Лого
 
Интернет-магазин nachodki.ru

Додихудоев  Хаёлбек - доктори илмҳои фалсафа, профессор, аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарходими илмии Шӯъбаи таърихи фалсафа  – 9 маи соли 1939 дар ноҳияи Шуғнони ВМБК таваллуд шудааст. Соли 1960 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими забони тоҷикӣ ва таърих хатм намудааст.

 

Солҳои  1960 - 1962- муаллими забон ва таърихи мактаби миёнаи «Социализм»-и н.Шуғнон. Солҳои  1962 – 1970- ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии  Шӯъбаи фалсафаи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон.

Солҳои  1970 – 1974 - муаллими калони кафедраи фалсафаи  АИ  РСС Тоҷикистон. Солҳои  1974-1992 -  мудири кафедраи Академияи илмҳои ҶумҳурииТоҷикистон. Солҳои  1992-1995 - директори Институти  фанҳои гуманитарии АИ ҶТ. Солҳои  1995-1998 - ректори Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ. Солҳои  1999-2000 - директори Институти  фанҳои гуманитарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2001-2010 - мудири Шӯъбаи онтология ва гносеологияи Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои ба номи А.Баҳоваддинови Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои  2010 то ҳоло - сарходими илмии Шӯъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Бо Нишони фахрии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардидааст.

Мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣтаърих ва назарияи фалсафӣ-ахлоқӣ, афкори иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик.

Вазъи оилавӣ  - оиладор

Суроға:  шаҳри  Душанбе  кӯчаи  ак. Раҷабовҳо -11 ҳ.22