Лого
 
Шаблоны для Joomla 3 здесь

фотоИброҳимов Солеҳҷон Иброҳимович – мудири Шӯъбаи ҳуқуқи далатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовддинови АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Муаррифномаи Шӯъбаи ҳуқуқи давлатӣ

Шӯъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2011 дар заминаи як қисми Шӯъбаи ҳуқуқи соҳавӣ таъсис дода шудааст. Дар ин давра ходимони илмии Шӯъба нақшаи панҷсолаи бюҷавии илмию таҳқиқотиро дар мавзӯи «Такмили ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ҳозира барои солҳои 2011-2015»  ба анҷом расониданд ва бо қарори Шӯрои олимони Институт дар асоси дастовардҳои илмӣ монографияи коллективона таҳия ва ба чоп омода намудаанд. Танҳо дар соли 2015 аз тарафи ходимони илмии Шӯъба шаш монография ва китобҳои илмию таълимӣ нашр карда шудааст, ки инҳо мебошанд:

1.«Масоили адлияи маъмурӣдарҶумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ: ақидаҳои концептуалӣ» (Иброҳимов С.И., мудири шӯъба д.и.ҳ., профессор) Душанбе «Дониш» 2015, С.567, 32,8 ҷ.ч. (ба забони русӣ,);

2.Шарипов Т.Ш.,(СХИ) ва дигарон. Муқовимат ба савдои одамон. Воситаи илмӣ-амалӣ. Душанбе, 2015. – 296 с.;

3.Шарипов Т.Ш. ва дигарон. Тафсир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон”. Душанбе.  2015. 506 с.;

4.Имомов А.И. СХИ.  2.Ҳуқуқи интихобот ва низоми интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. –Душанбе. 2015. -170 саҳ. (10,1ҷ.ч.);

5.Муродов Ардашер (ХХИ). «Мақоми ҳуқуқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва самтҳои инкишоф» (ба забони русӣ). Душанбе, «Андалеб- Р», 2015. – 196 с.;

6.Китоби дар ҳаммуаллифӣнашрнамудаи ходимони Шӯъба бо номи «Маҷмӯи конститутсияҳоиҶумҳурии Тоҷикистон». Душанбе: «Дониш», 2015. С.633.

Дар Шӯъбаи ҳуқуқи давлатӣ 7 нафар ходими илмӣ ва як лабаранти калон бо корҳои таҳқиқоти машѓуланд, ки инҳо мебошанд:

1.Мудири шӯъба Иброҳимов Солеҳҷон Иброҳимович, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Самти таҳқиқоти илмӣ: Ҳуқуқи маъмурӣ, мурофиаи маъмурӣ. Дар мавзӯи “Инкишофи ҳолати ҳуқуқии вазоратҳои республикаҳои бародарӣдар мисоли Тоҷикистон” соли 1984, дар Институти давлат ва ҳуқуқи АИ СССР ш. Москва рисолаи номзадиро ҳимоя кардааст. Соли 2012 дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои (РУДН) Федератсияи Руссия ш.Москва дар мавзӯи “Масоили адлияи маъмурӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ” рисолаи докториро дифо намудааст. Муаллифи 6 монография, 5 китоб ва комплексҳои таълимӣ, зиёда аз 84 мақолаҳои илмӣ. Оиладор, се фарзанд дорад.

2.Шарипов Тақдиршо Шарипович– сарходими илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Самти таҳқиқоти илмӣ- ҳуқуқиҷиноятӣ. Солҳои охир дар мавзӯи «Падидаи озод кардан азҷавобгарии ҷиноятӣ» таҳқиқоти илмиро пеш мебарад.

3.Имомов Ашӯрбой Имомович- сарходими илмӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент. Самти таҳқиқоти илмӣ: ҳуқуқи конститутсионӣ, падидаи ҳуқуқи интихоботӣ дарТоҷикистон.

4.Гадоев Бурҳониддин Саймуддинович- ходими пешбари илмӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент. Самти таҳқиқоти илмӣ- ҳуқуқи конститутсионӣ. Падидаи демократияи бевосита дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5.Марифхонов Расулчон Нурматович- ходими пешбари илмӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Самти таҳқиқоти илмӣ- ҳуқуқи маъмурӣ. Падидаи расмиёти маъмурӣ ва мурофиаи маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6.Муродов Ардашер Алишерович- ходими калони илмӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Самти таҳқиқот- ҳолати ҳуқуқии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Инкишофи ҳолати ҳуқуқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7.Сангов Тоҷидин –ходими хурди илмӣ. Самти таҳқиқот мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Такмили мақоми ҳуқуқии судҳоиҶумҳурии Тоҷикистон.

8.Салимова Фарзона- лаборанти калони шӯъба.

Дастовардҳои илмии Шӯъба:

А). Дастоварди илмии шуъбаи  ва пешниҳодҳо барои самтҳои зарурии тадқиқотӣ.

  1. Сазовориҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ гардидани монографияи ходими хурди илмии шуба Муродов А.  Правовое положение Верховного Суда Республики Таджикистан: состояние и перспективы развития. (Зеритаҳририд.и.ҳ. Иброҳимов С.И.) Душанбе, «Андалеп- Р», 2015. – 196 с.
  2. Аз чоп баромадани китобҳои коллективии ходимони илмии шуба: Конститутсияҳои Тоҷикистон: пайдоиш ва инкишоф-Душанбе “Дониш” 2014, 837с. (55ҷ.ч)
  3. Маҷмӯи конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон –Душанбе «Дониш» 2015, С.633 ( 37ҷ.ч)
  4. Такмили ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият-Душанбе “Дониш” 2016, 370с. (25ҷ.ч.)

Б) Хулоса ва пешниҳод.

Кормандони шуъба дар корҳои тадқиқотии илмии худ, ки асосан аз мавзӯҳои инфиродияшон бармеояд бештар ба масоили мубрами рӯз, диққат дода барои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса ва ақидаҳои илмии ва асоснок пешниҳод намудаанд:

1.Конститутсияи ҶТ соли 1994 дар мӯҳлати 21-соли амали худ ҷавобгӯи давру замон будани худро исбот кард.  Конститутсия- Сарқонун ҳуҷҷати зиндаи бевосита амалкунандаи Тоҷикистон буда бо мурури рушди ҷомеа ва давлат таѓийр дода мешавад ва инкишоф меёбад. Дар асоси Конститутсия сифати меъёрҳои ҳуқуқӣ, ҷавобгӯй будани онҳо ба талаботҳои рушди ҷомеа ва манфиатҳои одамон,   дараҷаи инкишофи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии халқ, шууру маданияти ҳуқуқии онҳо муайян карда мешавад.

2.Раванди такмили меъёр ва ҳолатҳои Конститутсия омили мусбӣбуда ба идоманокии он мусоидат менамояд. Дар ин раванд мунтазам такмил ёфтани қонунгузории милли низ табии мебошад.

3.Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои вайро арзиши олӣэътироф намудааст. Дар ин радиф  ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар меъёрҳои мухталифи Конститутсия мавҷуданд тақозо менамоянд, ки ба Конститутсия (Сарқонуни) ҶТ, меъёри мустақили танзимкунандаи адлияи маъмурӣ, ки  падидаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад ворид карда шавад. 

4.Аз тарафи Ҳукумати ҶТ қабул намудани Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқи барои солҳои 2015-2017 фоли нек ҳисобида, пайваста ба вазифаҳои дар Барнома зикр гашта гузаронидани тадқиқотҳои замонавии илмӣ баҳри такмил додани низоми судии кишвар, салоҳияти судҳо ва судяҳо инкишофи қонунгузории танзимкунандаи ҳокимияти судӣ басо муҳим мебошад.

5.Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқи такмили қонунгузорӣ ва инкишофи ҳолати ҳуқуқии ҳамаи мақомотҳои ҳуқуқҳимоякунандаро дар назар дорад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки нисбат ба соҳаҳои мухталифи ҳифзи ҳуқуқ ва мақомотҳои амаликунандаи онҳо, бахусус мақомоти қудратӣ концепсия ва доктринаҳои илман асосноки самтҳои асосии такмили ҳолати ҳуқуқии онҳо таҳия ва барои қабул кардан пешниҳод карда шавад. Ба монанди Консепцияи ислоҳоти мақомоти корҳои дохила (милитсия); Консепсияи рушди идоракунӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия; ва ѓ.

6.Мубориза алайҳи ҷиноят ва ҷинояткорӣ, бахусус пешгири намудани ҷинояткории ноболиѓон, ҷиноятҳои муташакил, хусусияти ифротгарои ва террористи дошта, гузаронидани тадқиқотҳои илмии муосир, ки илми ҳуқуқи ҷиноии кишварро ба самтҳои асосии тадқиқотҳои глобалӣ наздик менамояд тақозо мекунад. Аз ин хотир зарур аст, ки дар сохтори Пажуҳишгоҳ таъсис додани шӯбаи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ ҳали худро ёбад.