Лого
 

Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018

Бесплатные шаблоны Joomla
ҶАШНИ САДА ГУВОҲ АЗ ПЕШОМАДИ НАВРӮЗ
Ҷашни Садаро ҳаким Фирдавсӣ ба писари чаҳоруми Ҳазрати Одам (а) – Ҳушанги Пешдодӣ нисбат додааст. Бино ба тасвири ин ҷашн дар «Шоҳнома», Ҳушанг бо сад нафар мулозимонаш ба самти кӯҳе ба номи Истахр рафт ва ҳангоми истироҳат баногоҳ мори сиёҳи азимҷуссаеро дид, ки аз даҳонаш дуд мебаромад. Ӯ сангеро гирифту ба тарафи мор партоб кард. Чун санги мазкур санги чақмоқӣ буд, он ба санги бузурги чақмоқии дигаре бархӯрд ва оташи бархоста аз он бар хасу хошок афтод ва морро бисӯхт.

САДА ҚОСИДИ НАВРӮЗ АСТ
 
Сада сад раҳ кушояд суйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд руйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.
(Гулназар)
 
Сада охирин ҷашни мавсимии сол қабл аз Наврӯз аст ва онро муҳаққиқон паёмовари Наврӯз медонанд. Ин ҷашни пешомади наврӯзӣ  баъди чиллаи зимистон фаро мерасад ва онро маъмулан ҷашни оташафрӯзӣ меноманд. Моҳияти ин ҷашн аз он иборат аст, ки баъд аз Шаби Ялдо, ки он аслан рӯзи таваллуди Меҳр (Митра) дар оини меҳрпарастӣ мебошад ва баъди ташаккули оини масеҳият онро ба рӯзи таваллуди Исои масеҳ табдил доданд, дароз шудани рӯз ва гарм шудани ҳаво ба вуқӯъ мепайвандад ва партавафшонии Хуршед ба Замин бештар мешавад. Дар қишри Замин ҳодиса ва пайвастагиҳои махсуси биологиву органикӣ рух медиҳад, ки табиатро барои эҳё омода ва Заминро бордор месозад.

«Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст»-огоҳӣ аз сипарӣ шудани зимистон ва мужда аз фаро расидани баҳору Наврӯз

Ҷашни Садаро ҳаким Фирдавсӣ ба писари чаҳоруми Ҳазрати Одам (а) – Ҳушанги Пешдодӣ нисбат додааст. Бино ба тасвири ин ҷашн дар «Шоҳнома», Ҳушанг бо сад нафар мулозимонаш ба самти кӯҳе ба номи Истахр рафт ва ҳангоми истироҳат баногоҳ мори сиёҳи азимҷуссаеро дид, ки аз даҳонаш дуд мебаромад. Ӯ сангеро гирифту ба тарафи мор партоб кард. Чун санги мазкур санги чақмоқӣ буд, он ба санги бузурги чақмоқии дигаре бархӯрд ва оташи бархоста аз он бар хасу хошок афтод ва морро бисӯхт.

Ҷашни Сада

 «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Беҳтарин дастоварди миллии мо дар садаи ХХI- ин Истиқлолияти давлатии мо мебошад, ки ба шарофати он мақоми тоҷикон ва Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд рафт ва ҷумҳуриямон ба сифати як давлати мустақили ягонаи демокративу дунявӣ шинохта шуд.

САДА

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози санаи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Доктори илмҳои фалсафа Саъдулло Раҳимов: «Мо бояд ба базмороии Сада, Меҳргон ва Наврӯз ҳам ҳусни карнавалӣ ва ҳам театришудаи мутантан бидиҳем».
Ҳамасола якшанбеи охири моҳи январ дар тамоми ҷумҳурӣ ҷашни Сада ва намоиши зироати кишоварзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ҷашни Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии аҷдодон буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ таҷлил мегардид. Дар робита ба ин ҷашни қадимаи аҷдодон хабарнигори АМИТ «Ховар» бо доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдулло РАҲИМОВ ҳамсуҳбат гардид.

