварро мавриди таҳқиқ қарор дода, маълумоти муфидеро ҷамъоварӣ намудааст. Дар идомаи гуфтаҳои ӯ Ҳошими Разӣ ба оташафрӯзӣ дар ҷашни Сада ишора намуда, аз ҷумла навиштааст, ки «гоҳе ҳамзамон бо авҷ гирифтани шуълаҳои оташ ба гирди он мечархидану мерақсиданд ва ҳама пиромуни он пойкӯбӣ, таронахонӣ ва шодмонӣ мекарданд.
Аз нукоти боло пайдост, ки ҷашни мазкур наздик шудани фасли баҳор ва омода шудан ба коркарди замин барои киштукор, ҳамчунин мужда ва огоҳӣ аз сипарӣ шудани зимистону сармо ва фаро расидани анқариби Наврӯз башорат медиҳад. Бинобар он мардум дар ҷашни Сада чи дар маҳалҳои махсус аз саҳрову пуштаҳо ҳезум ҷамъоварӣ намуда, оташ меафрӯхтанд ва дар болои бомҳояшон шуълаи оташро фурӯзон менамуданд. Сармо баъди ҷашни Сада ба эътидол рӯ меовард, бо аввалин нишонаҳои гармо неруҳои аҳриманӣ заифу нотавон мешуданд ва оташе, ки ҷилвагоҳи рамзу киноя аз Ҳурмуз аст, замонро ба сӯи таодули баҳорӣ раҳнамун месохт.
Роҷеъ ба ҷашни Сада дар асрҳои миёна ва баъзе унсурҳои он дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар шаҳрҳои бостонӣ ва ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А.Кисляков ва И.С.Брагинский маълумот дода, унсурҳои боқимондаи ин ҷашни мансуб ба табиатро, ки аз нафас кашидани замин шаҳодат медиҳад, бо маросимҳои маъмул дар асрҳои миёна муқоиса намудаанд. Абдулазими Разоӣ ва Муҳаммад Муин иттилоъ додаанд, ки оташафрӯзию фурӯғи ҷашни Сада тибқи солшумории бостонӣ баъди 310 рӯз аз оғози фарвардинмоҳ баргузор хоҳад шуд. Бо изофаи 50 шабу 50 рӯз ҷашни Наврӯз аз аввали «панҷаи дуздида» ба унвони муқаддамоти наврӯзӣ иди соли нав таҷлил мегардид.
Яке аз муҳаққиқони эронӣ Коваи Зарринхома оташро дар фарҳанги авестоӣ намоди зиндагӣ, сарчашмаи ҳаёт, манбаи равшноию гармӣ қаламдод намуда, зимнан таъкид мекунад, ки «ҳар куҷо нуру оташу оташкада бошад, намоду сунбули ойини зардушист», ки дар дини ислом ҳамин масъала дар ояи «Нур» матраҳ гардидааст. Умуман, оташ дар олами моддӣ мазҳари нури аҳуроӣ мебошад. Он 1) поку беолоиш аст ва дигар чизҳоро аз олоиш пок мегардонад; 2) чун шуълаи оташ ба боло забона мезанад, парастандагони он низ бояд саъй кунанд, то ба сӯи илоҳиёту рӯҳоният иртиқо ёбанд; 3) чун шуълаи оташ ба поён ҳаракат намекунад, пайравони он низ бояд маҷзуби хостаҳои пасти нафсонӣ нашаванд ва ҳавою ҳавасҳои зулмониро аз худ дур созанд; 4) чун оташ нопокиҳоро пок месозад ва худаш олуда намешавад, муътақидони ин дин бояд бо бадӣ биситезанд ва худро бо он олуда накунанд; 5) ҳамон тавре ки аз ахтар оташ афрӯхтан мумкин аст, тавлиди як фикр ё амали неки накӯкор равони афроди бешумореро неку пок ва муназзаҳ аз бадӣ мегардонад, пайравони оини зардуштӣ низ пас аз бархурдор шудан аз фурӯғи донишу бениш дигаронро бояд аз он бохабар созанд ва дар зиндагӣ мисли оташ фаъол бошанд.
Кашфи оташ тавассути ниёгони мо як воқеаи тасодуфӣ набуд, он ҷараёни дуру дарози ҷустуҷӯро ба дунбол дошт ва як ҳодисаи муҳими иҷтимоӣ дар асри навсангӣ ба шумор мерафт. Ҷашни Сада ва оташсӯзии он мазҳари оташи нуронии самовӣ ва аҳуроӣ буд, ки ин масоил дар «Таърихи Байҳақӣ», «Таҷориб-ул-умам», «Таърих»-и Ибни Асир ва дигар сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ ироа шудаанд. Дар онҳо ҳамчунин оростани хони ҷашни Сада, садо додани рақсу мусиқӣ дар ҷашн, иҷрои оҳангҳои Борбаду Накисо, овозхонӣ ва бадеҳагӯӣ то бомдоди рӯзи дигар тасвир гардидаанд.
Тибқи иттилои маъхазҳо дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирӯзӣ ба деҳқонону мулозимонашон медоданд. Маълумоти қазоӣ дар бораи ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёнгарон иттилооти муфид боқӣ мондааст. Дар замони ҳукмронии Султон Масъуд ҷашни Сада дар ҷараёни сафар рост омадааст. Султон дастур дода, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурӯғи он аз 10 фарсах мушоҳида мешуд. Чунин ҷашни пуршукӯҳи Сада дар Исфаҳон, дар канори рудхонаи Зояндаруд низ баргузор шуда, ки Ибни Асир роҷеъ ба он «Комил-ут-таворих» иттилоъ додааст. Саёқӣ мефармояд:
 
Сада омад, ки тарабро сару солор бувад,
Шодмониро з-ин пас ба(р) мо бор бувад.
Бар рухи ҷашни Сада гарчи зимистон дар баст,
Партави чеҳраи ӯ гуфт, ки ин ёр бувад…
 
Анна Красноволская дар «Чанд чеҳраи калидӣ дар асотири гоҳшумории эронӣ «ҷашни Садаро пешомади намодини Наврӯз ва муҳимтарин ҷашни зимистонӣ ба қалам додааст, ки аз даврони куҳан ҳамчун иди ҳошиявии пешазнаврӯзӣ ҳар сол таҷлил мегардид». Артур Кристенсен ҷиҳатҳои муштараки ҷашни Сада ва ҷашнҳои оташи роиҷ дар Аврупоро муқоиса намуда, оташи поки иди Фасхи насоро, иди растохези Масеҳ дар кишварҳои Урупоро ёде аз ҷашни Сада арзёбӣ намудааст.
Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,
К-андарин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.             
            
Муҳаммадқул Ҳазратқулов,
доктори илмҳои фалсафа, профессор