Лого
 
Интернет-магазин nachodki.ru

Муродова Тоҷинисо  - номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмӣ - 1 июни соли 1949 дар қишлоқи Сафедсанглохи ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Соли 1966 мактаб-интернати № 22-уми ноҳияро хатм намуда, ҳамон сол ба факультети филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (хозира ДМТ) дохил шуда, соли 1971 онро хатм намудааст. Ҳамон сол ба Шӯъбаи фалсафаи АИ ҶТ ба кор омада, дар ибтидо ба вазифаҳои лаборанти хурд, лаборанти ккалон ва ходими хурди илмии бахши таърихи фалсафа кор кардааст.

 

Соли 1985 дар шаҳри Алма-Ато дар донишгоҳи КАЗГУ рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн»-и Носири Хисрав ҳамчун рисолаи фалсафӣ дифо намудааст. Баъдан дар вазифаҳои ходими илмӣ, ходими калони илмӣ ва ходими пешбари илмӣ кор кардааст.

Соли 1994 китоби «Фалсафаи Носири Хисрав» (дар асоси «Ҷомеъ-ул-ҳикаматайн») чоп шуд. Корҳои илмиро дар мавзӯҳои «Таълимоти фалсафӣ-илмӣ Носири Хисрав, Абӯяъқуби Сиҷистонӣ, дар бораи таълимоти ахлоқӣ-фалсафии Шамсиддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ, Файзи Кошонӣ дар бораи таълимоти ахлоқӣ-иҷтимоии Аҳлии Шерозӣ, Имодуддини Фақеҳи Кирмонӣ, Сайидои Насафӣ корҳои илмӣ-тадқиқотиро анҷом додаст. Дар мавзӯи номбурда зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои Ахбори АИ ҶТ, ҷилдҳои «Таърихи фалсафаи тоҷик» ва дигар маҷмӯаҳои илмии Шӯъбаи таърихи фалсафа ва маҷмӯаҳои илмӣ-республикавиро чоп кардааст.

Муродова Тоҷинисо нашри интиқодии «Зод-ул-мусофирин»-и Носири Хисравро бо муқаддимаву тавзеҳоташ (бо ҳамкории Алимардонов А. ва Шохуморов С.) ба чоп расонидааст. Дар таҳия ва нашри ҷилдҳои «Таърихи фалсафаи тоҷик» саҳм гузор аст.

Мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣ таърих ва назарияи фалсафа, ахлоқ ва афкори иҷтимоӣ-сиёсӣ