Лого
 
Joomla шаблоны бесплатно http://joomla3x.ru

фотоМудири Шӯъбаи фалсафаи фарҳанг доктори илмҳои фалсафа Раҳимов Саъдулло Хайруллоевич

Шӯбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯбаи фалсафаи фарҳанг 01. 04. 2011 таъсис ёфтааст. Аз рӯзи таъсис то кунун роҳбарии онро доктори илмҳои фалсафа Раҳимов Саъдулло Хайруллоевич ба зима дорад.

Дар Шӯъба кормандони зерин фаъолият доранд:

Сарходими илмӣ – доктори илмҳои фалсафа, профессор Музаффарӣ Муҳаммад Алӣ, мутахассиси бахши антропологияи фалсафӣ;

Ходими калони илмӣ – Раҳматуллоев Нарзулло (Назри Яздон) – номзади илмҳои фалсафа, Шоири халқии Тоҷикистон;

Ходими калони илмӣ – Каримова Рӯҳайё, номзади илмҳои таърих, фарҳангшинос;

Ходими хурди илмӣ – Зиёева Зебо, номзади илмҳои фалсафа, мутахассиси таърихи фалсафа ва фалсафаи фарҳанг;

Лаборант – Шамсуддинова Ясмина.

Алъон Шӯъба дорои се аспирант (аз он як нафар соли сеюми таҳсил, дигарӣ соли дуюми таҳсили ғоибона ва як нафар соли аввали таҳсил) мебошад.

Халқи тоҷик аз шаҷараи нажоди ориёист ва ба тариқи насабу ҳасаб (ге-нетикӣ) нерӯи фарҳангсозиро аз қадим то ба имрӯз меросӣ зуҳур месозад. Лиҳозо аҳли башар саҳми ориёиён ва тоҷиконро дар рушди фарҳанги умумиҷаҳонӣ пазируфтаву эътироф намудаанд ва ҳатто донишмандони маъруфи дунё дар пажӯҳишу омӯзиш ва ҳам тарғибу татбиқи фарҳанги ориёиву тоҷик саҳми арзанда гирифтаанд. Муҳаққиқони тоҷику форс низ дар омӯзиши таърих ва мӯҳтавои фарҳанги худӣ кӯшишҳои арзанда ба харҷ додаанд. Аммо ин тадқиқоту пажӯҳиш бештар дар чаҳорчӯбаи бозёфтҳои ҳафриётӣ, таърихшиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, ҳунаршиносӣ, мардумшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва монанди ин колбати хосаи илмҳои алоҳида сурат гирифтааст. Пажӯҳиши ин фарҳанг аз дидгоҳи фалсафа ва ё аниқтараш аз дидгоҳи фалсафаи фарҳанг ягон-ягон, пароканда дар мисоли масъалаҳои ҷудогона баррасӣ шудаасту бас. Яъне ин дастовардҳо аз дидгоҳи фалсафаи фарҳанг ба тариқи комил омӯхта нашудааст. Савол меояд, ки тафовути фалсафаи фарҳанг аз фарҳангшиносӣ ва дигар фанҳои дар боло зикршуда, ки фарҳанги миллати моро пажӯҳиш мекунанд, дар чист? Яке аз мутафаккирони барҷастаи Олмон Г.В.Ф. Ҳегел таъкид кардааст, ки таърих ва моҳияти фарҳангро танҳо дар мақоми тафаккури фалсафӣ метавон амиқу дақиқ шинохт ва баррасӣ кард. Дар раванди таърихӣ на падидаҳои тасодуфӣ, балки рӯйдодҳои низомдор, дорои сабабияти муҳим аст. Маҳз аз дидгоҳи кулл моҳияти ҷузъ мушаххас мегардад. Марз дар мақоми дидгоҳ, қолаб ва усулҳои таҳқиқ аст. Фарҳангшиносӣ ва илмҳои дигари дақиқу мушаххас аз дидгоҳи худ ин ё он паҳлӯи хоси фарҳангро меомӯзанд, хусусиятҳои мушаххаси предмети тадқиқоти худро муайян месозанд. Фалсафаи фарҳанг бошад, онро дар раванди тамоюлҳои умумифарҳангӣ ва иҷтимоии ҷаҳонӣ дида, ба он баҳои фалсафӣ медиҳад, арзиши фарҳангии онро аз мақоми фалсафӣ муайян месозад. Яъне фарқ инҷо миёни илми мушаххас ва фалсафа, миёни ҷузъ ва кул мебошад. Фалсафаи фарҳанг фарҳангро ҳамчун падидаи яклухту умумӣ мебинад. Фарҳангшиносӣ бошад фарҳангро дар шаклҳои мушаххас мебинад. Аз ин мавқеъ фалсафаи фарҳанг барои фарҳангшиносӣ нақши методологиро иҷро мекунад. Фалсафаи фарҳанг умумиятҳои фарҳангии миллатро дар партав ва раванди кулли тамаддуни инсонӣ муайян менамояд.

Дар ҳоли ҳозир, ки протсесси тунди ҷаҳонишавӣ ва афзудани падидаҳои зиёди ғайрифарҳангӣ мушоҳида мешавад, масъалаи муқаррар кардан ва азхуд намудани фарҳанги асили гуманистие, ки ба ташаккули шахсияти комили зиндагисоз саҳм гирифта метавонад, хеле рӯзмарра гардидааст.

Дар баробари ин ба хотири худро тавоно ва аз воқеияти таърихӣ қадимтар нишон додани қавму нажоди хеш баъзе олимони ҳангомаҷӯй мекӯшанд дастовардҳои фарҳанги миллати дигарро моли миллати хеш муаррифӣ намоянд. Ҳамин чиз дар нисбати фарҳанги эронитаборон, бахусус фарҳанги тоҷикон мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ яке аз вазифаҳои асосии шӯъбаи фалсафаи фарҳанг маҳз таҳқиқи илмию фалсафии дастоварди фарҳанги миллати тоҷик мебошад. Дар назар аст, ки шӯъбаи мазкур тамоми тадқиқоти дар ин ҷода ба даст омадаро гирд оварда, мавзӯъҳои калидиро, аз қабили сарчашмаҳои фарҳангсоз, саҳми фарҳанг дар рушди инсон ва ҷомеа, саҳми фарҳанги моддӣ ва маънавӣ дар ташаккул ва шаклгирии ҳуввият ва худшиносии миллӣ, дар шаклгирии ҳунарҳои зебо, давлатдорӣ, адюн, дар таносуби анъана ва навоварӣ, таҳаввули фарҳанг дар марҳилаҳои мухталифи таърих, ҳамбастагии фарҳанги гузашта бо баъдина ва ҳам гароиши онро бо тамаддуни башарӣ боздид намуда, моҳият ва мӯҳтавои онро аз нигоҳи фалсафӣ бо тарзу усул ва методологияи муфиди мухталифу ҷадид арҷу баррасӣ мекунад. Ин фаъолияти шӯъба дар ҳолате, ки кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар вазъи шинохти мероси хеш ва дар ин асос ба сохтани ҷомеаи кушоду демократӣ, ҳуқукбунёд ва тарзи зисти наву пешқадам саъй дорад, аҳамияти страегӣ пайдо мекунад. 

Дар оянда дар назар аст, ки шӯъба якҷоя бо маъмурияти Институт ташаб-бускори тадқиқотҳои муштараки байналмилалӣ, доиркунандаи конфронсу семинарҳои байналмилалӣ оид ба фалсафаи фарҳанги милати тоҷику форс хоҳад гардид.

Шӯъбаи фалсафаи фарҳанг дар оянда ба ҳайси сохтори ҳамоҳангсози тадқиқотҳо доир ба методологияи умумии фарҳангшиносии тоҷик метавонад саҳм дошта бошад.

Шӯъба дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос доир ба соҳа низ саҳм мегирад.

Шӯъба ба ҳайси сохтори экспертӣ барои дифоъи рисоласҳои илмии унвонҷӯии соҳа низ фаъолият менамояд. Ҳоли ҳозир қисми зиёди рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, ки дар риштаи фалсафаи фарҳанг барои дифоъ ба Шӯрои диссертатсионии Институт пешниҳод мешаванд, аз муҳокимаи Шӯъба мегузаранд.

