Лого
 

Содиқова Насиба Нуруллоевна - 3 майи соли 1968 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1985 мактаби миёнаи № 12-и ш.Душанберо  хатм намуда, ба факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1990 хатм намудааст.  Аз соли 1990 то соли 2015 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Дар ин муддат дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, нозири кадрҳо, котиби илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходими илмӣ ва муовини директор оид ба илм кор кардааст. То интихоб ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ба ҳайси муовини директор оид ба илм ва таълими ҳамин Институт кор мекард.

 

Соли 2000 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Фалсафаи антропологии Мирзо Абдулқодири Бедил» ва соли 2007 рисолаи докториро аз рӯи мавзӯи «Фалсафаи Мирзо Абдулқодири Бедил» дифоъ намудааст.

Дар давраи фаъолияти илмиааш 2 монография, зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ навиштааст. Таҳти роҳбарии илмиаш  7 нафар рисолаи илмӣ дифоъ намуданд ва 3 нафар рисолаи худро барои дифоъ омода намуданд. Айни замон аъзои шӯрои дифои Д 047.019.01 аз рӯи ихтисосҳои таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ ва муовини раиси шӯрои дифои Д 047.019.02 аз рӯи ихтисосҳои фалсафаи фарҳанг, фалсафаи антропологӣ ва диншиносӣ, фалсафаи дин - оид ба ихтисосҳои фалсафӣ, аъзои шӯрои олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ мебошад. Аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ», «Маҷаллаи илмҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ» мебошад.

Солҳои дароз дар кафедраи фалсафаи Раёсати академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантон дарс мехонад. Ҳамзамон дар макотиби олии Ҷумҳурӣ барои донишҷӯён дарси фалсафа, фарҳангшинос мехонад.

         Соли 2002 сазовори рутбаи илмии дотсент ва соли 2015 рутбаи илмии профессор гаштааст. Соли 2001 дорандаи ҷоизаи Академияи илмҳои ҶТ барои олимони ҷавон ва соли 2002  ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад. Дар конференсияҳои байналмиллалӣ  дар Тоҷикистон ва берун аз он маърӯза намудааст. Котиби масъули конференсияҳои байналмиллалӣ бахшида ба 960-солагии Умари Хаём, 2700-солагии «Авесто» ва 1025 солагии Ибни Сино таъин шудааст.

         Аъзои Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон мебошад.

Борҳо бо Ифтихорномаҳои Раёсати Академияи илмҳо сазовор гаштааст. Ду маротиба бо соати дастии хотиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣтаърих ва назарияи фалсафӣ-ахлоқӣ, афкори иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик

Вазъи оилавӣ: оиладор соҳиби 3 фарзанд

Суроға: шаҳри Душанбе кӯчаи Маяковский 70\5 хонаи.31