Сада, Наврӯз ва Меҳргон мардумро ба покӣ, хештаншиносӣ ва дӯстиву рафоқат даъват менамоянд

fotoҶашнҳои суннативу миллии Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз як тараф мардумро ба покиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, порсоӣ, фарҳангдӯстӣ, дӯстиву рафоқат даъват намуда, нурро дар муқобили зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар, инсон дар муқобили ҳирси нафсонии хеш бо баракати ин ҷашнҳои поки суннатӣ метавонист ғалаба кунад. Ин матлабро ходими калони илмии шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Тоҷинисо Муродова ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз намудааст. Андешаҳои пурраи номбурдаро дар бораи ҷашни бостонии Сада пешкаши хонандагон мегардонем:

«САДА» НОМИ ОН ҶАШНИ ФАРХУНДА КАРД…». Ин ид рамзи рӯҳи боландаи ориёӣ буда, дар таъмини ҳастии миллати тоҷик нақши муайян бозидааст.

fotoЧаро дар рӯзи Сада бояд шодию хурсандӣ кард? Ва чаро Фирдавсӣ Садаро фрӯғу равшанӣ ва ҳадяи Офарнидгор номидааст? Ба ин суолҳо донишиманди тоҷик Муҳаммадсалом МАХШУЛОВ дар мақолаи худ, ки дар зер пешниҳод мешавад, посух гуфтааст.
Тоҷикон дар масири таърихи тӯлонии худ ҳаводиси фоҷиабори зиёдеро пушти сар гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо метавонист як қавми томеро ба куллӣ аз байн бубарад. Тайи садсолаҳо ақвоми дур аз тамаддун ва бераҳму кӯчӣ аз даштҳои шимол сарозер мешуданд, шаҳрҳоро вайрон, киштзорро хароб, мардумро нобуд ва марказҳои фарҳангиро валангор мекарданд. Писарони баруманди қавми тоҷик ҳамеша алайҳи ин мавҷи мухриби саҳронишинон муқовимат мекарданд ва ҳарчанд баъд аз ҳар як фавҷи хонумонсӯз фавҷи дигаре ба сарзаминҳои сабзу хуррами Вароруду Хуросон сарозер мешуд, рӯҳи миллӣ бо вуҷуди шебу фарозҳо ҳамеша побарҷо буд ва муқовимат ҳамоно идома меёфт.

САДА – СИМВОЛ ПРОВОДОВ ЗИМЫ И РАДОСТНОЕ ОЖИДАНИЕ ВЕСНЫ

По мнению таджикского ученого, праздник должен сохранить историческую ценность и в то же время приобрести новый облик.

foto27 января в Парке культуры и отдыха имени А. Фирдавси (бывший парк Дружбы народов) состоится республиканское мероприятие, посвящённое празднику Сада – предвестнику весны. Аналогичные мероприятия также пройдут в Худжанде,Хороге, Бохтаре и других городах и районах Таджикистана. Основатель мира и национального единства – Лидер нации, Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон в своём Послании к Парламенту страны отметил, что в этом году музыка фалак, исторический памятник Хулбук, праздники Мехргон и Сада также будут предложены ЮНЕСКО. По его словам, в последние годы все больше возрастает интерес к охране государственного языка, национальных традиций, ценностей и одежды. Какое значение имеет для таджикского народа праздник Сада и о традициях его празднования в беседе с корреспондентом НИАТ «Ховар» Кристиной ЭРЛИХ рассказал ученый секретарь Института философии, политологии и права имени А. Баховаддинова Академии наук Республики Таджикистан, кандидат философских наук Нусратулло ЗОКИРОВ.

Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018, дар баробари рушду пешрафти соҳаи маориф ва дар давраи муваффақиятҳои назаррас, ҳамзамон камбудиҳои ҷиддии дар ин самт ҷой дошта, мавриди изҳори нигаронӣ қарор гирифт. Яке аз камбудиҳои ҷиддӣ, ки вуҷуд дорад, ин нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ ва ҳамчунин, донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ ва англисӣ мебошад.

Омӯзиши Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи ҷамъбаст ва пешгӯиҳои стратегии Сарвари давлат нисбат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.