Фаъолияти Шӯъба нафақат ба шакли пажӯҳишҳои сирф илмӣ, балки ба шакли илмӣ-оммавӣ, китобҳои дарсӣ доир ба фарҳангшиносӣ, эстетика, мардумшиносӣ, назарияи ҳунарҳои зебо, хулқшиносӣ, одоби муошират ва амсоли ин низ нигаронида шудааст. Кормандони Шӯъба дар навиштани китоби бисёрҷилдаи дастҷамъии Институт «Таърихи фалсафаи тоҷик» низ саҳм гирифтаанд.

Дар солҳои баъди таъсиси Шӯъба муҳаққиқони варзида ба мисли доктори илмҳои фалсафа Содиқова Насиба, доктор (Phd) Ҳафиз Бобоёров номзадҳои илмҳои фалсафа Комил Бекзода ва Ёрмаҳмад Ниёзӣ ва чанди дигар бо Шӯъба ҳамкорӣ кардаанд.

Мавзӯи тадқиқоти панҷсолаи Шӯъба «Масоили ақлгароӣ дар таърихи фарҳанги тоҷик» (2013–2017, рақами бақайдгирии давлатиаш: ГР № 0113TJ00316) номнавис шудааст.

Дар солҳои минбаъд (2018 – 2022) сари мавзӯи ҷойгоҳ ва нақши фарҳанги тоҷик дар ҳавзаҳои мухталифи фарҳангӣ пажӯҳиш гузарониданӣ аст. 

Аз соли таъсис то кунун (яъне тӯли 5 сол) аз ҷониби ходимони илмии Шӯъба 6 китоб ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия ва ба табъ расидааст. Бахусус баъзе асарҳои кормандони илмӣ дар кишварҳои хориҷ ба забони англисӣ, русӣ ва кореягӣ аз чоп баромадаанд.  Аз дастовардҳои илмии кормандони Шӯъба чунин асарҳои илмиро метавон номбар кард:

Китоб ва монография:

1.      Раҳимов С. (дар ҳаммуаллифӣ бо Элбаум Г.) Энсиклопедияи кинои тоҷик. – Душанбе: «Эр-граф», 2012. – 396 с. (24,75 ҷ.ч.) ISBN 978-99947-919-4-1

2.      Гурӯҳи муаллифон. Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо. –Душанбе: Дониш, 2013, - 171 с., (9,5 ҷ.ч.);

3.      Бобоёров Ҳ. "Collective Identities and Patronage Networks in Tajikistan" ("Ҳувиятҳои коллективӣ ва системаи иҷтимоии Тоҷикистон"). – Берлин: Лит Ферлаг, 2013, - 296 с. (Ба забони англисӣ).

4.      Бобоёров Ҳ. Методологияи “бехатарии вуҷудӣ”: мавзӯи нестӣ дар фалсафаи Ғарб. – Душанбе: Дониш, 2015. – 355.

Мақолоти илмӣ дар маҷмӯа ва маҷаллаҳои илмӣ:

