Лого
 
Компоненты, модули, шаблоны и другие Расширения Joomla

Маҳмадҷонова Муҳиба Талатҷоновна - доктори илмҳои фалсафа, мудири Шӯъбаи таърихи фалсафа– 20 апрели соли 1960 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дар соли 1978 ба факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дохил шуда, дар соли 1982 ба шӯъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси лаборант ба кор қабул шуд. Дар ин ҷо аз вазифаи лаборанти калон то сарходими илмӣ ва  аз январи соли 2014 то ҳол ба ҳайси мудири шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, аз 1 сентябри соли 2015 мудири шӯъбаи таърихи фалсафа фаъолият дорад.

 

 Солҳои 1989-1992 аспирантура, солҳои 2000-2004 докторантураи Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм карда соли 1995 унвони номзади илми фалсафа ва соли 2009 унвони доктори илми фалсафаро дарёфт намуд. Аз соли 1990 то ба ҳол фаъолияти педагогиро давом дода дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои фалсафа, мантиқ, фарҳангшиносӣ, ахлоқ, зебоишиносӣ дарс мегуяд. Муаллифи 3 китоби илмӣ, бештар аз 100 мақола, беш аз 5 дастур ва роҳнамоҳои методӣ мебошад.

Монографияҳо:

«Ақидаҳои ахлоқии Ҷалолуддини Руми», Душанбе, Дониш, 2001.

«Фалсафаи Ҷалолуддин Руми», Душанбе, Дониш, 2017.

«Ташаккулёбии ҳувияти сиёсии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи барномаи ҳастаии он». – Душанбе. – 2014. (дар ҳаммуаллифӣ)

Муаллифи беш аз 60 мақолаи илмӣ в илмӣ-оммавӣ, беш аз 6 дастур ва роҳнамоҳои таълимӣ дар соҳаи таърихи фалсафа, таърихи тасаввуф ва таълимотҳои динӣ-фалсафӣ, таърих ва назарияи масоили гендерӣ, масъалаҳои таърихи таълимотҳои фалсафӣ-иҷтимоӣ ва ахлоқӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 1 фарзанд.   

 Мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣ: таърих ва назарияи фалсафӣ-ахлоқӣ, афкори иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик