Лого
 
Joomla модули на http://joomla3x.ru и компоненты.

фотоРаҷабов Саидумар Одинаевич

Мудири шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҶТ, аввалин доктори илмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва аврупоӣ дар ҶТ.

1 сентябри соли 1951 дар ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии ӯзбекистон таваллуд ёфтааст.

Соли 1966 мактаби миёнаи №30 ба номи А Рудакиро дар ноҳияи Сариосиё бо баҳои аъло хатм намудааст.

Соли 1972 Донишгоҳи давлатии Запорожеро (Украина) бо дипломи аъло хатм намудааст.

Солҳои 1973-1974 дар қисми ҳарбии 91026  ҳавзаи низомии назди Карпат дар  Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС  хидмати ҳарбиро адо намудааст.

Солҳои 1974-1977 дар мактаби миёнаи №67 ба номи А.Ҷомии ноҳияи Сариосиё  ба шогирдон аз забони англисӣ дарс гуфтааст.

Солҳои 1977-1992 дар мактабҳои олии мақомоти амнияти ИҶШС таҳсил ва кор кардааст.

Солҳои 1993-1998 ба Курсҳои олии Вазорати амнияти ҶТ асос гузошта,  ба ҳайси муовини раис оид ба таълим ва илм ва иҷрокунандаи вазифаи раиси Курсҳои олӣ хизмат кардааст. Феълан полковники мустаъфӣ мебошад.

Солҳои 1998-2010 ба ҳайси дотсент, мудири кафедраи забони англисӣ ва профессори кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳамзамон солҳои 2004-2005 ба сифати менеҷери Дафтари СММ оид ба мусоидати сулҳофарӣ дар Тоҷикистон, солҳои 2005-2006 ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаи Темпуси Комиссияи Аврупо дар ҶТ адои хизмат намудааст.

Соли 1991 дар мавзӯи «Истифодаи мухолифини мусаллаҳи афѓон аз омили исломӣ дар фаъолияти тахрибкорона алайҳи Ҷумҳурии Афѓонистон ва муборизаи мақомоти Вазорати амнияти миллӣ алайҳи он» рисолаи номзади илмҳои ҳуқуқро дар Академияи ФСБ ФР ҳимоя намудааст.Соли 2002 ба унвони илмии дотсент сазовор гаштааст.

Соли 2008дар мавзӯи «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои назария ва амалия»  рисолаи доктори илмҳои ҳуқуқро аз рӯи тахассуси 12.00.10 -ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи аврупоӣ дар Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои Русия  дар шаҳри Маскав дифоъ намудааст.

Дар давоми солҳои 1996-2015 дар донишгоҳҳои ҷаҳон, мисли Донишгоҳи Турин (Италия), Донишгоҳи Густав Штрассеман дар Бонн (Олмон), Донишгоҳи кушоди Брюссел (Белгия), Донишгоҳи Ясси (Руминия), Донишгоҳи Аврупои Марказӣ дар Будапешт (Венгрия), Донишгоҳи Уммон (Иордания), Донишгоҳи Монтана (ИМА), Донишгоҳи Теҳрон (ҶИЭ) ва ѓайра аз ҳуқуқи байналмилалӣ лексияҳо ва семинарҳо гузаронида, дар конференсияҳо ва симпозиумҳо баромад кардааст.

Моҳи ноябри соли 2005 дар ҷаласаҳои кумитаҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, кумита алайҳи шиканҷа дар Женева (Швейтсария) бо ҳайати расмии Ҳукумати ҶТ иштирок ва таҷрибаомӯзӣ намудааст.

Аз соли 2006 то имрӯз мудири шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҶТ мебошад.

Муаллифи беш аз 150 асари илмӣ ва илмӣ-методӣ, ба шумули 16 китоби дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ, монографияҳо, фарҳангҳо ва мақолаҳои илмӣ мебошад.

Бо мукофоту ҷоизаҳои зерин сарфароз гардидааст:

 - медали «60-солагии Қувваҳои мусаллаҳи CCCР» (1978) (Минск);

 - медали «70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи CCCР» (1988) (Маскав);

 - медали «Барои хизмати бенуқсон» дараҷаи III (1986) (Маскав);

 - медали «Барои хизмати бенуқсон» дараҷаи II (1991) (Маскав) ;

 нишони аълочии маорифи ҶТ(2001) (Душанбе);

 -тавсифномаи Президенти Академияи илмҳои ҶТ(2008, 2011)(Душанбе).

