Лого
 

Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018

Андешаи муҳаққиқон

Даври дуюми конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми кишварҳои Мовароуннаҳр дар ғанисозии тамаддуни исломӣ» дар Донишгоҳи давлатии Матруҳи Ҷумҳурии Арабии Миср рӯзҳои 23 – 24 – уми апрели 2019 баргузор шуд.

Дар кори конфронс олимону муҳаққиқон аз ҳама донишгоҳҳои Миср ва инчунин аз кишварҳои Ироқ, Урдун, Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон иштироку баромад намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо Мирзоев Ғаффор дар мавзӯи «Иштироки олимони Мовароуннаҳр дар «байт- ул- ҳикма»-ҳои исломӣ дар асрҳои  миёна» баромад намуда, ба саҳми мутафаккирони тоҷик ва ташаккул ёфтани забони тоҷикиву форсӣ ҳамчун забони илму дониш дар баробари забони арабӣ дар ин марказҳои илмӣ дар асрҳои миёна  таъкид кард.