Соли 2011

  1. Ниёзов Ё. Нигоҳи тозае ба ирфони Ибни Сино.//Паёми Донишгоҳи миллӣ. 2011, № 4.
  2. Ниёзов Ё. Нигариши ирфонии Ибни Син..//Паёми Донишгоҳи миллӣ. 2011, № 6.
  3. Раҳимов С.Х. Андешаҳои зебошиносии зардуштия/ Таърихи фалсафаи тоҷик. – Душанбе: Дониш, 2011, 582 с. - С. 395 – 428; 532 – 534 (1,7 ҷ.ч.)
  4. Раҳимов С.Х. Рӯди ман олам дигар шуд, ту ҳамон ҳасти, ҳамон (ба забони русӣ)./ Мирзо Турсунзада ва масоили назарии фарҳанги навини тоҷикон. – Душанбе, 2011, 438 с. – С. 403 – 426. (1,6 ҷ.ч.)
  5. Раҳимов С.Х. Оиди таҳлили муқоисавии тафаккури асотирӣ ва устураи муосир (русӣ) /Традиции и процессы демократизации в Таджикистане. Том 2. Душанбе, 2011, - 220 с. – С. 30 – 39, (0,5 ҷ.ч.)
  6. Раҳимов С.Х. Суннатҳои гзашта ва замони кунунӣ: диди фарҳангшиносӣ (русӣ) /Традиции и процессы демократизации в Таджикистане. Том 2. Душанбе, 2011, - 220 с. – С.135 – 139. (0,6 ҷ.ч.)
  7. Раҳимов С.Х. Драматургия/Мастер-класс: Синамои мустанад дар маркази таваҷҷӯҳ. - Душанбе, 2011, - 184 с. – С. 97 – 146. (4 ҷ.ч.)
  8. Раҳимов С.Х. Мақолот: «Александров Г. С.» (бо ҳаммуалиф) (С. 292 – 293), «Андреев Б. Ф.» (С. 453 – 454), «Артемйев Э. Н.» (С. 564)/ Энциклопедияи миллии тоҷик, ҷ. 1. (А - Асос). – Душанбе, 2011, 608 с. (1 ҷ.ч.)
  9. Раҳимов С.Х. Маҷиди Асадӣ. Маъно ва мафҳуми фарҳанг дар забони форсӣ.//Ахбори АИ ҶТ. Силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ. – Душанбе, 2011, № 2 (0,5 ҷ.ч.) 
  10. Раҳимов С.Х. Истиқлол ва саҳми мо/”Садои Шарқ”, 2011, № 9, - С. 20 – 28. (1 ҷ.ч.)
  11. Раҳимов С.Х. Рӯди ман олам дигар шуд.../ “Садои Шарқ”, 2011, № 10, - С. 21 – 34. (1, 3 ҷ.ч.)

Соли 2012

  1. Бобоёров Ҳ. “Local Networks of Indigenous Knowledge Systems in Tajikistan” (“ШабакаҳоимаҳаллиисистемаҳоидонишибумӣдарТоҷикистон”) // “The Journal of Post-Soviet Democratization” (Vol. 20, No. 4, Autumn 2012) (маҷаллаиилмииДонишгоҳиҶорҷВашингтон).
  2. Раҳимов С. Навруз – мировоззрение оптимизма и созидания/Навруз как явление мировой культуры. – Душанбе, 2012, 335 с. – 311 - 315 (0,5 ҷ.ч.)
  3. Раҳимов С. Фалсафа ва шеър./ Вазъи илм дар Тоҷикистон. Маводи конференсия. Душанбе, 2012 (0,8 ҷ.ч.)
  4. Туйчизода Н. Роль телевидения в деле воспитании детей. /Дети и окружающий мир: здоровье, образование и экология. - издание Академии педагогических наук Алтайского края Российской Федерации. – 2012. С. 