Асарҳои муҳимтарини муаллиф (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ):

- Ҳуқуқи робитаҳои беруна. Душанбе (2013, 138 с.)

- Фарҳанги ҳуқуқи байналмилалӣ. Душанбе (2012, 357 с.).

- Международно-правовые аспекты урегулирования вооруженного конфликта в Таджикистане. Душанбе (2011, 176 с.).

- InternationalLaw. Secondedition. Dushanbe (2009, 290 p.)

- Международное гуманитарное право в Республике Таджикистан.    Душанбе (2007, 354 с.).

- Имплементация норм международного гуманитарного права в     Республике Таджикистан: проблемы теории и практики. Душанбе (2006, 295 с.).

- Исламский фактор в СНГ. Душанбе (2006, 188 с.).

- Муқаддимаи низоъшиносӣ (Дар ҳаммуаллифӣ). Душанбе (2006, 272 с.).

- Становление и развитие Международного уголовного суда. Душанбе (2005, 232 с.).

- International Law. Dushanbe (2005, 207 p.).

- Методические разработки по международному гуманитарному праву. Душанбе (2005, 58 с.).

- Международное гуманитарное право в Центральной Азии: вопросы теории и практики. Ташкент (2002, 54 с.)

 - Военные преступления как наиболее серьезные нарушения норм

 международного гуманитарного права. Душанбе (2001, 92 с).

- A Theoretical Course of the English Grammar. Dushanbe (2001, 62 p.).

- Исламский фактор и вооруженная оппозиция в Афганистане.   Москва (1993, 214 с.)

- Русско-дари словарь специальной терминологии. Москва (1984, 92 с.)

Дар ҳоли ҳозир ба ҳайси ноиби сармуҳаррири "Маҷаллаи академии ҳуқуқ",  аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ» ва узви шӯрои таҳририяи маҷаллаи «Московский журнал международного права» фаъолият мебарад.

Ҳамзамон узви Шӯрои муттаҳидаи диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Оиладор,  соҳиби се фарзанд.

Шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ

Шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалии собиқ Институти давлат ва ҳуқуқ аз 3 январи с.2006  дар асоси Шӯъбаи давлат ва ҳуқуқи Иститути фалсафа ва ҳуқуқ таъсис ёфтааст. Феълан Шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар сохтори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ дохил мешавад.  Роҳбарии онро аз оѓоз то имрӯз доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҷабов Саидумар Одинаевич ба ӯхда дорад.

Дар Шӯъба 6 нафар ходимони илмӣ мавҷуд буда,  аз чумла 3 ходими калони илмӣ (н.и.ҳ. Идиев Ф.Ф., н.и.ҳ. Раҷабов М.Н., ва Аҳмедов Э.Ю.), 2 ходими илмӣ (Ҷабборов Ф.Н. ва Раҷабов Ф.Н.) ва 1 лаборанти калон (Саидасанов М.Р.) бо кори илмӣ-тадқиқотӣ ва нашри маҳсули илмии кормандон машѓул мебошанд.

Солҳои 2008-2012 Шӯъба дар мавзӯи илмӣ-тадқиқотии «Проблемаҳои актуалии назария ва амалияи ҳуқуқи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии Чумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, тадқиқот бурда, онро бо муваффақият ба анҷом расонд ва ҳоло дар иҷрои мавзӯи нав:«Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии таъмини сулҳ, амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ: таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ» барои солҳои 2013-2017 (рақами қайди давлатӣ  - 0109ТД784 аз 20.02. с.2013) фаъолият менамояд.

Дар давоми солҳои фаъолият аз ҷониби ходимони илмии Шӯъба як қатор корҳои илмӣ, аз ҷумла монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ таҳия ва ба нашр расиданд.

Аз ҷониби мудири Шӯъба доктори илмхои ҳуқуқ, дотсент Раҷабов Саидумар Одинаевич се монография, 3 китоби дарсӣ ва як фарҳанг, аз ҷумла «Татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои назариявӣ ва амалӣ»(Душанбе: «Дониш», 2006. – 295 с.), «Хуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон»(Душанбе: «Деваштич», 2007. – 354 с.), «InternationalLaw» (Dushanbe: SlavonicUniversity, 2009. – 290 p.), «Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ-байналмилалии ҳалли низоъ дар Тоҷикистон»(Душанбе: «Эр-граф», 2011. -176 с.),  «Ҳуқуқи робитаҳои беруна»(Душанбе: «Дониш», 2013. – 138 с.),  «Антологияи интерэкоҳуқуқ» (Дар ҳаммуаллифӣ) / Зери таҳияи Е. А. Высторобец.  – М.-Уфа: МИРмпОС, Центр интерэкоправа ЕврАзНИИПП, 2014. – 668 с., «Фарҳанги ҳуқуқи байналмилалӣ» (Душанбе: «Дониш», 2012. – 357 с.)навишта ва ба нашр расонида шуд.

Ходими калони илмии Шӯъба н.и.ҳ. Идиев Файзалӣ Фузайлшоевич дар мавзӯи «Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии иштироки созмонҳои байналмилалӣ дар ҳалли низоъ дар Тоҷикистон» рисолаи номзадиро аз рӯи ихтисоси 12.00.10 – ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи аврупоӣ дар Шӯрои диссертатсионии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Русия бо муваффақият ҳимоя намуд (с.2011). ӯҳамчунин як монография таҳти унвони «Асосҳои байналмилалӣҳуқуқии иштироки созмонҳои байналмилалӣ дар ҳаллу фасли низоъ дар Тоҷикистон» (Душанбе, 2013. – 208 с.)  ва як воситаи таълимӣ «Ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо» (Душанбе, 2014. – 172 с.) -ро ба нашр расонд. Ба ѓайр аз он ӯ мақолаи «Терроризм хатар ба амният ва оромии байналмилалӣ//Ахбори Академияи илмҳои ҶТ. Бахши фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ, 2011, № 1,  чоп намудааст.

Ходими калони илмии Шӯъба н.и.ҳ., дотсент Раҷабов Маҳмадёр Носирович дар мавзӯи «Масоили назариявии танзими ҳуқуқи вазъи созмонҳои байналмилалӣ: ҷанбаи хусусӣ-ҳуқуқӣ» рисолаи докторӣ навишта истодааст. Муаллиф ва ҳаммуаллифи беш аз 100 маводи илмӣ, аз ҷумла монографияи «Вазъи гражданӣ-ҳуқуқии хориҷиён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Душанбе, Ирфон – 2004, 178 с.), китобҳои дарсӣ «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи ҶТ» (Душанбе, 2009), «Ҳуқуқи байналхалқӣ» (Душанбе, Эр-граф – 2010, 532 с.), «Ҳуқуқ» (Душанбе, 2013, 400 с.), «Ҳуқуқи граждании ҶТ. Қисми 1» (Душанбе 2013), 12 воситаи таълимӣ ва беш аз 80 мақола мебошад.

Ходими калони илмии Шӯъба Аҳмедов Эргаш Юлдошевич диссертатсияи номзадиро таҳти унвони  «Чанбаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ дар чорчӯбаи мақомоти ёрирасони Шӯрои амнияти СММ дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ» тайёр намуд ва дар арафаи ҳимояи он қарор дорад. У ҳамчунон мақолаҳои «Россия ва Тоҷикистон: таҳлили қиёсӣ-ҳуқуқии қонунгузорӣ дар мубориза алайҳи терроризм» дар маҷмӯаи Академияи прокуратураи генералии ФР (Москва, 2011), мақолаи  «Дар бораи  инструментарияи мубориза бо  терроризм» (Ахбори Академияи илмхои ҶТ. Бахши фалсафа ва хукукшиносӣ, № 3, 2010), мақолаи «Оид ба мафхуми терроризм  ва чавобгарии чиноӣ барои он»-ро дар Ахбори АИ ҶТ, силсилаи «Фалсафа ва хукук», № 1-2, 2007 дар  хачми 1,0 чузъи чопӣ ва маколаи «Иртиботи шустани васоити пулӣ барои маблаѓгузории терроризм»-ро дар Ахбори Академияи илмҳои ҶТ. Бахши фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ, № 1-2, 2006 дар  хаҷми 0,6 ҷ.ч. ва мақолаҳои дигарро дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ ба чоп расонд.

