Лого
 

БАЁНИЯИ

Симпозиуми байналмилалии

«Нақши Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар илм ва фарҳанги ҷаҳон»

18 октябри соли 2016 дар толори Маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати АИ ҶТ ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи А. М. Баҳоваддинов вобаста ба иҷрои қарори Иҷлосияи 38 ЮНЕСКО аз моҳи ноябри соли 2015 оид ба таҷлили 1150-солагии зодрӯзи олим ва мутафаккир Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши Муҳаммад Абубакр Закариёи Розӣ дар илм ва фарҳанги ҷаҳон» баргузор гардид.

Мақсади асосии Симпозиум аз фароҳам овардани заминаи баҳои муносиб ба нақшу мақоми мероси  Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар саҳифаи илму фарҳанги ҷаҳонӣ, табодули иттилооти илмию амалӣ оид ба осори мутафаккир, баррасии фикру ақидаҳои олимон, коршиносон ва дигар мутахассисон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни таълимоти ӯ, пешбинии зарурияти таҳқиқи амиқтари асарҳои то имрӯз дастараси ҳамагон нашудааш ва ғайра иборат буд. Теъдоди умумии иштирокчиён бештар аз 150 нафарро ташкил дод, ки дар байни онҳо олимони намоён, мутахассисон ва кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Тоҷикистону Афғонистон ва Федератсияи Русия ҳузур доштанд.

Симпозиум дар ду бахш: Нақши Закариёи Розӣ дар ташаккул ва рушди илмҳои табиӣ ва  Нақши Розӣ дар рушди фалсафа, адабиёт, мусиқӣ ва фарҳанг гузаронида шуд.

Диққати асосии иштирокчиёни симпозиум ба таҳлилу баррасиимасоили марбут ба вижагиии низоми фалсафии Розӣ, назару андешаҳои ӯ ба масъалаҳои ҳастишиносӣ, маърифатшиносӣ, ҳаёти динӣ ва иҷтимоию сиёсии ҷомеа, омӯзиши масъалаҳои табиатшиносию тиббӣ ва ғайра равона гардида буд. Зимнан дар нишасти мазкур арзёбии сатҳи муаррифии осори ин абармарди илм дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон сурат гирифт ва вобаста ба зарурияти тақвият додани омӯзиши нашри осори АбубакрМуҳаммад Закариёи Розӣ андешаҳои арзишманд баён гардид.

Рафти кори Симпозиум тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос карда шуд. Осори мутафаккир ва дигар асарҳои тақиқотии ба муносибати ҷашни 1150 солагии ӯ нашршуда муаррифӣ гардид, ки аксари онҳо дар доираи омодагиҳо ба симпозиум дастраси ҳаводоронаш гардонида шуд.

Аз рӯи ҷамъбасти маърӯзаҳо ва муҳокимаҳои муфиду муфассали иштирокчиёни симпозиум ба чунин хулоса омаданд:

- Мероси  гаронбаҳои Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ аҳамияти умумибашарӣ дошта, бояд ба таври ҳамаҷониба дар рушду нумӯи илмҳои дақиқ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ истифода гардад;

- Осори Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ аз маъхазҳои гуногун бояд ҷамъоварӣ ва дастраси муҳаққиқону хонандагон карда шавад;;

- таҳқиқоти густарда дар мавриди муаррифӣ кардани осори мутафаккир ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи олимони соҳаҳои илмҳои дақиқ ва иҷтимоию инсоншиносӣ бошад;

- кӯшишҳои олимон ва мутахассисон оид ба табодули маълумоти илмӣ-амалӣ дар мавриди омӯзиш ва таблиғи орои пешқадами муттафакир ба таври васеъ ба роҳ монда шавад;

 - корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи омӯзиш ва ба раванди таълиму тарбия ворид намудани мероси Закариёи Розӣ ва ҳамасрони ӯ дастгирй карда шавад;

- барои татбиқи лоиҳаҳои таҳқиқи самтҳои мухталифи осори мутафаккир бо иштироки олимони дохиливу хориҷӣ мусоидат карда шавад;

- натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии олимон ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба таълимоти мутафаккир дар амалияи тарғиби ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ истифода карда шаванд.

Иштирокчиёни симпозиум ба таври иловагӣ чунин қарор қабул намуданд:

- аз донорҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ хоҳиш карда шавад, ки лоиҳаҳо ва барномаҳои  ба таҳлилу омӯзиши фарҳангу тамаддун ва самту равияҳои пешқадами миллӣ равонашударо дастгирӣ намоянд;

- баргузории симпозиумро муваффақиятнок ҳисобида, ба муассисаҳои илмии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар самти  омӯзиши таърихи фалсафа, фарҳанг ва таълиму тарбия фаъолият мекунанд, тавсия дода шавад, ки минбаъд гузаронидани ҳамин гуна Симпозиум ва ҳамоишҳои илмиро бо ҷалби доираи васеи олимони варзидаи минтақа ва ҷаҳон ба роҳ монанд;

- баёнияи Симпозиум дар сомонаи интернетии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ВАО нашр карда шуда, инчунин ба иштирокчиёни Симпозиум, институтҳо ва марказҳои илмию таҳқиқотии манфиатдор фиристода шавад.

Иштирокчиёни Симпозиум барои ташаббус дар ташкил ва гузаронидани Симпозиуми мазкур ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус ба президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ миннатдорӣ баён мекунанд.