Лого
 

Саидҷаъфарова Парвина Шовалиевна – номзади илмҳои фалсафа, ходими калони илмӣ- 22 апрели соли 1971 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1988 мактаби миёнаро хатм намуда, ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Кулоб дохил шуда, соли 1993 онро хатм намудааст.

 

Соли 1997 ба Аспирантураи Институти фалсафа ва ҳуқуқи  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2001 онро хатм намуд. Баъдан ба унвони ходими илмии Шӯъбаи таърихи фалсафаи Институти мазкур ба кор шурӯъ намуд.

Соли 2012 дар мавзӯи «Таълимоти фалсафӣ ва ирфонии Азизи Насафӣ» рисолаи номзадиашро дифоъ намуд. Зиёда аз 20 мақолаи илмӣ дар мавзӯҳои гуногуни таърихи фалсафа ба чоп расонидааст.

Мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣ таърих фа назарияи фалсафа, ахлоқ ва афкори иҷтимоӣ-сиёсӣ.