Ходими илмии Шӯъба  Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович  дар арафаи  ба охир расонидани  рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Режими ҳуқуқии истифодаи обҳои транссарҳадӣ (дар мисоли Чумҳурии Тоҷикистон)» мебошад (Роҳбари илмӣ – д.и.ҳ. Раҷабов С.О.). Муаллифи 3 китоб, зиёда аз 20 мақолаи илмӣ ва 10 мақолаи илмию оммавӣ мебошад. Аз ҷумла муаллифи китоби «Ҳуқуқи байналмилалии молиявӣ (комплекси таълимӣ-методӣ), ҳаммуаллифи Тафсири Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бештари мақолаҳои ӯ дар бахши ҳуқуқи байналмилалии об навишта шудаанд, аз ҷумла мақолаҳои зерини ӯ дар дохил ва хориҷи кишвар чоп шудаанд: «Принципҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки ҳамкорӣ дар истифодаи обҳои фаромарзиро ба танзим медароранд» (Санкт-Петербург, 2014), «Нақши созмонҳои байналмилалии байниҳукуматӣ дар танзими реҷаи истифодаи обҳои фаромарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Душанбе, 2014), «Таъсири меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (Монографияи коллективӣ. Санкт-Петербург, 2014.), «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва ҳуқуқи байналмилалии об» (Душанбе, 2015), «Танзими байналмилалӣ-ҳуқуқии истифодаи обҳои фаромарзӣ дар соҳаи энергетикам (Душанбе, 2015), «Оид ба даровардани баъзе таѓйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши муносибатҳои байналмилалӣ» (Душанбе, 2015), «Оид ба методикаи таълими курси «Ҳуқуқи байналмилалии об»» (Душанбе, 2015) ва ѓайраҳо.

Ходими илмии Шӯъба Раҷабов Фируз Назаралиевич дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ-ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти истеҳсолоти ҷиноятӣ» (Роҳбари илмӣ – н.и.ҳ. Идиев Ф.Ф.) рисолаи номзадии худро ба итмом расонида истодааст. ӯ муаллифи 3 мақолаи илмӣ, аз ҷумла «Принсипи ӯҳдадории мутақобила ҳамчун асоси ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалии мақомотҳои салоҳиятдори кишварҳои узви ИДМ дар самти истеҳсолоти ҷиноятӣ» (Душанбе, 2014), «Роҷеъ ба масъалаи мафҳуми ёрии ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ» (Душанбе, 2015), «Паноҳгоҳи сиёсӣ ҳамчун асоси рад намудани истирдоди шахси ҷиноят содиркарда (экстрадитсия)» (Душанбе, 2015) ва ѓ.

Ходимони илмии Шӯъба дар солҳои 2006-2015 ба микдори зиёда аз 160 маколаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия ва нашр намуданд, ки ҳамагӣ дар ҳаҷми зиёда аз 175 ҷ.ч. мебошад.

Шӯъба дар ташкилу гузаронидани конференсияҳои ҷумҳуриявӣ дар мавзӯъҳои  «Терроризм ва ифротгароӣҳамчун вабои аср ва роҳҳои пешгирии он» (Душанбе, 26 декабри с.2015) ва «Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии таъмини амнияти минтақавӣ» (Душанбе, 27 ноябри с.2014), конференсияҳои байналмилалӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои сиёсӣ-ҳуқуқии таъмини амният дар Осиёи Миёна»(25-26 октябри с.2010) ва «Низомҳои ҳуқуқӣ ва миллии давлатҳои ИДМ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии минтақавӣ»(19-20 ноябри с.2007) ва чопи маводҳои онҳо иштироки фаъолона дошт.

Кормандони Шуъба иштирокчии конференсияхои миллӣ ва байналмилалӣ, семинар ва машваратхо буданд. Аз чумла д.и.х., дотсент Рачабов С.О. дар конференсияи байналмилалие, ки аз тарафи донишгохи давлатии Санкт-Петербург 27-29  майи с.2015доир гардид, иштирок намуд ва дар мавзӯи «Юрисдиксияи универсалӣ-мероси ҳуқуқии мурофиаи Нюрнберг» баромад намуд. Ҳамчунин дар конференсияи байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии Новосибирск, ки  3-5 декабри с.2014 доир гардид, дар мавзӯи «Проблемаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ва дохилидавлатӣ дар ҳавзаи Амударё дар робита бо сохтмони НБО-и Роѓун дар Тоҷикистон» баромад намуд. ӯҳамчунон дар конференсияи байналмилалие, ки аз тарафи донишгоҳи Монтанаи ИМА 19-21 октябри с. 2006 доир гашта буд, иштирок намуд ва дар мавзуи «Саҳми халқи тоҷик дар рушди ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ» маърӯза кард  ва дар кори 17-умин конференсия байналмилалӣ тахти унвони «Таъмини амнияти  Халиҷи Форс аз манзари ҳуқуқи байналмилалӣ, ки рӯзхои 28-29 майи с. 2007 дар Теҳрон баргузор гардид, иштирок намуд ва дар мавзӯи «Иртиботи энергия ва амният дар Халиҷи Форс» баромад кард.

Ходими калони илмӣ Аҳмедов Э.Ю. дар конференсияи байналмилалии илмию амалӣ, ки 17 октябри с.2014 дар мавзӯи «Нақши ҳуқуқ дар ҷомеаи муосир: дастовардҳо ва дурнамо» бахшида ба 20-умин солгардиКонститутсияи ҶТ доир шуда буд бо гузориш дар мавзӯи «Кумитаи зиддитеррористии 1373 (2001) Шӯрои амнияти СММ ҳамчун механизми ҳамоҳангнамоии ҳамкориҳои   давлатҳо дар мубориза алайҳи терроризм» баромад намуд. ӯҳамчунон дар конференсияи ҷумҳуриявӣ, ки 20 феврали с. 2011  аз тарафи Институти давлат ва хуқуқи АИ ҶТ барои олимони ҷавон дар ш. Душанбе  доир гардид,  дар мавзӯи «Оиди  мафхуми терроризм ва ҷавобгарии ҷиноятӣ барои он»  баромад намуд.

Кормандони илмии Шӯъба дар ҷаласаҳои умумии Академия илмҳо ва Шӯъбаи чамъиятшиносии АИ ҶТ иштироки фаъол доранд.

Ходимони илмии Шӯъба дар барномаи  шабакаи аввали ТВТ бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ва инчунин  дар барномаи телевизиони «Сафина» оид ба китоби «Хуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон» сӯҳбат доир намуданд (д.и.ҳ. Раҷабов С.О.),  ба хабарнигори АИМТ«Ховар» мусоҳиба намуд.

Шӯъба дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ низ фаъол буда, дар с.2006-2014 як доктори илмҳои ҳуқуқ ва 2 номзади илмҳои ҳуқуқ  (Идиев Ф.Ф. ва Назиров Б.Т.) тайёр намуд. Дар ҳоли ҳозир дар Шӯъба 2 аспирант бо фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ фаро гирифта шудаанд. Аспиранти ѓоибхон Ѓайбуллоева Л.И.   рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО» ба охир расонд ва ба роҳбари илмиаш д.и.ҳ. Раҷабов С.О. барои муҳокима пешниҳод намуд. Унвонҷӯй Ҷабборов Ф.Н.  рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Режими ҳуқуқии истифодаи обҳои транссарҳадӣ (дар мисоли Чумҳурии Тоҷикистон)»  ба охир расонида ба муҳокима пешниҳод намуд.

Шӯъба ба таври мунтазам дар таҳия ва тақризи барномаҳои давлатӣ, шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ иштирок менамояд. Алалхус дар додани хулосаҳои экспертӣ ба лоиҳаҳои муоҳидаҳо  ва қарордодҳои дуҷониба ва бисёрҷониба аз тарафи шӯъба қайд кардан зарур аст. Дар муддати фаъолияти худ Шӯъба зиёда ба 50 лоиҳаҳо ва санадҳои байналмилалӣ хулосаҳои экспертии худро пешниҳод кардааст.