Лого
 
Шаблоны Joomla 3 тут

Шарипов Абдуғаффор – ходими калони илмӣ- зодаи деҳаи Ҷорфи ноҳияи Қулъаи Хум (ҳоло ноҳияи Дарвоз)  соли 1962 мактаби миёнаи маркази ноҳияро хатм кардааст. Хатмкардаи факултаи таърихи УДТ ба номи  В. И. Ленин.

Баъди хатми Донишгоҳ соли 1967 ба кумитаи марказии комсомолии Тоҷикистон қабул шуд. Аз моҳи марти соли  1967 то 1970 муаллими кафедраи  навтаъсиси «Таърихи дину илҳод»-и  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Солҳои  1974  - 1980 муҳаррири калони илмӣ ва баъди  чанде мудири Редаксияи фалсафа ва ҳуқуқ Энсиклопедияи советии тоҷик (ЭСТ) таъин мегардад.

 

А. Шарифов на танҳо дар таҳия, тарҷума ва таҳрири мақолоти энсиклопедия саҳми зиёд дорад. Ӯ муаллифи беш аз 40 мақолаи  ҷилдҳои мухталифи  ЭСТ аз қабили  «Гегел» (Ғ. Ашуров), «мактабҳои фалсафӣ», «Зардуштия», «Аҳмадия», «Маздакия», «Қутбуддини Шерозӣ» ва ғайра мебошад. Ҳангоми кор дар ЭСТ китобҳои О. Кременсова «Одоби муошират» ва В. Брутян «Фалсафаи Давиди Ғолиб» - ро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Аз соли 1980 ходими калони илмии Институти фалсафаи АИ Тоҷикистон. А. Шарифов муаллифи беш аз 60 мақолаи илмӣ ва илмӣ  - оммавӣ аз қабили «Муборизаи идеявии аз замони Борбад», «Ҳикмати ақлонии кашфи Баруҷардӣ», «Назаре ба фалсафаи аҳди Сосонӣ», «Муносибати Абубакри  Розӣ ба дин» ва ғайра ба занҳои русӣ ва тоҷикӣ. А. Шарифов ҳам муаллифи ҷилди авали тадқиқоти бисёрҷилдаи «Таърихи фалсафаи тоҷик» (ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ) (Д. 2010 ва 2011) мебошад.

Муҳаррири «Асарҳои мунтахаб» - и Ибни Сино (ҷ. 2. 1980, ҷ. 4 1984), Осори фалсафии Носири Хусрав (Д. 2003), «Осори Хоҷа Аҳрор ва пайравонаш» (Д. 2004),  тарҷумаи русии «Зодул – мусофирин» (тарҷумаи М. Диноршоев, Д. 2006), ҷилдҳои  гуногуни «Осор» - и Ибни Сино шонздаҳҷилд ба забони тоҷикӣ ва русӣ мебошад. А. Шарифов котиби масъули ҳайати таҳририяи нашр. «Осор»-и шонздаҳҷилдаи Ибни Сино ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ   буда, дар ин кори хайру муҳим саҳми зиёд дорад. Бо ифтихорномаи Президиуми Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣ таърих ва назарияи фалсафӣ-ахлоқӣ, афкори иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик