Лого
 
Статьи и обзоры nachodki.ru

Маҳмадова Меҳрӣ Файзалиевна – доктори илмҳои фалсафа, ходими калони илмӣ -15.о5.1960 дар деҳаи Зулмободи  ноҳияи Ёвон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1977 ба факултети филологияи Иститути омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1981 хатм менамояд. Аз 1981-1983 дар мактаби  № 15-и  ноҳияи Ёвон ба ҳайси муаллими забон ва адабиёт кор кардааст. Соли 1983 ба аспирантураи Донишгохи Давлатии Омӯзгорӣ дохил мешавад ва соли 1991 онро хатм менамояд. Аз соли 1991 то 1993 дар мактаби № 15-и ноҳияи Ёвон муаллимаи забон ва адабиёт шуда кор мекунад.

 

Аз соли 1993 то 1996 дар Институти Иқтисоди Ҷаҳонӣ ва муносибатҳои Байналхалқӣ муҳаррири журнали «Иқтисодиёт» мешавад. Аз соли 1996 инҷониб дар кафедраи таърихи фалсафаи Донишгоҳи Милли аввал ба вазифаи ассисент ва аз соли 2000 ба вазифаи дотсент кор ва фаъолият мекунад. Соли 1999 рисолаи номзадиашро доир ба ихтисоси таърихи фалсафа дар мавзӯи «Фалсафаи ишқи Ҳофиз» ҳимоя менамояд. Аз соли 2003 то соли 2007 декани факултети фалсафаи Донишгоҳи  Миллӣ будааст. Аз соли 2009 то ба имрӯз дар  кафедраи фалсафаи Донишгоҳи Миллӣ ба ҳайси дотсент кор мекунад. Аз соли 2003 то алҳол дар Шӯъбаи таърихи фалсафа ба ҳайси ходими калони илмӣҳамкорӣ дорад.

Мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣ Таърихи афкори фалсафӣ-ахлоқии халқи тоҷик