Лого
 
Все для Joomla . Бесплатные шаблоны и расширения.

Шуъбаи фалсафаи илм ва мантиқ дар соли 2013 бо ташаббуси роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис ёфтааст. Кормандони шуъбат навтаъсис аз рӯзи аввали бунёдаш бо таҳти роҳбарии мудири шуъба доктори илмҳои фалсафа профессор Сайфуллаев Нигматулло Мирзоевич таҳқиқу баррасии афкори мантиқии мутафаккирони тоҷику форсро оғоз намуда то ҳол кору фаъолият бурда истодаанд.

Мавзӯи шуъба «Таҳқиқи ҷанбаҳои асосии таърихи афкори мантиқии халқи тоҷик (аз замонҳои қадим то имрӯз)» ҳамчун яке аз мазуоти самтҳои афзалиятноки илмҳои фалсафӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст. Мантиқ, методология ва фалсафаи илм дар таърихи фарҳанг ва илми мардуми тоҷику форс мавқеи ба худ хосеро ишғол намудааст. Аз асрҳои (IV – V)-и мелодӣ (Академияи Гундишопур) сар карда, дар тамоми марҳилаҳои таърих мантиқ ҳамчун яке аз фанҳои асосӣ дар таълиму тадрис нуфузи бенияҳоят баланд дошт. Аз ҳамин лиҳоз таълифоти мантиқию методологии мутафаккирони намоёни тоҷику форс аз қабили – Абубакр ар-Розӣ, Абунаср Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абуҳомид Ғаззолӣ, Мирсаид Ҷузҷонӣ, Котибии Қазвинӣ, Афзалуддини Кошонӣ, Асируддини Абҳарӣ, Фахриддини Розӣ, Насируддини Тусӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Шамсиддини Муҳаммад Самарқандӣ, Шамсиддин Шаҳрзурӣ, Рукниддин Астарободӣ, Қутбуддини Тахтонӣ, Саъдуддини Тафтазонӣ, Муҳаммад Амин Ширвонӣ, Алӣ ибн Муҳаммад Ҷурҷонӣ, Мусо Ҳодизода, Алӣ Аҷамӣ, Садриддини Шерозӣ, Мулло Муҳаммад Табрезӣ, Ҳусайн Майободӣ, Ғиёсиддин Шерозӣ, Абуҳасан Гелонӣ, Ҳисомиддин Иброҳим Исфараёнӣ, Камолиддин Муҳаммад Бухорӣ, Муҳаммад Исфаҳонӣ, Муҳаммад Андиҷонӣ, Мирдомод, Алии Кушчӣ, Ҳодӣ Сабзаворӣ ва даҳҳо дигарон бо таври муназзам мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор нагирифтаанд.

Шӯъба мақсад дорад, ки афкори мантиқию методологии мутафаккирони дар боло зикршударо таҳқиқ кунад. Зеро ҳозираю ояндаи миллати хешро бе донистани фарҳанги мантиқии ниёгонамон тасаввур кардан ниҳоят душвор аст.

Ҳадафи ниҳоии ходимони шуъба ба омма дастрас намудани афкори мантиқии мутафаккирони форсу тоҷик мебошад, ки он барои баланд бардоштани тафаккури мантиқии мардуми тоҷик, хусусан ҷавонон аҳамияти калон дорад.  Ҳамин тариқ, тарҷума, таҳлил ва баррасии афкори мутафаккирони форсу тоҷик бояд мавзӯи асосии шуъбаи мантиқ ва фалсафаи илм бошад.