Соли 2013

  1. Бобоёров Ҳ. Бӯҳрон ва устувории робитаҳои анъанавӣ дар Тоҷи­кистон. Истифодаи консепсияи “бехатарии онтологӣ””. // “Cros­sroads Asia”, - Донишгоҳи Бонн, № 13, августи соли 2013 – 33 с.
  2. Бобоёров Ҳ. Кристоф ван Аше, Анна-Катарина Ҳорниҷ ва Анастасия Шталтовна. Фарҳангҳои эпистемикӣ, фарҳангҳои дониш ва рушди иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, ӯзбекистон ва Гурҷистон. //Дар маҷаллаи Донишгоҳи Бонн “ZEF Working Papers”, № 118 (2013) – 54 саҳифа.
  3. Маҳмадова М. Фалсафаи Ҳофизи Шерозӣ./ История таджикской  философии. Т.3, Душанбе: Дониш, 2013. 934 с., – С. 854 – 884.
  4. Ниёзов Ё.Б. Ризо Ҳайдари Нурӣ. Ибни Сино ва ирфон. Паёми донинишгоҳи миллии Тоҷикистон 3/8 (101). Қисми 1. -Душанбе : Сино 2013.  – С. 147 - 153.
  5. Ниёзов Ё.Б. Назарияи судури Ибни Сино. Ваҳдатнома. - Душанбе - 2013. – С. 163-172.
  6. Ниёзов Ё.Б. Назарияи файз дар ҳастишиносии фалсафаи Суҳравардӣ. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ. Соли 2012, № 4. С.6-11.
  7. Содиқова Н.Н. Физика и мистика в контексте различных форм описания реальности во взглядах Бедиля. / Материалы серии открытых лекций Проекта Ага-хана «Человековедение» - УЦА.- Душанбе: Ирфон,2013. – С.63-84.
  8. Содиқова Н.Н. Таҳаввули ақоиди фалсафӣ-ирфонии Бедил. // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ. Соли 2012, № 3. С.6-13.
  9. Содиқова Н.Н. Бедил. /Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон.Ҷ.2. – Душанбе, 2013 (1 ҷ.ч.)
  10. Содиқова Н.Н. Мақола ба забони англисӣ дар маҷаллаи ISI. (Women in Tajikistan. Education and research.) – 1 ҷ.ч.
  11. Содиқова Н.Н. Мусульманские практики женщин и их взаимосвязь с культурными традициями таджиков. / Философия и современность.Т.2. Материалы научной конференции "Философия и современность" от 4 декабря 2012. - Душанбе, 2013. С.61-69
  12. Содиқова Н.Н. Мақоми арзишҳои миллӣ-маънавӣ дар пешгирии радикализм дар байни ҷавонон./ Маҷмӯаи мақолаҳо «Анъана ва тамо¬юлҳои демократи дар Точикистон» ,Ҷ.3. - Душанбе, 2013. – С.202-210.
  13. Раҳимов С. Сухане аз масоили мубрами фалсафаи фарҳанг ва эстетика дар Тоҷикистон. //Философия и современность. Материалы научной конференции. Т. 2., - Душанбе: Паёми ошно, 2013. – 170 с., С. 20 – 31. ISBN 978-99947-992-4-4
  14. Раҳимов С. Мо ҳанӯз ба ақиб менигарем./Традиция и преемственность в таджикской культуре. Сборник статей. – Душанбе, 2013. – 608 с., - С. 268 – 278. ISBN 978-99947-49-60-7
  15. Rahimov S. Tajik cinema at the end of Soviet era./Cinema in Ctntral Asia. I.B. TAURIS/ - LONDON. NEWYORK, 2013, 297 p. – pp. 115 -  126. ISBN 978 -1- 84511- 901-0
  16. Рахимов С. В Душанбе./«Кинодом Махмальбаф» / автор-составитель Гульнара Абикеева. – Москва: Новое литературное обозрение, 2013. – 368с.: ил., С.266 – 275.ISBN 978 – 5 4448 – 0092 – 8
  17. Rahimov S. Unknown Cinema of Tajikistan in Period of Transition: Caos Begins in Midist of Storm (1988 - 1995) /“The Unknown New Wave of Central Asian Cinema. – South Korea: Busan International Film Festival, 2013, 209 p., - PP. 72 -  117, 204, 207.  ISBN 978-89-97307-16-6-03680.
  18. Рахимов С. Новое время дает право выбора // «Памир», №4, 2013, С. 140 – 158 (1,0 ҷ.ч., (қисми аввали мақола);
  19. Тӯйчизода Н. Нақши телевизион дар бахши тарбияи кӯдакон// «Современное культуроведение», – Баку, 2013, № 1, – С. 83 – 85. маҷаллаи Маркази илмӣ-методии фарҳангшиносии Вазорати фарҳанг ва туризми Озарбойҷон.
  20. Тӯйчизода Н. Инъикоси ормонҳои иҷтимоӣ дар телевизиони тоҷик. /Медиареальность информационного общества. С. - Петербург, 2013. – С. 23 - 26.

