Лого
 
Шаблоны Joomla 3 тут

Шӯъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи А.Баҳоввадинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро бо ташкили шӯъбаи фалсафа ва сектори материализми таърихӣ, ки соли 1957 таъсис дода шуда буд, оғоз менамояд. Вобаста ба тамоюли мавзӯи материализми таърихӣ доираи омӯзиши масоили илмии секторро масъалаҳои марбут ба дарки хусусияти хоси инкишофи роҳи ғайрисармоядории ҷомеаи тоҷик, ташаккул ва татбиқи муносибатҳои нави ҷамъиятию сотсиалистӣ, таносуби ҳастии ҷамъиятӣ ва шуури ҷамъиятӣ, қонунҳои инкишофи таърихӣ ва фаъолияти бошууронаи инсон, заминаи коҳиш додани фарқияти меҳнати ҷисмонию фикрӣ, вижагии шуури таърихӣ, ташаккули синфи коргари тоҷик ва ғайра ташкил медоданд. Вобаста ба таҳқиқи масоили зикргашта дар давоми якчанд сол олимони хушсаликаи сектор чандин асарҳои пурарзиши илмиро ба табъ расониданд, ки алҳол низ аз ҷониби муҳаққиқони ҷомеашинос ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Дар ин радиф метавон аз асарҳои олимони маъруфи соҳа профессорон Шарипов И.Ш., Комилов М.К., Самиев А.Х. ва дигарон ёдовар шуд.

Тазаккур бояд дод, ки аз соли 1990 сектори мазкур акнун номи фалсафаи иҷтимоиро гирифт. Вобаста ба таҳаввулоти дар ҷомеаи тоҷик ба амаломада ҳамакнун мавзӯоти мавриди пажӯҳиши шӯъба низ дигаргун гашт ва он алоқамандии бештар ба таҳқиқи масоили назарияи ташаккули миллат ва ҷузъҳои таркибии онро пайдо намуд. Дар доираи ин мавзӯъ кушиши бо усулҳои бунёди давлати миллӣ мувофиқ сохтани таркиби худшиносии миллии тоҷикон ва соири хурдқавмҳои дар Тоҷикистон сукунатдошта амалӣ гардонида шуд. Вобаста ба ин шӯъба тули ин солҳо чандин нишасту конфронсҳои тахассусиро доир намуда, барои ҷалби бештари муҳаққиқон ба зарурияти таҳкими амалияи давлатсозии миллӣ замина гузошт.

Мавзӯи дигари ҷолиб, ки аз соли 1998 то соли 2000 –ум аз ҷониби шӯъба мавриди таҳқиқ қарор гирифта буд, ин «Анъанот ва муосирият дар заминаи инкишофи равандхои ҳамгироиҳои миллати точик» мебошад. Натиҷаҳои пажӯҳиши ин масъала собит намуданд, ки барои шуури ҷомеаи тоҷик тамоюл ба тағйирот бегона набуда, мубрамсозии муҳтавои он имконият медиҳад, ки дар ҷараёни имрузикунонии худ ҷомеа ҳамеша назари худро ба иқтибоси намунаҳои беруна машғул насозад ва ботинан намунаҳои худӣ дурнамои чунин равандро муваффақомез ташаккул диҳад. Идомаи таҳқиқи амалии ин мавзӯъро аз соли 2001 шӯъба дар заминаи масъалаҳои марбут ба ҳуввияти афрод, гурӯҳҳу умумиятҳои иҷтимоӣ, таносуби анъаноҳо ва тағйиротҳои иҷтимоӣ, мундариҷаи ғояи миллии тоҷикон, равандҳои демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ба роҳ андохт, ки мубрамияти омӯзиши онҳо барои ташаккули Тоҷикистони соҳибистиқлол бебаҳс аст. 

Аз соли 2006 то 2010 шӯъба ба тадқиқи мавзӯи «Тағйиротҳои иҷтимоӣ ва ташаккули низоми нави ниҳодӣ дар ҶТ» машғул буд.  Аз оғози соли  2011 то соли 2015 шӯъба дар мавзӯи «Тағйиротҳои иҷтимоӣ дарҶТ ва ташаккулёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ» тадқиқот бурда истодааст.

Ҳадафи асосии фаъолияти тадқиқотии шӯъбаи фалсафаи иҷтимоӣ–омӯзиш, таҳлил, шарҳу тафсир ва фаҳмиши равандҳои ҷории тағйиротҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии дар мамлакат бавуқуъомада, ошкор сохтани тамоюлҳои рушди онҳо, оқибатҳои иҷтимоии онҳо ва дурнамои такмили онҳоро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи тадқиқоти пешниҳодшудаи шӯъба барои солҳои 2016-2020 дар мавзӯи «Вазъ ва дурнамои сохторёбии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон» мебошад.