Лого
 

Мактуби иттилоотӣ

   Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ ба иттилои шумо мерасонад, ки бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 июни соли 2016 дар шаҳри Душанбе конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавз.и «Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлолияти сиёсӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор мегардад. Ба конфронс олимон, мутахассисон ва намояндагони идораҳои дахлдори давлатӣ, вазорату муассисаҳо, ташколотҳои байналмилалӣ, институтҳои илмӣ-таҳқиқоти, мактабҳои олии ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО даъват карда мешаванд.  Маводҳои конфронс дар шакли маҷмуаи илмӣ нашр мегарданд дар РИНЦ низ ворид карда мешаванд.

 

   Маърӯзаҳо доир ба масъалаҳои зерин мутобиқ бошанд:

- истиқлолияти сиёсӣ ва худшиносии миллӣ                     

- равандҳои муосири геополитикӣ ва таъсири онҳо ба Осиёи Марказӣ

- мушкилоти ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ

- таҳдиду хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ

- ҳимояи манфиатҳои геофарҳангӣ, геоиқтисодӣ ва геополитикии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ

- муқовимат бар зидди терроризму радикализми динӣҳамчун омили тақвияти истиқлолият

- нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО дар таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ

- дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА ва Иттиҳоди Аврупо дар таҳкими амнияти минтақа

-  масъалаҳои актуалии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар замони ҷаҳонишавӣ

- мушкилот ва дурнамои муқобалаи геополитикии абарқудрутҳо дар Осиёи Марказӣ

                  Талаботҳои тартиб додани тезисҳои маърӯза   

         Тезисҳои маърӯзаҳо дар ҳаҷми то 6 саҳифаи чопӣ бошрифти Times New Roman, Times New Roman TJ – андозаи 14, ҳошияҳо – 2 см, интервали 1, номи мавзуъ дар бол обо ҳарфҳои калон, зери сарлавҳа – 1,5 см ному насаби муаллиф, суроғаимуассиса.

         Маърӯзаҳо ва дархостҳоро барои иштирок дар конфронс хоҳишмандем то 15 маи соли 2016 ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоед. Маводҳои дар муҳлат ва талаботи муайяншуда пешниҳоднагашта баррасӣ ва баргардонида намешаванд. Хароҷотҳои омаду рафт аз ҳисоби худи иштирокчиён. Забонҳои кори конфронс: тоҷикӣ ва русӣ.

  Дархост барои иштирок:

  1. Ному насаб   ________________________________________________
  2. Ҷои кор ва мансаб ___________________________________________
  3. Дараҷа, унвон _____________________________________________
  4. Номи маърӯза ______________________________________________
  5. Суроға, телефон, E-mail_______________________________________

Суроға ва телефони кумитаи тадорукот: 734025, ш.Душанбе, х. Рудакӣ 33, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  АИ ҶТ

Тел.: 8(992) 37 221 56 89. Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Шахси масъул: Ҳайдаров Рустам