Соли 2014

  1. Зиёева З.И. Абдураҳмон Ҷомӣ мутафаккири инсонпарвар/ Маводи конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 600 солагии Абдураҳмони Ҷомӣ «Мероси Абдураҳмони Ҷомӣ дар илм ва фарҳанги Ҷаҳонӣ» (4 – 5 октябри соли 2014, бахши фалсафа). – Душанбе: Дониш, 191 с. – С. 175 – 184.
  2. Рахимов С. Новое время дает право выбора (анҷоми мақола) // «Памир», №1, 2014. С. 193 – 203,  (1,0 ҷ.ч.)
  3. Раҳимов С. Есть ли философия у таджиков?/ Фалсафаи муосири тоҷик ва дурнамои он. – Душанбе: Дониш, 2014. - С. 30 – 36.
  4. Содиқова Н.Н.  «Особенности формирования единой евразийской идентичности на основе общих ценностей культурного многооб­разия» в сборнике тезисов "Чтения памяти В.Ф.Минор­ского (1877-1966). Источниковедение и историография стран Ближнего и Среднего Востока. Международная научная конференция (Санкт-Петербург, 8-9 октября 2013 г.) Тезисы и статьи". Спб.: Издательство "ЛЕМА", 2013. - 179 с., объем 10,5 п.л.
  5. Содиқова Н.Н. Этическая концепция Мирзо Абдулкодира Бедиля.// Дар кит. “Робитаҳои адабӣ ва фарҳанги Шарқ” . -Душанбе, 2014.- 615 с. С. 277-288.
  6. Содиқова Н.Н. Зайнаб Сагванд. Маориф ва илми занони Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо. ISSN 2301-2005 Issue 93 November, 2013, Pp.5-9 Http:www.evrojornals.com/ajst.htm
  7. Содиқова Н.Н. Социально-этические воззрения Махтумкули Фраги.// Махтумкули Фраги и общечеловеческие культурные ценности. Материалы Международной научной конференции, 14 – 16 мая 2014 года.Академия наук Туркменистана.2014 г.- С.60
  8. Содиқова Н.Н.  Этические воззрения Абдуррахмана Джами и Абдулкодира Бедиля. // Абдураҳмони Ҷомӣ ва падидаҳои фарҳанги замони ӯ. - Душанбе, 2014. С. 380-398.
  9. Содиқова Н.Н.  Дар ҷустуҷӯи маъонии нав // Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ. - Душанбе, 2014. С.28- 39.
  10. Содиқова Н.Н.  Фетхуллаҳ Гюлен ва мақоми инсон дар замони муосир. // Ҳикмати таҳаммул. - Душанбе, 2014. С.235-247.
  11. Содиқова Н.Н. Роль религиозных ценностей в воспитании молодежи. // Сборник материалов конференции «Идеалы и ценности ислама в образовательном пространстве 21 в.». - Уфа, 2014. 1 п.л.
  12. Содиқова Н.Н. Особенности формирования единой евразийской идентичности на основе ценностей культурного многообразия // Россия и государства ЦА: политические, экономические и гуманитарные аспекты евразийской интеграции. Мат. Международной научной конференции. - Душанбе 2014. С.170-176.
  13. Содиқова Н.Н. О национальной и евразийской идентичности таджиков и угрозе исламизации - http://eurazvitiye.org/publication/20140725

