Лого
 
Шаблоны для Joomla 3 здесь

Ашуров Ғаффор Ашурович – узви вобастаи Академияи илмҳоиҶумҳурии Тоҷикистон, номзади илмхои фалсафа , сарходими илмӣ - 5 марти соли 1930 дар ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1945 баъди хатми мактаби ҳафтсолаи ноҳия ба техникуми китобшиносии ш. Сталинобод дохил шуда, соли 1948 онро  бо дипломи аъло хатм намуда, ҳамон сол ба Институти китобшиносии Маскав (ҳоло  Донишгоҳи давлатии фарҳангу  ҳунари Маскав) дохил шудааст. Баъди хатми Донишгоҳи мазкур, вай муддате дар китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳайси муҳаррир – мутахассиси калон кор кардааст.

 

Аз соли 1955 то алҳол тамоми фаъолияти Ғаффор Ашуров бо шӯъбаи фалсафаи АИ РСС ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ алоқаманд аст.

Соли 1955 ва ба аспирантураи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон  дохил шуда, баъди хатми аспирантура солҳои 1958 – 1960 ходими хурди илмӣ ва аз соли 1960 то соли 1969 мудири бахши  таърихи фалсафа будааст. Аз соли  1969 то соли 1988 Ғаффор Ашӯров вазифаи мудири Шӯъбаи фалсафаро ба ӯҳда  дошт. Дар ин  муддат вай дар  таҳқиқ,  тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси  фалсафӣ хидматҳои  хеле бузург анҷом доданд.

Соли 1964 дар мавзӯи «Ақидаҳои фалсафаиНосири Хусрав» риштаи фалсафаи рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Соли  1976 узви – вобастаи АИ РСС Тоҷикистон  интихоб шудааст. Вай  иштирокчии фаъоли конгресси байналхалқии гегелшиносӣ дар  Ҷумҳурии демократии Олмон (1970), конгресси ЮНЕСКО, «Ислом, илм, фалсафа» (1981) мебошад. Дар конгресси охирӣ  бо  маърузаи «Сохт ва  мазомини  фалсафаи  асримиёнагии Эрону Араб» баромад кардааст.

Солҳои 1987 – 1989 ва 1999 – 2001 Академик - котиби Шӯъбаи илмҳоиҷамъиятии АИ интихоб шудааст. Аз соли 1972 то 1988 раиси Шӯъбаи  Тоҷикистонии Ҷамъияти фалсафаи ИҶ ШС буд. Аз соли  1988 то имрӯз Сарходими илмии Шӯъбаи таърихи фалсафаи  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ мебошад.

Ғ.Ашӯров бо медали «Барои меҳнати шуҷоатмандона» ва  ифтихорномаҳои раёсати Шурои Олии ҶСШ Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Ба қалами Ғаффор Ашуров бештар аз 150 мақола ва ду монография: «Философские взгляды Носира Хисрава», Душанбе, «Дониш», 1964 ва «Фалсафаи давраи сомониён». Душанбе,  2006 таалуқ доранд.

Мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣ таърих фа назарияи фалсафа, ахлоқ ва афкори иҷтимоӣ-сиёсӣ