Соли 2015

  1. Боҳирова П. Риторика – ҳамчун намуди ақлгароӣ дар фарҳанги аҳди ислом/ Нақши ҷавонон дар рушди илми ватанӣ. – Душанбе: Дониш, 2015. 416 с. – С.211 – 216.
  2. Зиёева Зебо. Формирование личности в философии Мухаммада Икбала / Нақши ҷавонон дар рушди илми ватанӣ. – Душанбе: Дониш, 2015. 416 с. – С.315 – 322.
  3. Каримова Р.Н. Культура Таджикистана в годы Великой Отечественной войны / Таджикистан в Великой Отечественной войне 1941 – 1945 гг. – Душанбе, 2015. – С.108 – 119.
  4. Музаффарӣ М. Классическая антропология (опыт построения системных теорий) / Вестник Института последипломного образования в сфере здравоохранения 2015, № 2, - С. 71-73.  
  5. Раҳимов С. Роҷеъ ба театр ва «театришуда». // Ахбори Институти фал­сафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, 2015, № 2. 120 с. – С. 11 – 17.
  6. Раҳимов С. (бо ҳаммуаллифии Ҳақдодов С.) Зиёдулло Шаҳидӣ мубаллиғи фарҳанги нави мусиқии тоҷик. / Зиёдулло Шаҳидӣ ва суннатҳои бадеии мусиқии тоҷик. – Душанбе: Дониш, 2015, 410 с. – С. 207 – 224. (1,01 ҷ.ч.) ISBN 978-99975-44-25-4
  7. Раҳимов С. Нури ситораи Хомӯш. / Зиёдулло Шаҳидӣ ва суннатҳои бадеии мусиқии тоҷик. – Душанбе: Дониш, 2015, 410 с. – С. 258 – 276.  (1, 02 ҷ.ч.) ISBN 978-99975-44-25-4.
  8. Рахимов С. Абсурд – не изобретение интеллектуалов. / Рахимкахмини Мохаммадхасан Нуруллах. Эстетика феномена Абсурда в философии, искусства на примере драмы. – Душанбе, 2015. 127 с. – С.  6 – 7.
  9. Рахимов С. (в соавторстве с Турсунзаде Ф.М.) “Театральность” как форма проявления традиционных обрядов и ритуалов этнокультуры (по материалам Гиссарской экспедиции). / Культура Гиссарской долины в контексте региональных цивилизаций. Сборник статей. – Душанбе: Дониш, 2015, 902 с. – С. 686 – 769. (5, 18 ҷ.ч.)  ISBN 978-99975-44-38-4.
  10. Рахимов С. Международный кинофестиваль «Дидор»: вызов современному состоянию таджикского кино. / Междисцип­линар­ный дискурс в контексте взаимоотношения гуманитарных и естественнонаучных исследований: Материалы серии открытых лекций Проекта Ага Хана «Человековедение» Университета Центральной Азии. – Душанбе, 2015, 260 с. – С. 8 – 22. (0,8 ҷ.ч.) ISBN 978-99975-855 – 0 - 9; www.ucentralasia.org
  11. Рахимов С. Молодое кино Таджикистана: в общем и в частности. // Памир, 2015, № 1, С. 224 – 251. (1, 8 ҷ.ч.)
  12. Шарифов М. «Проблема личности и ее отражение в журналистике: культурологический взгляд (на примере публицистки Атахана Латифи)» / Ахбори АИ ҶТ. Шӯъбаиилмҳоиҷамъиятшиносӣ. -Душанбе: Дониш, 2015, №

Нақшаи дурнамои фаъолияти Шӯъба дар панҷсолаи наздик:

1.      Комил сохтани мавзӯҳои муҳимму мубрами пажӯҳиш.

2.      Муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ ва доктории кормандони Шӯъба ва Институт ва унвонҷӯёни беруна. 

3.      Таҳия ва ба чоп омода сохтани барнома ва маводи дарсӣ аз фаннҳои “Фалсафаи фарҳанг”, “Фарҳанги этникӣ”, “Зебоишиносӣ”, “Этика”.

4.      Ба чоп омода кардани монографияи «Философско-эстетические взгляды Рудаки и современность».

5.      Ба чоп омода кардани монографияи дастиҷамъии «Масоили ақлгароӣ дар таърихи фарҳанги тоҷик».

6.      Дар ҳамкорӣ бо Шӯъбаи таърихи фарҳанг ва ҳунари Институти таърих ва мардумшиносии АИ ҶТ гузаронидани конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба фарҳанги дирӯз, имрӯз ва фардои Тоҷикистон.

7.      Тарғиби дастовардҳои илмии Шӯъба тавассути ахбори умум ва чопи даврӣ.

Ходимони илмии Шӯъба бо ифтихорномаи Академияи илмҳои ҶТ, ҷоизаву сертификатҳои ташкилотҳои байналмилалӣ қадр карда шудаанд.

Ходимони Шӯъба дар гузаронидан ва гузориш додан дар конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва умумиакадемӣ фаъолона иштирок мекунанд.